Тоҷирон мегӯянд, агар дар ду-се соли пеш ҷавонон навиштаҷоти "СССР", "Роғун" ё "Тоҷикистон"-ро дар нимтанаҳои худ дидан мехостанд, ҳоло бештар дар ҷустуҷӯи нимтанаҳое ҳастанд, ки исми "Доғистон" ва ё "Чечня" дар онҳо сабт ёфтааст.
Насиб, як тоҷири бозори "Корвон" мегӯяд, онҳо вобаста ба таваҷҷӯҳ ва дархости харидорони ҷавонашон ин навъи либосҳоро дар Чину Қирғизистон фармоиш медиҳанд ва вориди бозор мекунанд. "Нимтана ё ҳатто сарпӯшҳоро бо навиштаҷоти "Доғистон", "Чечня" ва "Башкирия" мехаранд. Аслан ин мӯд аз Русия омадааст. Бисёре аз ҷавонони мо дар Русия муҳоҷиранд ва онҷо ба назарам ин навиштаҷот миёни ҷавонони кишварҳои осиёӣ мӯд шудааст ва онҳо, ки ба Тоҷикистон омаданд, мехоҳанд аз ин либосҳо харидорӣ кунанд",-афзуд ӯ.
Мусоҳибони дигари мо ҳам бар ин андешаанд, ки ин мӯдро муҳоҷирон аз Русия ба Тоҷикистон овардаанд. Зеро ба қавли онҳо дар Русия ҷавонони қафқозӣ бо далериву нотарсии худ шинохта шудаанд ва ҷавонони тоҷик ҳам бо пӯшидани либосҳое бо навиштаҷоти "Чечня" ва "Доғистон" мехоҳанд иртиботи худро бо мардуми пурғурури Қафқоз таъкид кунанд.
Рашид, як ҷавони тоҷик, ки ба тозагӣ аз муҳоҷират омадааст, мегӯяд, бо пайравӣ ба сару либос ва умуман зоҳири ҷавонони қафқозӣ, ҷавонони тоҷик метавонанд дар кӯчаҳои Русия озодтар гаштугузор кунанд: "Агар тоҷике, ки зоҳиран ба ҷавонони қафқозӣ монанд аст, бо чунин либос ба нақлиёт ворид шавад ё дар кӯча гардад, касе ба ӯ кордор намешавад. Вале кам ҳам бошанд дар Русия ҳастанд ҷавонони ҷасуру ватандӯсте, ки либосҳои дорои навиштаҷоти "Тоҷикистон"-ро ба бар мекунанд."
Тарғиби кишварҳои қафқозӣ тариқи либос аз сӯи ҷавонони тоҷик дар дохил ва берун аз кишвар дар ҳолест, ки дар 2-3 соли қабл, вақте дар кишвар мавзӯи сохтмони Роғун матраҳ буд, дар миёни аксар ҷавонони пӯшидани нимтанаву либосҳо бо навиштаҷоти "Тоҷикистон"-у "Роғун" ва бо тасвирҳои нишону парчам мӯд гардид. Ин тамоюлро он замон тарроҳон як навъ баёнгари боло рафтани ҳисси патриотизм ё ватандӯстии насли ҷавон унвон мекарданд.
Аммо ҳоло ба гуфтаи Мунира, як тоҷири фурӯшгоҳи "Садбарг", аксар ҷавонони тоҷик, ки орзуи кору таҳсил дар кишварҳои бузургу пешрафтаи ҷаҳон ба мисли Амрикову Аврупоро мекунанд, ба суроғи либосҳои дорои номи он кишварҳо меоянду мехоҳанд дар дар либосашон чунин навиштаҷот бошад: "Ҳама бачаҳо орзу доранд Амрико раванд. Омада футболкаҳоеро бо номи Лондон, Соса-Соlа ва мисли инро харидорӣ мекунанд. Боз ҳоло, ки нав Путин президент шуд, баъзе аз мардуми муҳоҷир омада либосҳоеро бо расму номи Путин суроғ мекунанд."
Ба ин тартиб, назарҳо роҷеъ ба мӯди нави либос миёни ҷавонон ва ё тарғиби ин ё он кишвар, аз ҷумла ҷумҳуриҳои қафқозӣ дар либоси ҷавонони тоҷик, ба гунаҳои мухталиф арзёбӣ мешавад. Аммо Ёқуби Саид, коршиноси ҷавони тоҷик, мегӯяд, ҷавонони тоҷик метавонанд бидуни тарғиби кишварҳои бегона ва тақлид ба онҳо, яъне бо нерӯи худ таваҷҷӯҳ ва эҳтироми дигаронро ба худ ҷалб кунанду худро аз ҷиҳати мусбат муаррифӣ созанд.
Бисёре аз таҳлилгарон мегӯянд, таваҷҷӯҳи ҷавонон ба навиштаҷоти кишварҳои қафқозӣ дар либос ва умуман тақлид ба ҳаракату рафтори ҷавонони он давлатҳо як воқеияти талхест, ки бештар ба амнияти ҷавонҳои тоҷик дар Русия маншаъ мегирад. Ба гуфтаи онҳо, тақлид ба қафқозиҳо мисли хасест, ки ғарқшаванда аз он мадад меҷӯяд.