Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Даштиҷум. Замбар ба ҷои мошини "Ёрии таъҷилӣ"


Барои наҷоти як зани бемор аз чанголи марг, сокинони деҳаи Даштиҷуми ноҳияи Шӯрообод ӯро то 10 километр рӯи даст ба бемористон овардаанд.

Дар роҳҳои комилан баста сокинони ин деҳа бо замбар рӯи даст нақши ёрии таъҷилиро бозидаанд ва ҷони ҳамдеҳаи худро, ки рӯдааш сӯрох шуда будааст, аз марг наҷот додаанд.

Пизишкони ноҳияи Шӯрообод мегӯянд, воқеан аҳволи Файзигул Саидова бад будааст дар сурати аз 6 то 10 соати таъхир, эҳтимоли ба марг рӯ ба рӯ шудани ӯ ҷой доштааст.

Амирхон Набиев, бародари ин зан мегӯяд, то 10-15 километри роҳ ба деҳаи онҳо ягон намуди нақлиёт ҳаракат намекунад ва то ба роҳи ҳаракати нақлиёт расидан мушкилиҳои зиёдеро бояд пушти сар кард. Ба гуфтаи ҷаноби Набиев, хоҳарашро бо мушкилиҳои зиёде дар сардии ҳаво пас аз 5 соат тай кардани роҳи ним пиёдаву ним савор, то беморхона расонидаанд. Ин мард аз он хушҳол аст, ки ҷони хоҳарашро аз марг раҳонидааст, аммо нигарон аз он аст, ки ҳанӯз чунин мушкил ҷой дорад.

«То нисфи роҳ мардум борҳояшонро бо додани 1,5-2 ҳазор сомонӣ бо трактор меоранд. Дигар ҳама 10 кило орду рӯғанро бо пушту хару асп ба деҳа меоранд. Шукр, ки хоҳари ман ҳолаш хуб аст, аммо чанд зан дар деҳа ҳомила ҳастанд. Худо накарда, дар ҳамин шабу рӯз дар ҳангоми таваллуд мушкиле пеш ояд, чӣ кор мекунем.»

Ҳангоми тамос бо беморхонаи ёрии таъҷилии ноҳияи Шӯрообод, навбатдори бемористон изҳор дошт, ки воқеан, роҳҳо бастаанд ва онҳо низ наметавонанд ба ин деҳот рафтуомад кунанд. Аммо ин шахс, ки аз ифшои номаш худдорӣ кард, гуфт, онҳо дар тамоми деҳот пизишк доранд ва имкони расонидани ёрии аввалия вуҷуд дорад.

Мушкили расонидани беморон ба бемористонҳо дар ҳолест, ки ба гуфтаи сокинон хавфи фаромадани тарма ва сел ба деҳот вуҷуд дорад. Аминҷон, як сокини ҷамоати Даштиҷум мегӯяд, аллакай чанд хона аз офати табиӣ зиён дидааст, вале касе аз намояндагони ҳукумати маҳаллӣ ба кӯмакашон нарасидаанд.

Ӯ афзуд: «Як теппа канда ба бехи як хона омад, як хонаи дигарро зарар расонидааст. Мо худамон ба ин одам хайма дода, кӯмакаш кардем, дигар ягон нафарро парво нест. Ҳоло Худо нигаҳ дорад, боронгариву тарфароӣ дар пеш аст.»

Дар ҳамин ҳол, Исломшо Шоев, муовини раиси ҳукумати ноҳияи Шӯрообод гуфт, пеш омадани чунин мушкилиҳоро дар соли равон касе интизор надошт. Ин масъули ҳукумати маҳаллӣ афзуд, онҳо то ҳади имкон роҳи байналмиллалиеро, ки аз ҳудуди ноҳияи Шӯрообод мегузарад ва пойтахти кишварро бо вилояти Бадахшон мепайвандад, ҳамеша тоза нигоҳ медоранд. Шоев афзуд, аз рӯи имконият талош мекунанд, то ба мушкили мардум расидагӣ кунанд ва ҳамеша барои ёрӣ ба сокинон омодаанд.

Мушкили баста будани роҳ феълан хоси ҷамоати Даштиҷуми ноҳияи Шӯрообод нест. Ҳоло сокинони бисёре аз деҳоти ноҳияҳои Балҷувон, Ховалинг ва Мӯъминобод чунин мушкил доранд.
XS
SM
MD
LG