Боронҳои пайдарпай бархе аз хонаҳоро ба дараҷае вайрон кардааст, ки дар онҳо зиндагӣ кардан дигар номумкин шудааст.
Ба гуфтаи раиси ҷамоати деҳоти Андароб Акрам Мирзоев, ёздаҳ хонаводаро маҷбур шуданд, ки ба хонаи хешу таборашон паноҳ баранд.
Сокини Андароб -- Рухшона Шафиева мегӯяд, манзили ӯ тахриб шуд ва акнун вай бо шавҳар ва фарзандонаш то бунёди манзили нав "меҳмон"-и нохондаи хешовандони шавҳараш гардидаанд: "Аз оби борон ва намӣ тирчӯбҳои куҳнашудаи хона нам гирифта, шикастаанд ва боми хона фурӯ рехтааст. Ҳамаи хонаҳое, ки дар Андароб болопӯши тунукагӣ надоштанд, зарар диданд."
Полвонбек Ноёбшоев, як сокини дигари деҳа гуфт, ки хатари фурӯпошии хонааш аҳли хонаводаро маҷбур кард, ки акнун шаш нафар дар як ҳуҷраи танг зиндагӣ кунанд. Полвонбек афзуд, то боридани барф, вай бо духтар ва набераҳояш дар хайма зиндагӣ мекард. Зеро дар хона аз намӣ ва бӯи он зиндагӣ карда намешавад.
Сокинони Андароб мегӯянд, ки онҳо дар фикри болопӯши тунукагӣ ҳам набуданд, зеро чунин боронҳои пайдарпайи харобиоварро ёд надоранд. Аммо чанде пеш боронҳои дарозмуддат манзили мардумро дар ноҳияҳои Рӯшону Шуғнон вайрон карда, чунин хатар ҳар касро маҷбур месохт, ки пеш аз хонасозӣ дар фикри харидани тунука шаванд. Афзоиши борон сокинони ноҳияҳои Ишкошим ва Роштқалъаро низ водор кардааст дигар ба бомҳое умед набанданд, ки бо усули бобоӣ сохта шудаанд. Зеро борон бомро сӯрох карда, ба дарун метарованд ва аз ин офат танҳо зери «чатри оҳанин»-и болои хона эмин будан мумкин аст.
Мақомоти маҳаллӣ мегӯянд, ки онҳо ба зарардидагон аз 100 то 300 сомонӣ кӯмак карда, дархости онҳоро барои гирифтани ёриҳои иловагӣ ба ситоди ҳолатҳои фавқулодаи Бадахшон расондаанд. Вале хонаводаҳое, ки бесарпаноҳ монданд, мегӯянд, бовар надоранд, ба зудӣ ҷубронпулӣ хоҳанд гирифт ва маълум нест, ки чанд соли ояндаро дар манзили хешовандонашон сипарӣ хоҳанд кард?
Ин дар ҳолест, ки бино бар камии замин дар Ишкошим мардуми зиёде ин ҷо соҳиби манзили худ нестанд ва даҳҳо хонавода аз тангии манзил шикоят дошта, хостори дарёфти қитъаи замин барои бунёди манзиланд. Акнун мушкиле, ки акнун борон ба миён овард, ба мушкили тангии мазилҳо зам шуд.