Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Сиддиқи Бармак бинандаи жарфнигар мехоҳад


Cиддиқи Бармак ҳангоми сухан дар Анҷумани журналистон ва синемагарони форсизабон дар Лондон
Cиддиқи Бармак ҳангоми сухан дар Анҷумани журналистон ва синемагарони форсизабон дар Лондон

Филми нави коргардони машҳури афғонистонӣ, Сиддиқи Бармак дар ҷашнвораи байнулмилалии синемо дар Рум ҷои аввал ва Ҷоизаи тилои Марк Аврелийро гирифт.

Ин филм бо номи "Ҷанги тарёкӣ" моҳи гузашта ба намоиш баромад ва ҷоизаи Рум аввалин ҷоизаи байнулмилалии он аст. Ба ёд орем филми гузаштаи Бармакро, бо номи "Усома" ки яке аз муҳимтарин ҷоизаҳои ҷаҳонӣ, "Глобуси тило"-ро гирифта буд.



Дар бораи филми нави Сиддиқи Бармак чанд моҳ пеш дар Анҷумани синемагорон ва рӯзноманигорони форсизабон дар Лондон бо ӯ мусоҳибае доштем, ки он замон танҳо як бахши хабарияш пахш шуда буд. Ҳоло пайти муносибест барои пахши комили ин мусоҳиба. Нахуст аз ӯ пурсида будем, ки филми нави худро чигуна муаррифӣ мекунад:

"Ин филм, ба назари ман, дастоварди муштараки гурӯҳе аз филмсозон аст, ки бо як дилу як садо ҷамъ шуданд ва ин филмро сохтанд. Ин одамон аз ҳар гӯшаи дунё буданд. Масалан, аз Тоҷикистон, Эрон, Ҳинд, Амрико, Афғонистон... Барои онҳое, ки аз Тоҷикистон, Эрон ва Афғонистон буданд, ба шарофати забони муштарак мушкиле дар тафоҳум набуд, вале онҳое, ки инглисӣ ё ҳиндӣ сӯҳбат мекарданд, ҳеҷ вақт ҳисси бегонагие надоштанд. Ва ин буд, ки онҳо тавонистанд, аз таҳти дил ва самими қалб як кори хуберо анҷом диҳанд."

Пурсиш: Шумо аз филме, ки дар ниҳояти кор омода ва ба бинанда пешкаш шуд, ҳамчун коргардони он розӣ ҳастед?


Сиддиқи Бармак:
"Ба сурати куллӣ, оре. Аммо бо гузашти замон ҳиссе пайдо мешавад, ки кош, ин қисматашро ба як шакли дигаре месохтам, кош ин тағйиро меовардам, кош, ин порчаро кӯтоҳтар месохтам ва он якеро дарозтар, кош ин ҷо рангҳоро тағйир медодам. Ин фикрҳо пайдо мешаванд, вале ба ҳар сурат ман розӣ аз инам, ки бо вуҷуди он ки як тими бисёр мухталиф аз ҳар гӯшаву канори ҷаҳон ба ҳам омада буд ва чунон бо ишқ кор карданд, ки натиҷаашро Шумо рӯи парда дидед."

Пурсиш: Филмҳои Шумо як ҳолати эксперименталӣ, ҷӯяндагӣ ва навоварию навпардозӣ доранд. Интизори Шумо аз вокуниш ба навпардозиҳо чист?

Сиддиқи Бармак:
"Ман вақте ки филм месозам, бештар ба садои дили худам гӯш медиҳам, ки оё пазируфтанӣ ҳаст, оё худи маро мутаассир месозад, худи маро такон медиҳад. Вокуниши худам ба он чӣ хоҳад буд? Бовар ва нобовариҳои ман ба он чист? Баъд ба мардуми худам фикр мекунам, ки метавонанд, бинандаи ҳамин филм бошанд. Бештар ба ин мавзӯъҳо меандешам ва фикр мекунам, ки мехоҳам, куллан муаммои печидаи инсонҳоро матраҳ созам. Ҳаводисе, ки инсон меҳвари он аст ва равобити печидаи инсонҳо матраҳ мешавад, дар ҳама ҷо бинанда хоҳад дошт. Агар мо мушаххасан ба як макон ва як замон таъкид бикунем, шояд филми мо дерпо набошад, шояд зуд фаромӯш шавад ва бинандаи ҷаҳонӣ надошта бошад. Қисме ки мебинем, бузургтарин дастовардҳои адабиёти ҷаҳонӣ онҳое ҳастанд, ки дар бораи инсон ба таври маҷмӯъ сӯҳбат мекунанд. Шумо осори Мавлони бузургро бубинед. Ё ашъори Ҳофизу Саъдию Рӯдакию Хайёмро бубинед, ки чӣ қадар ом ҳастанд, маҷмӯъӣ ҳастанд, дар бораи инсон ҳарф мезананд ва ба ҳамин хотир мондагор ҳастанд. Ё масалан, аз адабиёти клоссики рус бигирем, ончӣ дар осори Толстой, Чехов, Достоевский дида мешавад, ҷолиб аст. Ин инсонҳои бузургро тамоми нигоҳашон ба инсон аст. Инсон дар замон ва муҳити лоятанҳоӣ. Ба ҳамин хотир аст, ки осорашон мондагор аст. Мо ҳам ҳамчун шогирдони кӯчак кӯшиш мекунем, ин меъёрҳоро дар филмҳои худамон ба гунае матраҳ бисозем ва бештар таваҷҷӯҳи мо ба сарнавишти инсон, инсон бо тамоми абъодаш, бо тамоми зовияҳояш бошад. Шояд гоҳе вақт муваффақ шавем ва гоҳ на, вале ман фикр мекунам, ин улгуҳо, ва намунаҳои бисёр хубест, ки метавонад одам дар синемо ҳам пиёда бикунад."

