Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Дар ҳукумати Тоҷикистон кор кардан мехоҳед?


Агар бархе кор дар ҳукуматро афзал мешуморанд, иддае авлотар медонанд, ки ҷузъе аз ин ҳукумат набошанд.

Дар посух ба як назарпурсии "Озодӣ" таҳти унвони "Дар ҳукумати Тоҷикистон кор кардан мехоҳед?", аксари ҷавонон дар сар ҳавои раису вазир шуданро доранд.

Онҳо мехоҳанд, дар бахшҳои тахассусии худ ислоҳу тағйирот ворид кунанд - аз раҳбарии ноҳия сар карда, то вазорати маорифу умури хориҷӣ ва кумитаи кор бо занон.

Албатта, дар ин миён ҷавононе ҳам ҳастанд, ки худро ҷузъе аз ҳукумат дидан намехоҳанд, чун аз ислоҳу тағйир ноумеданд ва бовар доранд, ки вуҷуди онҳо низ дар долонҳои ҳукумат чизеро тағйир нахоҳад дод.

Яке аз пурсидашудагон гуфтааст, ба ин далел дар ҳукумат кор кардан намехоҳад, ки он масъулияти бузургу сангин аст. Чун ба гуфтаи ин мусоҳиби мо, ҳар нафаре, ки дар ҳукумат кор мекунад, бояд дар назди худу дигарон масъул бошад ва ба ҳама корҳои кардааш ҷавоб гӯяд.

Бештари пурсидашудагони солдида ба далели ин, ки синну солашон рафтааст, мегӯянд, дар дил ҳавову ҳаваси мансаб надоранд. Онҳое низ ҳастанд, ки худро аз сиёсат дар канор гирифта ва кор дар ҳукуматро марбути сиёсатмадорону сиёсатбозон медонанд.

Бархеи дигар "ҷуғрофиё"-и худро далел пеш овардаанд. Як назардиҳанда ҳам мегӯяд, маҳалли баромадаш иҷоза намедиҳад, ки дар ҳукумати Тоҷикистон кор бикунад.

Хонандаи азиз, дар оғоз ин навори видеоро бубинед ва сипас назари худро нависед, ки оё Шумо омода ҳастед дар ҳукумат кор кунед. Агар ҳа ва ё не, барои чӣ?


Дар ҳукумат кор кардан мехоҳед?
лутфан мунтазир бошед
Embed

Феълан кор намекунад

0:00 0:02:28 0:00
Линки мустақим
XS
SM
MD
LG