Ин ҷашнвора 5 рӯз идома намуда, дар он 12 филми ҳунарии пурра- ва кӯтоҳметраж аз кишварҳои Осиёи марказиву Қафқоз, аз Афғонистон, Муғулистон, Русия, Олмон ва Туркия, инчунин 15 адад ҳамин гуна филмҳои коргардонҳои тоҷикистонӣ, ки дар ду соли ахир таҳия шудаанд, намоиш дода мешавад.
Ҷашнвора бо кумаки молии бахшҳои ню-йоркӣ ва будапештии Хазинаи мусоъидати институти «Ҷомиъаи боз» ва Ожонсии суисӣ оид ба рушду ҳамкорӣ дар Тоҷикистон баргузор мегардад.
Ба гуфтаи созмондиҳандаи ҷашнвораи мазкур Сафари Ҳақдод, ба ҷуз аз барномаи озмунӣ дар ин фестивали байнулмилалии синемо инчунин намоиши филмҳои муъосири Афғонистон, «мизи гирд»-и «Шарқ – Ғарб: дурнамоҳои ҳамкорӣ», муаррифии DVD-маҷмӯъаи Гулнора Абикеева (Қазоқистон) «Филми мустанади Осиёи марказӣ: даврони Шӯравӣ ва солҳои нахустини истиқлол» ва арзаи китоби «Панҷ садо» (иборат аз 100 шеъри шуъарои номвари асри XX-и Эрон Нимо Юшиҷ, Маҳдӣ Ахавони Солис, Фурӯғи Фаррухзод, Суҳроби Сипеҳрӣ ва Аҳмади Шомлу) дар назар гирифта шудааст.