Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Ихроҷи 72 шаҳрванди Тоҷикистон аз Русия


Ҳафтоду ду шаҳрванди Тоҷикистон аз шаҳри Краснодари Федератсияи Русия ихроҷ шуданд. Абдулқодир Азизов, масъули бахши умури дохила оид ба нақлиёти вазорати корҳои дохилӣ дар сӯҳбат бо радиои Озодӣ ин хабарро тасдиқ кард ва гуфт, рӯзе қабл ин афрод аз сӯйи вазорати меҳнат ва ҳифзи иҷтимоии аҳолӣ ба Русия фиристода шуда буданд, аммо худи ҳамон рӯз бо сабабҳои номаълум шаҳрвандони Тоҷикистон бозпас равона гардиданд:

«Мо онҳоро санҷида, маълум кардем, ки дар байнашон ягон ҷинояткори дар пайгарди байналмилалӣ эълоншуда набуд.»

Аммо Давлат Бобоев, раиси фурӯдгоҳи шаҳри Душанбе мегӯяд, шаҳрвандони ихроҷшуда ҳама дорои гузарнома буданд ва имкон надорад, ки онҳоро танҳо бо ин сабаб хориҷ карда бошанд. Ба гуфтаи оқои Бобоев, сабаби хориҷ шудани муҳоҷирони тоҷик аз Русия фақат қонуншикании онҳо дар қаламрави ин кишвар буда метавонад:

«Мо бо вилояти Краснодари Русия робитаи ҳавоӣ, яъне рейс надорем. Шаҳрвандони депортшударо онҳо бо ҳавопаймои худашон ба Тоҷикистон овардаанд. Депортатсия ҳамон вақте мешавад, ки муҳоҷирони мо дар Русия ғайриқонунӣ кор мекунанд, яъне сабти ном намешаванд. Ҳамин тавр ҳам ҳуқуқи худашон поймол мешавад ва ҳам қонунҳои Русияро вайрон мекунанд. Аз ин рӯ мавриди депортатсия қарор мегиранд.»

Дар хадамоти давлатии муҳоҷират қазияи рухдодаро ба мо шарҳ надоданд. Тайи соли 2005 аз тариқи ширкати ҳавопаймоии Тоҷикистон беш аз ҳазор шаҳрванди ин кишвар аз Русия бозпас оварда шудаанд. Бар тибқи қонунҳои ҷорӣ шаҳрвандоне, ки аз Русия ихроҷ мешаванд, дигар то панҷ соли оянда ҳаққи ворид шудан ба ин кишварро надоранд.

Дар ҳамин ҳол Ҳизби сотсиал-демократи Тоҷикистон бо пахши як баёния аз вазъи муҳоҷирони кории тоҷик дар қаламрави Русия изҳори нигаронӣ кардааст. Ин ҳизби сиёсӣ ба мақомоти ҳар ду кишвар пешниҳод кардааст, ки барои муҳоҷирони корӣ бояд биржаҳои меҳнат таъсис шуда ва низоми бақайдгирии онҳо дар Русия соддатар гардад. Ҳамзамон ба иддаои сотсиал-демократҳо, ташкили ҷойҳои нави корӣ дар Тоҷикистон тариқи фаъол кардани корхонаҳо, ба коҳиши теъдоди муҳоҷирони корӣ мусоидат хоҳад кард.
XS
SM
MD
LG