Аксари муҳоҷирони тоҷик, ки дар Маскав бо кори рӯбучини кӯчаҳо ва дар сохтмонҳо машғуланд, маълумоти олӣ доштаанд. Дар ҳоли ҳозир, барои Маскав 5 500 кӯчарӯб лозим будааст, вале шаҳрдории пойтахти Русия ба маҳзи адами таваҷҷӯҳи мардуми бумӣ ба ин касбукор маҷбур ҳаст, тоҷиконро ба кӯчарӯбӣ ҷалб кунад.
Муҳоҷирони тоҷике, ки бо маълумоти олӣ барои кор ба Маскав меоянд, умдатан муаллимони мактабҳои деҳот мебошанд. Яке аз онҳо Пӯлодҷон Уроқов, хатмкардаи донишгоҳи давлатии шаҳри Кӯлоб мегӯяд, барои таъмини хонаводааш ба Маскав омадааст. Зафар Аюбов, ки маълумоти олии кишоварзӣ дорад ва дар ҳоли ҳозир бори муҳоҷириро мекашад, меафзояд, ки ӯ дар хона ягона гови душоияшро фурӯхта, роҳии Русия шудааст.
Муҳоҷирон мегӯянд, чанд сол аст ба хона нарафта, фақат пул мефиристоданд, вале чор моҳ боз ба онҳо маоше напардохтаанд. Як моҳ пеш муҳоҷирони тоҷик, ки дар як сохтмон кор мекунанд, бо сабаби напардохтани ҳаққи хидматашон ҳатто корпартоӣ карданд, мегӯяд саркори онҳо бо номи Азим: "Худи ҳамон рӯз пулис 10 нафари моро гирифт ва ба милисахона бурд. Чандеро харидем, чанди дигарро депортатсия карданд."
"Фиреб кардани муҳоҷирон кори нав нест. Маъмулан ба ин кор шахсоне даст мезананд, ки бо пулис дар иртиботанд. Онҳо бо муҳоҷирон шартномаи ҳамкорӣ имзо намекунанд, аммо вақти пардохтани пул пулис пайдо мешавад ва ҳама мардикоронро мегирад", мегӯяд Аҳмад Чиркиев, корманди маркази "Муҳоҷират ва Ҳуқуқ" ва меафзояд: "Онҳоро худи корфармо даъват мекунад. Чун пайдо мешаванд, корфармо ба пулис мегӯяд, ман ин мардумро намешиносам ва илова бар ин онҳо сабти иқомат низ надоранд."
Ба ин марказ ҳар моҳ аз 150 то 400 нафар муҳоҷир аз Тоҷикистон бо сабаби фиреб хӯрдан аз тарафи корфармо муроҷиат мекунанд. Фасли тобистон шумори шикояткунандагон ба хусус зиёд мегардад, вале маркази "Муҳоҷират ва ҳуқуқ" мегӯяд, тавони расидагӣ ба ҳамаи ин шикоятҳоро надорад.