Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Хатлон сокинони аз Узбакистон депортшудаи худро мепазирад


Бар асоси иттилои хадамоти муҳоҷирати Хатлон чанд рӯз қабл ду хонаводаи ӯзбактаборро ниҳодҳои масъули давлатии Ӯзбакистон аз ин кишвар ихроҷ карданд, ки феълан дар минтақаи ҷануби Тоҷикистон ба манзил ва ҷои кор таъмин шуданд. Маҳмадалӣ Собиров, мутахассиси хадамоти муҳоҷирати Хатлон мегӯяд, хонаводаҳои мазкур қаблан дар ноҳияи Шаҳритус ва шаҳри Сарбанд зиндагӣ мекардаанд ва бо шурӯи ҷанги шаҳрвандӣ дар Тоҷикистон иҷборан манозили зисти худро тарк намуда ба Ӯзбакистон муҳоҷир шудаанд:
"Гурезагонро аз назорати мақомоти амниятӣ гузаронида ва дар ноҳияи Шаҳритус ҷобаҷо кардем. Бозоров Қурбоналӣ, ки духтур буд, дар беморхонаи марказии ноҳия ба ҷои кор таъмин карда шуд ва ҳамсари ӯ Бозорова Латофат, ки муаллима буданд, дар як мактаби ноҳия ба кор таъминкарда шуд."

Ҷаноби Собиров афзуд, нафарони ихроҷшуда аз Ӯзбакистон бо худ танҳо шиносномаи замони шӯравии собиқ доштанд, зеро дар ин кишвар ба онҳо аз додани чунин як санади таъйидкунандаи шахсият, бо иллати қаблан маскуни Тоҷикистон будан худдорӣ кардаанд. Ӯ гуфт, яке аз ин хонаводаҳо панҷ ва дигаре чаҳор нафаранд, ки дар хонаводаи дуввумӣ ягон нафар мард нест.

Дар ҳамин ҳол, Гулсара Раҳимҷонова, хонуми 65 сола, сарвари яке аз ин хонаводаҳо, ки бо се духтараш аз Ӯзбакистон ихроҷ шудааст, гуфт:
"Моро аз Ӯзбакистон депортатсия карданд ва дар Тоҷикистон пазируфтанд. Дар ноҳияи Зафаробод мақомоти амниятии Тоҷикистон моро мавриди пурсиш қарор дода ба дунболи ин ҷои хоб дар меҳмонхона дода ва ҳар рӯз ду дафъа ба ғизо таъмин мекарданд. Бисёр хуб пазируфтанд, ташаккури зиёд. Пас аз ин гуфтанд дар куҷо мехоҳӣ зиндагӣ намоӣ, гуфтам танҳо дар шаҳри Сарбанд."

Хонум Раҳимҷонова, мегӯяд, ӯ дар Ӯзбакистон таваллуд шуда ва пас аз ба шавҳар баромадан ба Тоҷикистон омадааст, вале чун ба дунболи оғози ҷанги шаҳрвандӣ дар Тоҷикистон ба зодгоҳи худ паноҳ бурдааст, дар муддати даҳ сол, илова бар он ки манзили кӯчаке барои сарпаноҳӣ надоданд, ҳатто то рӯзҳои ахир ба таъқибу тафтиш гирифтор будааст:
"Дар бозор менишастам ва ҷиҳози кӯҳна мефурӯхтам ва зиндагиамон мегузашт. Дар хона ҳар нафар иҷора менишастем. Дар Ӯзбакистон кӯмаке накарданд моро. Кӯшиш мекарданд, ки ҳуқуқҳои моро поймол кунанд. Масалан, мо дар як манзил як ё ду сол зиндагӣ мекардем ва дар ҷои дигар чун хонаеро иҷора мегирифтем, дар зудтарин фурсат пулиси минтақавӣ меомад ва моро мавриди пурсуҷӯ қарор дода ҷарима мебаст. Солҳои аввал зиёд азиятамон намедоданд, вале дар чанд моҳи ахир боз такрори ҳамон корҳоро шурӯъ карданд."

Аммо ин дар ҳолест, ки Гулсара Раҳимҷонова мегӯяд,аз ӯ ва духтаронаш дар шаҳри Навоии Ӯзбакистон тақозо кардаанд, ки бояд онҳо дубора ба Тоҷикистон баргашта ва шиносномаи нав бигиранд ва ба дунболи ин, чунин як аснод ва ҳуқуқи шаҳрвандиро дар Ӯзбакистон ба онҳо хоҳанд дод. Вале хонум Раҳимҷонова ин иддаои мақомоти Ӯзбакистонро рад карда ва бо ин иллатаз ин кишвар ихроҷ шудааст. Аммо дар шаҳри Сарбанди Хатлон, ки қаблан мезистанд ва мариди нооромӣ манзили худро фурӯхтаанд, дар хобгоҳи омӯзишгоҳ ба ӯ ва хонаводааш як манзил дода, дар як мактаб ӯро ба омӯзгорӣ пазируфтанд.

Мунаввари Мунаварзод, коршиноси тоҷик мегӯяд, ихроҷи паноҳандагони собиқи Тоҷикистон аз Ӯзбакистон ба нооромиҳои ду моҳ қабли шаҳри Андиҷони ин кишвар, ҷиҳати андешидани чораҳои амниятӣ робита дорад. Вале ба гуфтаи ӯ, агар ин қабил паноҳандагони собиқ табаияти Тоҷикистонро аз даст надода бошанд, ҳукумати ин кишвар муваззаф аст дар ҳар мавқеъ аз онҳо пуштибонӣ ва мавриди зарурат кӯмак намояд:
"Ин нафарон¸ ки дар солҳои ҷанги шаҳрвандӣ ба Ӯзбакистон ҳиҷрат карда буданд, нахуст аз ҳама худро дар мақомоти марбутаи ин кишвар ҳамчун паноҳанда сабти ном накарда буданд ва мушкилҳои баъдиашон ҳам аз ҳамин сар зада буд. Дуввум ин ки Ҳукумати Ӯзбакистон ба ҳеҷ ваҷҳ намехоҳад, шаҳрвандони хориҷӣ, ба вижа Тоҷикистонро ба тобеияти худ бипазирад."

Нафарони аз Ӯзбакистон ихроҷ гардида иттилоъ доданд, ки мақомоти марбутаи шаҳри Навоии Ӯзбакистон тасмим гирифтаанд, дар моҳҳои оянда ҳудуди 15 хонаводаи аз Тоҷикистон ба ин кишвар паноҳбурдаро ихроҷ намояд, ки бештарини онҳо ӯзбактаборанд ва дар манотиқи мухталифи кишвар солҳои қаблӣ мезистаанд. Ва дар ҳамин ҳол ҳукумати Хатлон иттилоъ додааст, ки ҳудуди 30 хонаводаи дигар аз Туркманистон низ тасмими ба ин вилоят баргаштанро кардаанд ва мақомоти марбутаи вилоят бошад дар ин маврид аз омодагии худ дар мавриди расонидани кӯмак ба ин хонаводаҳо хабар додааст.
XS
SM
MD
LG