Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Пирӯзии филме дар бораи Facebook


Муаллифи намоишномаи филми "Шабакаи иҷтимоӣ" Арон Соркин бо ҷоизаи "Кураи тилоӣ", Лос Анҷелес, 16 январи соли 2011.
Муаллифи намоишномаи филми "Шабакаи иҷтимоӣ" Арон Соркин бо ҷоизаи "Кураи тилоӣ", Лос Анҷелес, 16 январи соли 2011.

Филми “Шабакаи иҷтимоӣ”, ки достони зуҳури сафҳаи Facebook аст, дар маҷмӯъ 4 “Кураи тилоӣ” ба даст овард.

Дар Амрико номи барандагони ҷоизаи мӯътабари “Кураи тилоӣ”-ро эълон карданд.

“Кӯраи тилоӣ” аз сӯи Иттиҳодияи хабарнигорони хориҷии мустақар дар Ҳолливуд ҳамагӣ чанд ҳафта қабл аз маросими тақдими ҷоизаҳои “Оскар” эъто шуда, аз нигоҳи эътибор ва аҳамият баъди “Оскар” дуввумин ҷоизаи муҳими синемо дониста мешавад.

Имсол Наталӣ Портман барои иҷрои нақши аввал дар филми “Қуи сиёҳ” – беҳтарин ҳунарпешаи зан шинохта шуда, Колин Фёрф барои филми “Суханронии шоҳ” унвони “Беҳтарин ҳунарпешаи мард”-ро ба даст овард.

Соли гузашта “Кураи тилоӣ” барои беҳтарин филми сол насиби “Аватар”, филми пурсарусадо ва пуртамошобини коргардони маъруф Девид Камерон шуд. Аммо имсол ғайриинтизор дар сабқати филмҳо филми “Шабакаи иҷтимоӣ” (“The Social Network”)-и коргардон Девид Финчер баранда шуд. Девид Финчер ҳамин тавр ҳамчун беҳтарин коргардони сол соҳиби “Кураи тилоӣ” шуда, “Шабакаи иҷтимоӣ” дар маҷмӯъ 4 “Кураи тилоӣ” ба даст овард.

“Шабакаи иҷтимоӣ” достони зиндагии Марк Зуккерберг, асосгузори шабакаи иҷтимоии Facebook аст. Нафаре ки маҷаллаи амрикоии “Тайм” дар поёни сол “Маъруфтарин шахсияти соли 2010” унвонаш карда буд.

Фред Петросиён, сардабири сомонаи интернетии Радиои Фардо, бахши форсии Радиои Озодӣ дар бораи пирӯзии “Шабакаи иҷтимоӣ” ҳамчун аломати бартарӣ ёфтани ҳаёти маҷозии интернетӣ бар рӯзгори воқеӣ ва сабабҳои ҷалби таваҷҷӯҳ кардани мавзӯъи интернетӣ дар синемо изҳори назар кард.
XS
SM
MD
LG