Пурсиш: Филми Шумо саросар рамз аст. Чунончи, тонк дар паҳлуи гаҳвора ва ё об дар биёбон. Омезиши рангҳо ва суробҳо. Ин забони синемоии Шумост. Фикр намекунед, ки шояд барои як бахши бинандагон ин забон начандон фаҳмо бошад?

Сиддиқи Бармак: "Замоне ки филмро месохтам, аввал фикри инро доштам, ки ривоятгари содаи як қисса бошам. Достонеро ривоят кунам, ки бисёриҳо битавонанд, онро ба унвони як қиссаи сода бипазиранд ва дарк бикунанд. Вале дар паҳлуяш, бидуни шак, чашм намепӯшам аз ин ки бештар ба истиора, киноя ва имову имож фикр кардаам. Яъне мо ҳарду буъди бинандаи худро дар назар гирифтем. Барои бинандае, ки бисёр амиқ ба синемо наменигарад. Мисли он ки дар Афғонистон аксаран мо, мутаассифона, бинандаи бисёр амиқнигар надорем. Саводу дониш дар тӯли солҳои ҷанг, чунон, муатаассифона, ба сатҳи поин ва нозил расидааст, ки бинандаи мо ё одат карда ба филмҳои нозили ҳиндӣ ё ҳолливудӣ, ки мо бояд барои ӯ як ривоятгари сода бошем. Достони филм худаш ба шакли бисёр ҳам одӣ ва сода метавонад барои чунин бинанда қобили пазириш ва дарк бошад, вале дар паҳлуи он мо ба бинандае, ки жарфнигар аст ва бинандаест, ки дар масоъил думболи маънову мафҳум мегардад, низ паём дорем ба он гуна ки Шумо гуфтед, тонк сумбул аст, гаҳвора дар канори тонк сумбул аст, ба хусус замоне ки шаб сарбозу афсари амрикоӣ, ки ба тонк баста шудаанд, сӯҳбат мекунанд, ӯ дар бораи модараш мегӯяд. Мегӯяд, ки мехоҳад, бо падару модараш гап бизанад, зеро мегӯяд, ман фикр мекунам, ки набояд дар ин ҷо бимонам. Дар ҳамин ҳол дар композисюни куллии кадр ҳангоми ин сӯҳбатҳо мо ҳамчунин як гаҳвораи танҳову холиро мебинем. Ман фикр мекунам, нисбати cӯҳбатҳои инсон, зиндагии инсон ва сарнавишти инсон бо гаҳворае, ки аз оғоз дар он бузург шуда ва кӯдакиҳояш он ҷо гузашта як робитаи мустақим аст, биноан умқи мавзӯъро ба гунае хостем ба тарафи чанбӯъдӣ будани инсон ва чанбӯъдӣ будани тасвир ва дар айни замон чандмафҳума будани ҳарфҳои худамон бикашем."

Пурсиш: Шумо гуфтед, як дастаи тифоқе аз филмсозони мамолики гуногун дуруст кардед. Кори муштарак идома хоҳад кард ва нақшаи баъдии Шумо чӣ хоҳад буд?

Сиддиқи Бармак: "Бидуни шак, ин даста ҳамонгуна ҳамдилу ҳамкор боқӣ хоҳад монд ва нақшаи баъдии ман ҳам инро тақозо мекунад. Сужа ва андешаҳои зиёде ҳаст. Ҳамаи онҳо ҷолибанд, вале ҳоло достоне дар даст дорам зери унвони "20", ки як бахши ҳодисаҳои он дар Афғонистон иттифоқ меафтад ва бахши дигар дар Осиёи Марказӣ, бавижа дар Тоҷикистон. Бист як мафҳуми хос аст, ҳам ба унвони адад ва ҳам ба унвони як амале дар тавлиди маводи мухаддир. Мехоҳам, ин филмро боз ҳам бо кӯмаки ҳамин дӯстонам дар Тоҷикистон ва Афғонистон ба навор бигирам. Агар таҳиякунандаеро пайдо кардем, ки ба сармоягузорӣ дар ин барнома розӣ шуд, иншоаллоҳ, то сари соли оянда ин филмро оғоз мекунем."

XS
SM
MD
LG