Зафар Пиров – ҳамсари Раҷаббӣ Хуршед, ки моҳи июн, баъд аз баҳси чиҳилрӯзаи бакорат ва истеъмоли сирко дар бемористон ҷон дод, бо қарори додгоҳи ноҳияи Восеъ ба ҳабси пешакӣ гирифта шудааст. Далер Холиқмуродзода, раиси Додгоҳи ноҳияи Восеъ, рӯзи 31-уми июл ба Радиои Озодӣ гуфт, ки Пиров охири ҳафтаи гузашта дар доираи парвандаи марги ҳамсараш боздошт гардид. Алайҳи Зафар Пиров бо иттиҳоми “ба худкушӣ расондан” парвандаи ҷиноӣ боз шудааст.
Танҳо талаб карда будам, ки ҳақиқатро гӯяд. Яъне, кӣ ин корро бо ӯ кардааст?
Пайвандони Зафар Пиров нахостанд, ки дар ин бора сӯҳбат кунанд. Гӯшии телефони ҳамроҳи ӯро низ бародараш бардошт ва гуфт, "чизе намедонад".
Додситони ноҳияи Восеъ тақрибан ду ҳафта пеш дар як нишасти хабарӣ гуфт, парвандаи ҷиноии ба худкушӣ расондани Раҷаббӣ Хуршедро анҷом дода, барои баррасӣ ба додгоҳ фиристод. Хонаводаи Раҷаббӣ шавҳари ӯро омили асосии марги духтарашон медонанд ва дар гузашта борҳо хостори боздошти ӯ шуда буданд. Зафар Пиров дар ҷараёни тафтиши парвандаи марги ҳамсараш бо шарти берун нарафтан аз маҳалли иқомат дар озодӣ буд.
Пайвандони Раҷаббӣ Хуршед дар сӯҳбат бо Радиои Озодӣ гуфтанд, баҳси парвандаи марги духтарашон рӯзи 31-уми июл дар Додгоҳи ноҳияи Восеъ шуруъ шуд. Аммо онҳо гуфтанд, ба мурофиа танҳо модари хонавода Фазила Мирзоева роҳ ёфтааст.
Номи Зафар Пиров, сокини 24-солаи ноҳияи Восеъ, баъд аз марги Раҷаббӣ Хуршед расонаӣ гардид. Мақомоти тафтишотӣ гуфтанд, Раҷаббӣ Хуршед гӯё баъд аз чиҳил рӯзи баҳс дар бораи покдомании ӯ сирко хӯрда, рӯзи 22-юми июн дар бемористони ноҳияи Восеъ ҷон дод.
Дар як навори видеоӣ, ки бародари Раҷаббӣ дар шабакаи Ютуб нашр кард, худи ӯ бо онки ба сахтӣ гап мезад, гуфт, “дигар тоби бардоштани ин таънаҳоро надошт ва тасмим гирифт, бо хӯрдани сирко худкушӣ кунад”.
Зафар Пиров рӯзи 6-уми июл дар сӯҳбат бо Радиои Озодӣ гуфта буд, дар ин қазия худро гунаҳкор намедонад ва ба тафтиши мунсифона умед бастааст. “Танҳо талаб карда будам, ки ҳақиқатро гӯяд. Яъне, кӣ ин корро бо ӯ кардааст? Як забонхат навишта буд, ки розӣ ҳаст, ба болояш зани дигар гирам. Дар баёноташ гуфта буд, ки нодухтар аст. Баъд аз инки гуфтам, либосатро пӯш ба хонаатон мебарам, сирко хӯрда ва дар бемористон даргузашт”, - нақл карда буд Пиров.
Хонаводаи Раҷаббӣ Хуршед ба ин иддаои Зафар Пиров бовар надоранд ва аз раиси ҷумҳур ва мақомоти дигари Тоҷикистон талаб доранд, ки қазияро ҷиддан муҳокима ва омили марги духтарашонро муҷозот кунанд.
Фазила Мирзоева, модари Раҷаббӣ, гуфта буд, “духтарам покдоман буд ва ташхиси пеш аз никоҳ низ ин нуктаро тасдиқ кардааст. Вай дар натиҷаи тӯҳмат ва хушунати равониву ҷисмӣ даст ба худкушӣ даст задааст. Ба ӯ таҳдид кардаанд, ки ба касе ҳам чизе нагӯяд. Ду бор ба хабаргириаш рафта будам, ба ман чизе нагуфт. Шояд бовар дошт, ки зиндагиаш хуб мешавад. Духтарам танҳо пеш аз маргаш гуфт, ки ба ӯ тӯҳмат кардаанд.”
Раҷаббӣ Хуршед моҳи майи имсол тӯйи арӯсӣ дошт ва ба сифати келин ба хонадони Зафар Пиров, сокини деҳаи Чорбоғи ноҳияи Восеъ, қадам гузошт. Арӯсу домод қабл аз издивоҷ бо ҳам ошно набуданд ва танҳо дар шаби арӯсӣ бо ҳам наздик шуданд. Баҳси бакорат низ аз ҳамин шаб маншаъ гирифтааст.
Дар ҳоле ки Раҷаббӣ Хуршед бар пояи қонунҳои Тоҷикистон қабл аз издивоҷ аз муоинаи пизишкон, бо шумули ташхиси бакорат, гузашта буд ва дар ин замина санад дошт, аммо домод ба покдомании арӯс шубҳа карда ва рӯзи дигар ӯро барои ташхис ба бемористони ноҳияи Восеъ ва сипас шаҳри Душанбе бурд.
Дар ҷомеаи суннатии Тоҷикистон ба мавзӯи бакорат ё покдомании духтарон ҷиддӣ бархӯрд мешавад. Чандин назарнависони вебсайти Радиои Озодӣ ва корбарони шабакаҳои иҷтимоӣ дар гузашта дар мавзӯи марбут ба бакорат навишта буданд, издивоҷ бо духтаронеро қабул доранд, ки касе ба ӯ даст нарасонда бошад. Бино ба омори расмӣ, дар соли 2014 ба Маркази ҷумҳуриявии экспертизаи тиббиву судӣ танҳо аз шаҳри Душанбе ва ноҳияҳои тобеи марказ барои ташхиси судӣ-тиббии бакорат 600 кас муроҷиат кардаанд. Омори се соли ахир дар даст нест.