Додгоҳи ноҳияи Восеъ дар қазияи пурсарусадое нуқта гузошт. Бо як ҳукми додгоҳ, Зафар Пиров, сокини деҳаи Чорбоғи ноҳия барои ба худкушӣ расонидани ҳамсари ҷавонаш Раҷаббӣ Хуршеди 18-сола гунаҳгор эълон шуда ба 7 соли зиндон маҳкум гардид.
Таърихи судури ҳукми додгоҳ мушаххас нест. Манбае дар додгоҳи Восеъ ба Радио Озодӣ рӯзи 24 август гуфт, ки ин ҳукм чанд рӯзи пеш содир шуда, Пиров аз рӯи моддаи 109-и Кодекси ҷиноии Тоҷикистон гунаҳгор эълон шудааст. Дар сухани охирини худ айбдоркунандаи давлатӣ ҳам аз додгоҳ хоста буд, ки
Фирӯзи Хуршед, бародари Раҷаббӣ мегӯяд, аз қарори додгоҳ огоҳ аст, вале хонавода аз марги фоҷеабори хоҳараш ҳанӯз ҳам дар ҳолати шок қарор доранд
шавҳари ин зани аз роҳи истеъмоли сирко ба ҳалокатрасида ба 7 соли зиндон маҳкум шавад. Моддаи 109 барои ба худкушӣ расонидан бо роҳи таҳдид, муносибати бераҳмона ва паст задани мунтазами шаъну эътибор ҷазоро пешбинӣ мекунад.
Ҳафиза Сафарова, мудири идораи кор бо занон ва оилаи ҳукумати ноҳияи Восеъ дар суҳбат ба Радиои Озодӣ гуфт, ки қазияи марги Раҷаббӣ Хуршед мақомоти маҳаллиро нигарон карда буд ва ҳоло додгоҳ дар ин қазия нуқта гузошт: "Ҷавонро равонаи зиндон карданд, ин қазия моро ба ташвиш овард. Мо бо мардум кор кардем, ки ба амали зишт даст назананд".
Наздикони Зафар Пиров аз шарҳи ҳукми зиндон худдорӣ карданд. Бародари ӯ Манучеҳр Пиров нагуфт, ки то куҷо хонавода барои бозбинӣ шудани ҳукми зиндон шикоят хоҳад кард ё на.
Қурбоналӣ Бобоев, вакили мудофеи Зафар Пиров дар суҳбати кӯтоҳи телефонӣ бо Радиои Озодӣ гуфт, ки ӯ бидуни зерҳимояаш изҳорӣ назар намекунад: "Ман ҳеҷ чиз гуфта наметавонам, бояд иҷозаи Пиров бошад, метавонед аз наздиконаш пурсед."
Дар ҳамин ҳол дар додгоҳи ноҳияи Восеъ гуфтанд, ки онҳо шикоятеро аз наздикон ва ё вакили Зафар Пиров аз болои ҳукми додгоҳ феълан ба даст наовардаанд.
Тибқи иттилои расмӣ аз ҳукумати ноҳияи Восеъ мурофиаи Зафар Пиров ба хотири онки баҳси бакорат матраҳ мешуд, пушти дарҳои баста сурат гирифт ва нафаре ҳам аз ҷониби ҷабрдида натавонистааст дар мурофиа ширкат кунад. Фирӯзи Хуршед, бародари Раҷаббӣ мегӯяд, аз қарори додгоҳ огоҳ аст, вале хонавода аз марги фоҷеабори хоҳараш ҳанӯз ҳам дар ҳолати шок қарор доранд: "Ман худам чанд бор баёнот додам, мурофиа тамом шуд. Апаамро ба худкушӣ расонидаанд."
Арӯси 40-рӯза тобу тоқати шубҳаи "нодухтариро" бардошта натавонист
Додситонии Восеъ, ки парвандаи марги Раҷаббӣ Хуршедро дар таърихи 22 июн таҳқиқ кардааст, ба хулосае омад, ки арӯси 40-рӯза баъди баҳси покдоманӣ ё бокирагияш бо ҳамсар сирко хӯрда баъди якчанд рӯз дар бемористон ҷон дод. Худи Раҷаббӣ чанд дақиқа пеш аз маргаш дар видеое, ки дар шабакаҳои иҷтимоӣ чарх мезанад гуфтааст, ки ӯро туҳмат кардаанд, ки ба хурдани сирко талоши худкушӣ кардааст.
Зафар Пиров то охири моҳи июл, яъне то баррасии парвандаи марги ҳамсараш дар озодӣ буд. Баъдан ӯ бо қарори Додгоҳи ноҳияи Восеъ ба ҳабс гирифта шуд.
Номи Зафар Пиров, сокини 24-солаи ноҳияи Восеъ, баъд аз марги Раҷаббӣ Хуршед расонаӣ гардид. Ӯ рӯзи 6-уми июли имсол дар сӯҳбат бо Радиои Озодӣ гуфта буд, дар ин қазия худро гунаҳкор намедонад ва ба тафтиши мунсифона умед бастааст. “Танҳо талаб карда будам, ки ҳақиқатро гӯяд. Яъне, кӣ ин корро бо ӯ кардааст? Як забонхат навишта буд, ки розӣ ҳаст, ба болояш зани дигар гирам. Дар баёноташ гуфта буд, ки нодухтар аст. Баъд аз инки гуфтам, либосатро пӯш ба хонаатон мебарам, сирко хӯрда ва дар бемористон даргузашт”, - нақл карда буд Пиров.
Аммо хонаводаи Раҷаббӣ Хуршед ба ин иддаои Зафар Пиров бовар надоранд. Фазила Мирзоева, модари Раҷаббӣ, гуфт, “духтарам покдоман буд ва ташхиси пеш аз никоҳ низ ин нуктаро тасдиқ кардааст. Вай дар натиҷаи тӯҳмат ва хушунати равониву ҷисмӣ даст ба худкушӣ даст зад. Ба ӯ таҳдид кардаанд, ки ба касе ҳам чизе нагӯяд. Духтарам танҳо пеш аз маргаш гуфт, ки ба ӯ тӯҳмат кардаанд.”
Санади бакорат ҳам кӯмак накард
Раҷаббӣ Хуршед моҳи майи имсол тӯйи арӯсӣ дошт ва ба сифати келин ба хонадони Зафар Пиров, сокини деҳаи Чорбоғи ноҳияи Восеъ, қадам гузошт. Арӯсу домод қабл аз издивоҷ бо ҳам ошно набуданд ва танҳо дар шаби арӯсӣ бо ҳам наздик шуданд. Баҳси бакорат низ аз ҳамин шаб маншаъ гирифтааст.
Дар ҳоле ки Раҷаббӣ Хуршед бар пояи қонунҳои Тоҷикистон қабл аз издивоҷ аз муоинаи пизишкон, бо шумули ташхиси бакорат, гузашта буд ва дар ин замина санад дошт, аммо домод ба покдомании арӯс шубҳа карда ва рӯзи дигар ӯро барои ташхис ба бемористони ноҳияи Восеъ ва сипас шаҳри Душанбе бурд.
Дар ҷомеаи суннатии Тоҷикистон ба мавзӯи бакорат ё покдомании духтарон ҷиддӣ бархӯрд мешавад. Бино ба омори расмӣ, дар соли 2014 ба Маркази ҷумҳуриявии экспертизаи тиббиву судӣ танҳо аз шаҳри Душанбе ва ноҳияҳои тобеи марказ барои ташхиси судӣ-тиббии бакорат 600 кас муроҷиат кардаанд. Омори се соли ахир дар даст нест.