Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Дар парвандаи марги Азизбек иттиҳоми "авбошӣ"-ро бо "одамкушӣ' иваз карданд. ВИДЕО


Азизбек Раҷабов, сокини ноҳияи Айнӣ, ки дар муноқишае ҳалок шуд
Азизбек Раҷабов, сокини ноҳияи Айнӣ, ки дар муноқишае ҳалок шуд

Додситонии кулли Тоҷикистон иттиҳоми “авбошӣ” ва “қасдан расонидани зарар ба саломатӣ” нисбат ба як сокини ноҳияи Айниро бекор намуд ва ӯро ба “одамкушӣ” айбдор эълон кард.

Сарбоз Раҳмонов, сокини деҳаи Ёвони ноҳияи Айнӣ дар пайи шикояти наздикони Азизбек Раҷабов, ҷавони 18-сола аз деҳаи Ревади Поёни ин ноҳия, ки рӯзи 31-уми июл дар муноқишае ҳалок шуд, боздошт гардид.

ХУСУМАТИ ҶАВОНОНИ ДУ ДЕҲА?

Занозанӣ дар рӯзи Иди Қурбон, дар деҳаи Ёвони ҷамоати Урметани ноҳияи Айнӣ, иттифоқ афтодааст ва сокинон сабаби онро "хусумати ҷавонони ду деҳа" меноманд. Се ҷавони дигар низ, ки дар ин занозанӣ ширкат кардаанд, бо гумони “авбошӣ” дар боздоштанд. Назари наздикони онҳо маълум нест.

Мақомот Сарбоз Раҳмоновро дар ибтидо ба “авбошӣ” ва “қасдан расонидани зарар ба саломатӣ, ки боиси марг мегардад”, айбдор карданд.

Ин ду модда аз 5 то 8 соли зиндонро пешбинӣ мекунанд.

Пайвандони Азизбек Раҷабов аз натиҷаҳои тафтиш эътироз карданд ва гуфтанд, ки марги писарашон бояд ҳамчун куштор таҳқиқ шавад.

Дар як номаи Додситонии кулли Тоҷикистон, ки нусхаи он рӯзи 22-юми декабр ба дасти Радиои Озодӣ расидааст, гуфта мешавад, ки пас аз “омӯзишӣ такрории парвандаи ҷиноятӣ нисбати Раҳмонов Сарбоз бо моддаи 104, қисми 3, банди “в” парвандаи ҷиноятӣ боз шуд”.

Ин модда дар Кодекси ҷиноятӣ "Одамкӯшӣ" ном дорад ва аз 15 то 25 сол маҳрум сохтан аз озодиро пешбинӣ кардааст.

Абдуғаффор Ҳикматуллозода,муовини аввали Додситонии кулл зери ин нома имзо гузоштааст зикр кардааст, ки тафтишоти қазияи куштори Азизбек минбаъд бар души Раёсати тафтиши парвандаҳои ҷиноятии махсусан муҳим гузошта шуд.

НАЗАРИ ПАЙВАНДОНИ САРБОЗ МАЪЛУМ НЕСТ

Назари пайвандони Сарбоз Раҳмонов ва се ҷавони дигари боздоштшуда ҳанӯз дастраси Радиои Озодӣ нашудааст ва маълум нест, ки то куҷо айбномаро дуруст мешуморанд. Маъмулан, дар чунин ҳолатҳо пайвандони боздоштшудаҳо адвокат мегиранд ва ба бегуноҳии наздиконашон пойфишорӣ мекунанд.

Бар асоси тафтиши ин қазия нисбати айбдоршавандаҳои дигар--Ҳабибулло Бурҳонов, Мақсудҷон Ниёзов ва Тамкин Раҳмонов бо моддаи авбошӣ (моддаи 237-и Кодекси ҷиноӣ) парванда боз карда шудааст.

Дар марги Азизбек, ки дар як занозанӣ дар рӯзи Иди Қурбон маҷрӯҳ шуда, дар бемористон ҷон дод, чаҳор ҷавони ҳамдеҳаи ӯ муттаҳам дониста мешаванд. Се нафари онҳо дар боздошт қарор доранд, аммо яке аз онҳо ба гуфтаи пайвандони Азизбек дар озодӣ аст.

Нурмурод Раҷабов, падари Азизбек, ки дар Русия дар муҳоҷирати корӣ қарор дорад, рузи 20-уми декабр ба Радиои Озодӣ гуфт, мехоҳад қотилони фарзандаш ҷазои сазовор гиранд.

Ӯ мегӯяд, ҳанӯз яке аз гумонбарон, ки ба иддаои ӯ, "пуштупаноҳ дорад", дар озодӣ аст.

"Бисёр аламовар аст. Ман ягон талаби иловагӣ надорам, бигзор қонун онҳоро ҷазо диҳад,”--мегӯяд ӯ.

АЗИЗБЕК ТО ДОНИШГОҲ НАРАСИД

Бобохон Бобохонов, тағои нафаре, ки волидайни Азизбек ӯро як тан аз гумонбарон медонанд, дар суҳбат ба Радиои Озодӣ гуфт, ки “мақомот тафтиш карданд ва ӯ гуноҳ надорад.”

Азизбек Раҷабов имсол ба Донишгоҳи кишоварзии Тоҷикистон қабул шуда, рӯзи 31-уми июл ҳамроҳи чанде аз ҳамсолонаш ба Душанбе бояд сафар мекард. Наздиконаш мегӯянд, ӯ бояд рӯзи 3-юми август дар Донишгоҳи кишоварзӣ ҳозир мешуд ва ҳуҷҷатҳояшро месупурд.

Ҳодисаи занозанӣ замоне рӯх додааст, ки ӯ дар интизори таксӣ барои сафар ба Душанбе будааст.

Видео суҳбати модари Азизбек Раҷабов аз бойгонии Радиои Озодӣ.

Модар талаб дорад, ки қотили писараш ба ҷавобгарӣ кашида шавад
лутфан мунтазир бошед

Феълан кор намекунад

0:00 0:03:20 0:00

XS
SM
MD
LG