Аслан дар бораи Фонд ё Хазинаи президенти Тоҷикистон расонаҳои расмӣ ҳангоми силсиласафарҳои Эмомалӣ Раҳмон ба шаҳру навоҳии кишвар сӯҳбат мекунанд.
Барои мисол, зимни як сафари раисиҷумҳур ба ноҳияи Рашт дар моҳи августи соли ҷорӣ яке аз шабакаҳои телевизиони Тоҷикистон иттилоъ дода буд, ки аз фонди ӯ ҳудуди 14 мактаб ва 41 синфхонаҳои иловагӣ мавриди баҳрабардорӣ қарор дода шудааст.
Дафтари матбуоти раисиҷумҳури Тоҷикистон мегӯяд, маблағи Хазинаи президент танҳо бо супориши худи ӯ харҷ мешавад. Ин дар ҳолест, ки ба қавли манобеи Вазорати молия, мувофиқи банди 42-и Қонун дар бораи "Молияи давлатӣ" ду дарсади даромад аз буҷаи кишвар ба ҳисоби ин хазина интиқол дода мешавад.
Дар буҷаи соли оянда барои хазинаи раисиҷумҳури Тоҷикистон беш аз 150 миллион сомонӣ ихтисос дода шудааст. Исмоил Талбаков, вакили Маҷлиси намояндагон, дар ин робита ба "Озодӣ" гуфт, "фонди мазкур таъйиноти махсус дорад ва дар он гуфта мешавад. Маблағи он дар ҳолатҳои бисёр зарурӣ ва истисноӣ, махсусан, дар ҳолатҳои изтирорӣ бо дастури худи президент ҷудо карда мешавад."
Аммо ба қавли бархеи дигар аз вакилони мардумӣ, ки буҷаи давлатро баррасӣ мекунанд, як навъ шаффофият дар сарфу харҷи маблағи ин хазина дида намешавад. Шодӣ Шабдолов, раҳбари Ҳизби коммунист ва узви порлумони Тоҷикистон, мегӯяд, "вақте вазирони ҳукумат, аз ҷумла вазири молия дар назди депутатҳо аз сарфу харҷи буҷа ҳисобот медиҳанд, мутаассифона, дар бораи ин фонд касе ҳарфе намезанад, ки маблағи он дар куҷо ва чӣ гуна харҷ шудааст."
"Маблағе, ки ба фонди президент ворид мешавад, бояд ҳисоботи он пешинҳод карда шавад ва дар парлумон тасдиқ гардад. Мутаассифона, ҳоло ҳамин кор сурат намегирад",-мегӯяд оқои Шабдолов.
Чунин норӯшаниҳо ва ғайришаффоф харҷ шудани маблағи фонди президент дар ҷомеаи Тоҷикистон ҳар гуна фикру назарҳҳоро ба вуҷуд овардааст. Аз ҷумла, як рӯзноманигор дар минтақаи Кӯлоб мегӯяд, соли гузашта, вақте дар Кӯлоб сел омад ва беш аз ҳазор манзили сокинонро тахриб кард, аз тарафи фонди президент кӯмаке нарасида буд.
Ҳуқуқдони тоҷик ва раҳбари Ҳизби сотсиал-демократи Тоҷикистон Раҳматилло Зойиров бовар дорад, ки дар аксари ҳолат президент аз ин фонд барои обрӯ ва ташвиқи нуфузи худ дар миёни мардум истифода мекунад. Раиси ҲСДТ мегӯяд, "барои ин ё ҳукумати маҳаллӣ ва барои гузаронидани чорабиниҳову маъракаҳо аз хазинаи президент махсус маблағ ҷудо карда мешавад, ки ин хусусияти рекламавӣ дорад. Дар ҳоле, ки сарфу харҷ барои ин корҳо аз фонди президент пешбинӣ карда нашудааст."
Бино бар банди 17-и моддаи 69-и Қонуни асосии кишвар, президент ҳақ дорад, ки хазинаи худро дошта бошад ва масъули харҷи маблағи он низ бошад. Дар ҳар кишваре, ки низоми президентӣ вуҷуд дорад, раисиҷумҳур дорои ҳамин гуна хазина ва ё ба истилоҳ фонди захиравӣ ҳаст. Вале таҳлилгарон мегӯянд, бояд сарфу харҷи пули ин хазина барои аъзои парлумон ва аҳли ҷомеа рӯшан бошад, ки он ба куҷо ва чӣ гуна масраф шудааст.