Марзи “Ҷудоӣ” аз дили ҷомеа мегузарад

Филми «Ҷудоии Нодир аз Симин»-и коргардони эронӣ Асғар Фарҳодӣ ҷоизаи «Кураи тилоӣ» барои беҳтарин филми хориҷиро ба даст овард.
Исми барандаро дар маросими вижае дар Лос-Анҷелеси Амрико овозхони маъруф Мадонна эълон кард. «Кураи тилоӣ» («Golden Globe”) баъд аз “Oscar” дувумин ҷоизаи мӯътабари солона дар Ҳолливуд маҳсуб мешавад.

Пеш аз ин филми Асғар Фарҳодӣ барандаи ҷоизаи “Хирси тило”-и Ҷашнвораи байнулмилалии Берлин шуд ва ҳанӯз он вақт ҳамчун беҳтарин филми хориҷӣ ба ширкат дар озмуни («Golden Globe” пешбарӣ гашт.

«Ҷудоии Нодир аз Симин», ки дар ҷашнвораҳо бо номи "A Separation" ширкат мекунад, мушкилоти печидаи муҳоҷиратро баррасӣ мекунад ва пурсишҳои сангинеро дар баробари чанд насл аз эрониҳо мегузорад, ки дар хориҷ ва дохили Эрон зиндагӣ мекунанд. Аз ҷумла инро, ки чӣ беҳтар аст – дар Эрон мондану аз фазои фишороварандаи он хафа ва нафасгир шудан ё ба Ғарб фирор кардану дар ивази роҳатҳо беаҳамият шудан?

Достони филм аз ин қарор аст, ки равобити ҷуфте аз қишри миёна вориди бӯҳрон мешавад, зеро Нодир худро вазифадор медонад, ки дар Эрон бимонад ва падари солманду беморашро парасторӣ кунад ва Симин мехоҳад, ба хотири ояндаи духтараш Тарма ба хориҷ ҳиҷрат кунад. Силсилаи баҳсҳои тунд корро ба ҷое мекашанд, ки Симин хонаро тарк ва дархости талоқ мекунад. Ин ҳолат оғози рӯйдодҳои ғайриинтизор ва фоҷиаборе мегарад.

Асғар Фарҳодӣ, коргардони филм

Таҳлилгарон синемои Эронро як пайванде байни Эрон ва кишварҳои дигар медонанд, вале бино бар хабарҳо, ахиран филмсозӣ дар Эрон ҳарчӣ бештар зери фишору сонсур меафтад. Фарҳодӣ, ҳарчанд яке аз коргардонҳои машҳури сатҳи ҷ аҳонӣ дониста мешавад, ҳамеша зери фишори мақомоти Эрон қарор доштааст. Дар моҳи сентябри соли 2011 баъд аз як шарҳи ӯ дар Ҷашнвораи синемои Эрон, маъмурони амниятӣ маҳалли филмбардории ӯро муҳосира ва наворгириро манъ карданд.

“Ҷурм”-и Фарҳодӣ ин буд, ки аз ду коргардони дигарандеш ёд кард ва гуфт, хуб буд, агар онҳо дар толор ҳузур медоштанд. Ин коргардонҳо бо Ҷунбиши Сабзи мухолифони Эрон рабт доштанд. Филмбардорӣ барои Фарҳодӣ замоне мумкин гашт, ки ӯ барои ин суханонаш узр хост.

Бузургтарин зарба ба синемои Эрон ин буд, ки Вазорати фарҳанг ва иршоди исломии Эрон аввали имсол ба бастани Хонаи Синемо, як ниҳоди мустақили таблиғи синемо дастур дод. Ихтилоф байни вазорат ва Хонаи Синемо аз соли 2009, замоне сар шуд, ки синемогарон ҳайате аз ҳунармандони Ҳолливудро ба Эрон даъват карданд. Шиддат бо ҳабси панҷ синемогари эронӣ бо иттиҳоми ҳамкорӣ бо Би-би-сӣ ба авҷи худ расид.

Навори таблиғии Филми «Ҷудоии Нодир аз Симин»-ро ин ҷо бубинед:

http://www.youtube.com/embed/58Onuy5USTc