Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Дар марги ҷавоне аз ноҳияи Айнӣ чаҳор нафар гумонбар шудаанд


Азизбек Раҷабов, сокини ноҳияи Айнӣ, ки дар занозанӣ маҷруҳ шуда, дар бемористон ҷон бохт
Азизбек Раҷабов, сокини ноҳияи Айнӣ, ки дар занозанӣ маҷруҳ шуда, дар бемористон ҷон бохт

Дар робита ба марги Азизбек Раҷабов, сокини 18-солаи ноҳияи Айнии вилояти Суғд, ки дар як занозанӣ дар рӯзи Иди Қурбон маҷруҳ шуда, дар бемористон ҷон дод, чаҳор ҷавон муттаҳам шудаанд. Ба иттилои дарёфтӣ, се нафари онҳо дар боздоштанд ва як ҷавони дигар бо шарти берун нарафтан аз маҳалли зист дар озодӣ аст.

Як манбаъ дар Додситонии ноҳияи Айнӣ рӯзи 12-уми август ба Радиои Озодӣ гуфт, нисбат ба

Ҳабибулло Раҳмонов,

Мақсудҷон Ниёзов

ва Тамкин Раҳмонов

бо моддаи авбошӣ (моддаи 237-и Кодекси ҷиноӣ) ва нисбат ба

Сарбоз Раҳмонов

барои қасдан расондани зарари вазнин ба саломатӣ (моддаи 110-и Кодекси ҷиноӣ) парванда кушодаанд.

Ин манбаъ мегӯяд, ҷавононро бозпурсӣ карда, баёноташонро гирифтаанд, вале нахост ҷузъиёти онро ошкор кунад.

Кӯшишҳои мо барои суҳбат бо пайвандони чаҳор ҷавони гумонбар то ин дам бенатиҷа буд. Дар сурати ба даст омадани назари онҳо дар ҳамин ҷо нашр хоҳем кард.

Аммо хонаводаи Азизбек Раҷабов аз ҷараёни тафтишот розӣ нестанд ва мегӯянд, ба муттаҳамон айбҳои сабук пешниҳод шудааст. Хуршед Раҷабов, бародари Азизбек Раҷабов, рӯзи 12-уми август дар суҳбати телефонӣ бо Радиои Озодӣ гуфт, "мебоист ҷазои сахттар медоданд, чун онҳо бародарамро зада, сахт маҷруҳ карданд ва ӯ дар бемористон даргузашт."

Ҳодиса рӯзи 31-уми июл рух додааст. Бо гузашти тақрибан ду ҳафта ҳанӯз мақомот сабаби аслии занозании ҷавононро, ки боис ба марги як нафари онҳо шуд, нагуфтаанд. Танҳо модари Азизбек Раҷабов ва пайвандони дигараш дар суҳбати пешинаи худ бо Радиои Озодӣ ишора карданд, ки ин ҳосили "хусумати байни деҳаҳои Ревад ва Ёвони ноҳияи Айнӣ аст".

Азизбек Раҷабов аз деҳаи Ревад ва чаҳор ҷавони гумонбар аз деҳаи Ёвони ноҳияи Айнӣ ҳастанд. Мақомот то ҳол ин фарзияро тасдиқ ё рад накардаанд.

Азизбек Раҷабов имсол ба Донишгоҳи кишоварзии Тоҷикистон қабул шуда, рӯзи 31-уми июл қасд доштааст ҳамроҳи чанде аз ҳамсолонаш ба Душанбе равад. Наздиконаш мегӯянд, ӯ бояд рӯзи 3-юми август дар Донишгоҳи кишоварзӣ ҳозир мешуд ва ҳуҷҷатҳояшро месупурд. “Аммо модараш хостааст, то расидани таксӣ харашонро аз боғ биорад ва ин ҳодиса рух додааст”, -- гуфт як нафари огоҳ аз қазия.

Занозанӣ миёни наврасону ҷавонон дар солҳои охир ба яке аз мушкилоти доғ табдил ёфтааст. Дар чунин занозаниҳо гоҳе ҷавонон аз корду силоҳҳои дигар истифода мекунанд ва ба захмӣ шудан ё марги якдигар сабаб мегарданд.

Ахиран дар ҷараёни як тафтиши ҷавонони мактабҳои пойтахти Тоҷикистон се корду навъҳои дигари силоҳи сард ёфтаву мусодира кардаанд. Соли гузашта ҳангоми занозании ду гурӯҳи наврасон дар ноҳияи Синои шаҳри Душанбе камаш 20 нафар дастгир шуда буд.

Корбарони азиз!

Ҳангоми навиштани шарҳ аз истифодаи таҳқиру тӯҳмат нисбат ба якдигар, намояндагони қавму миллатҳо ва динҳои гуногун худдорӣ кунед. Шарҳҳое, ки дорои туҳмату таҳқир, дашном ва иттилооти дурӯғанд ё гурӯҳеро таблиғ мекунанд, нашр карда намешаванд!
XS
SM
MD
LG