Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Филми таиландӣ соҳиби "Нахли тило"-и Канн шуд


Дар Канни Фаронса 63-умин ҷашнвораи синемо ба поён расид ва ҷоизаи олии он -- Нахли тило насиби коргардони тайиландӣ Апичатпонга Верасетакула гашт. Ҳайати доварон филми ӯро бо номи "Амаки Бунми, ки зиндагиҳои гузаштаи худро дар ёд дорад" беҳтарин филм шумурданд. Ҷоизаи кабири ҷашнвора ба коргардони фаронсавӣ Ксавйе Бовуа барои филми "Дар бораи худоён ва инсонҳо" дода шуд. Ва офаридаи коргардони африқоӣ аз Чад Муҳаммадсолеҳ Ҳорун барои филми "Фарёд" ба ҷоизаи вижаи доварон соҳиб гашт. Ба ғайр аз ин ҷоизаи умда ҳамчунин унвони беҳтарин коргардон ба Матйе Амалрико, беҳтарин бозигари нақши зан ба Жюлет Бинош барои бозияш дар филми коргардони эронӣ Аббоси Каёмрустамӣ, бояд гуфт, нахустин филми Камёрустамӣ, ки берун аз Эрон ва бо бозигарони хориҷӣ рӯи навор омадааст, ва унвони беҳтарин офарандаи нақши мардона ба ҳунарпешаҳо Ҳавйер Бардем аз Испания ва Элио Эрмано аз Итолиё насиб гашт.
XS
SM
MD
LG