Иззатулло Исмоилов, сардори Хадамоти муҳоҷирати Вазорати корҳои дохилӣ дар вилояти Хатлон, мегўяд, муҳоҷирони ҷавони тоҷик аксаран бинобар надонистани ҳуқуқи худ, қоидаҳои иқомати шаҳрвандӣ, қонунҳои кишвари муҳоҷират ва забони русӣ мавриди депортатсия қарор мегиранд. Ва аммо ба гуфтаи И. Исмоилов, мақомоти Тоҷикистону Русия феълан сари мизи гуфтушунид нишаста, бо дарназардошти синну соли ҷавони муҳоҷирони корӣ ва камтаҷрибагии онҳо, роҳҳалли мушкилоти онҳоро баррасӣ доранд. Ҷаноби Исмоилов гуфт, ояндаи наздик шаҳрвандони депортатсияшудаи тоҷик афв хоҳанд шуд ва дубора иҷозаи рафтан ба Русияро пайдо хоҳанд кард.
Дар ҳамин ҳол, коршиносони масоили иҷтимоӣ мегўянд, сатҳи пасти маърифати ҳуқуқии муҳоҷирони кории ҷавон аз омилҳои аслии нақзи ҳуқуқу озодиҳо, таҳқиру латукўб ва ғайриқонунӣ ихроҷ шуданҳояшон мебошад. Алиҷон Бояков, мушовири созмони ҷамъиятии «Муҳоҷират», бо таъкид ба ин нукта мегўяд:
«Мо тавассути қатора ба Астрахан мерафтем ва ба муҳоҷирони меҳнатӣ машваратҳои ҳуқуқӣ медодем. Ҳамон вақт як ҷавон, ки аз машваратҳоямон бархурдор буд, гуфт, бародараш паспорташро гум карда, ҳангоми бо маълумотнома ё справка барои бозгашт аз Маскав ба Душанбе омадан, дар гузаргоҳи Астрахан ўро боздошт мекунанд. Бар асари маърифати пасти ҳуқуқӣ вай натавонистааст, аз ҳуқуқаш дифоъ кунад ва ҳамин тавр се моҳ бепул, ба мисли ғулом дар хонаи сардори гузарггоҳи мазкур кор кардааст. Бо дахолати мо ва намояндагони Созмони ҷаҳонии муҳоҷират он ҷавон аз ғуломӣ раҳо шуд, аммо ҳамон тавре ки мебинем, бисёриҳо бинобар надонистани ҳуқуқ ва қонунҳо мувоҷеҳ ба чунин мушкилот мешаванд…»
Ва аммо мушкили дигари марбута ин аст, ки бисёре аз ҷавонони мардикори хатлонӣ пас аз кишвари муҳоҷират ихроҷ шудан дар ватан шиносномаҳои тақаллубӣ сохта, дубора ба муҳоҷирати корӣ бармегардад. Чун тибқи қавонини Русия, кишвари аслии муҳоҷират, шаҳрвандони хориҷии депортшуда аз ҳаққи бозгашт ба ин кишвар то панҷ соли оянда маҳрум мешаванд. Ҳамакнун мақомоти гумрук ва фурудгоҳҳои Русия аз қабули шаҳрвандони Тоҷикистон, ки дар насабашон пасвандҳои русии «-ов» надоранд, низ худдорӣ мекунанд, ки боис ба афзоиши баҳси мақомоти интизомии ду кишвар гардидааст. Иззатулло Исмоилов, сардори Хадамоти муҳоҷирати вазорати корҳои дохилӣ дар вилояти Хатлон, мегўяд:
«Ҳоло бисёр мавридҳое мешавад, ки шаҳрвандони мо, махсусан баъд аз солҳои 1990-ум ному насаби худро дар шиносномаҳояшон тоҷикӣ кардаанд ва аз ҳамин сабаб, вақтҳои ахир аз фурудгоҳи шаҳри Санкт-Петербург ва аз фурудгоҳи Домодедовои Маскав шумори афзуни шаҳрвандони Тоҷикистонро депортатсия карда, бозпас мегардонанд. Мо алъон сари ин масъала низ гуфтушунид дорем…»
Ба иттилоъи намояндагии Хадамоти муҳоҷирати ВКД дар вилояти Хатлон, дар нўҳ моҳи аввали соли равон наздик ба 160 ҳазор сокини ҷануби Тоҷикистон барои ҷустуҷўи кор ба Русияву Қазоқистон ва кишварҳои дигар сафар кардаанд. Зимнан, дар нўҳ моҳи соли ҷорӣ ҷасади 59 сокини вилояти Хатлон тавассути ҳавопаймоҳо ба ватан интиқол дода шуд, ки онҳо ба иллатҳои гуногун дар Русия фавтидаанд.