Борони шадиди шаби 1-уми апрел дар Қӯрғонтеппа манзили зисти 60 нафарро қисману комилан хароб кардааст.
Асалмоҳ Назриева, сокини зарардидаи кӯчаи "Баҳор" дар Қӯрғонтеппа мегӯяд, чандин сол боз заҳбӯру ҷӯйборҳо тоза карда нашудаанд ва оби борон аз ҷӯйборҳо берун рехтаву манзили одамонро хароб кардааст.
Ӯ афзуд, бо вуҷуди муроҷиатҳои батакрор мақомот барои тоза кардани заҳбӯрҳо иқдом накардаанд: "ин ҷо дар тобистон зиндагӣ карда намешавад, пашшаю хомӯшакҳо бисёр, вазъи санитарӣ нигаронкунанда. Дар фасли баҳор бошад, хобамон намебарад, ки мабодо аз бориши бисёр оби заҳбӯр боло рафта, хонаҳоямонро хароб накунад."
Хонум Назриева мегӯяд, дар хонаи зарардидааш се нафари маъюб зиндагӣ мекунанд, ки бо маоши бознишастагии онҳо имкони азнавсозии манзили зисташ имконнопазир аст. Ония Ризоева, аз зарардидаҳои дигари маҳаллаи "Баҳор" ҳам гуфт: "Хонаамон ҳоло дар ҳоли садамавӣ қарор дорад. Мо дасти кӯтаҳ дорем. Зиндагиамон пур аз мушкил аст, хонаи дуруст бино карда наметавонем. Ҳукумат мегӯяд, ки маблағ шавад, хонаҳоятонро дар ҳамин ҷо бозсозӣ мекунем. Аммо метарсем, ки боз зери сел намонем."
Сафаргул Ватанова, яке аз сокинони кӯчаи "Баҳор", ки се хонааш пурра хароб гардидааст, мегӯяд, танҳо аҳли оила тавонистаанд, ки худро берун кашанд ва молу колояшон зери деворҳо мондааст: "Хонаамон пурра вайрон шудааст, барои зиндагӣ кардан ягон шароит нест. Ҳукумати шаҳр ваъдаи кӯмак карда ва гуфтанд, ки дар сурати пайдо шудани имконияти молиявӣ дар барқарор кардани хонаҳоятон мусоидат мекунем."
Зубайдулло Толибов, раиси ҷамъияти Ҳилоли Аҳмари вилояти Хатлон, гуфт, манозили зисти беш аз 60 сокини маҳаллаи "Баҳор"-и шаҳри Қӯрғонтеппа бар асари бориши шадиди рӯзи гузашта зарар дидаанд.
Ӯ илова кард, "7 хона дар ҳоли садамавӣ қарор дошта, се манзили зист комилан хароб ва ғайри қобили зист шудаанд. Мо ба ҳар яке аз хонаводаҳои зарардида кӯмакҳои ғизоӣ ва ашёи рӯзгор тақдим кардем. Барояшон ҷойхоб, матрас, болиштҳо, дегу табақ, маводҳои гигиенӣ ва хаймаҳо додем, ки то замони ҳаллу фасл шудани масъалаи манзили зисташон рӯз баранд."
Шарифхон Самиев, шаҳрдори Қӯрғонтеппа зимни вохӯрӣ бо сокинони зиёндида ваъда супурдааст, ки мақомоти ҳукумат дар бозсозии хонаҳо кӯмак хоҳад расонид. Ҳоло аз ҷониби ҳукумати маҳаллӣ ва Ситоди ҳолатҳои изтирории вилояти Хатлон ситоди рафъи пайомадҳои ин ҳодисаи табиӣ таъсис дода шуда, сарбозони кумитаи ҳолатҳои изтирорӣ машғули рафъсозии оқибатҳои селбориш ҳастанд. Дар ҳоли ҳозир ҳаҷми зарари ворида аз ин ҳодисаи табиӣ мавриди арзёбии коршиносони ситоди ҳолатҳои изтирории вилояти Хатлон қарор гирифтааст.