Намояндаи додситонӣ ё айбдоркунандаи давлатӣ аз Додгоҳи ноҳияи Восеъ хостааст, ки Зафар Пиров – “қаҳрамон”-и моҷарои бакоратро ба беш аз 7 соли зиндон маҳкум кунад. Пиров барои ба худкушӣ расондани ҳамсари ҳаждаҳсолааш Раҷаббӣ Хуршед муттаҳам аст.
Наздикони Раҷаббӣ Хуршед мегӯянд, ки ӯ бар пояи қонунҳои Тоҷикистон қабл аз издивоҷ аз муоинаи пизишкон, бо шумули ташхиси бакорат, гузашта буд
Раҷаббӣ баъд аз баҳси чиҳилрӯзаи бакорат ва истеъмоли сирко рӯзи 22-юми июни имсол дар бемористон ҷон дод. Зафар Пиров то охири моҳи июл, яъне то баррасии парвандаи марги ҳамсараш дар озодӣ буд. Баъдан ӯ бо қарори Додгоҳи ноҳияи Восеъ ба ҳабс гирифта шуд.
Наздикони Зафар Пиров рӯзи 5-уми август дар сӯҳбат бо Радиои Озодӣ гуфтанд, ки талаби додситон барои маҳкумияти ӯ дар мурофиаи рӯзи ҷумъа изҳор шуд ва ҳанӯз ниҳоӣ нест. Яке аз бародарони Зафар Пиров гуфт, додрас баъди ироаи сухани охирини Пиров ва суолу ҷавоб бо шоҳидон ба хонаи машваратӣ хоҳад рафт.
Азбаски мурофиаи Зафар Пиров паси дарҳои баста ва бо ҳузури ками тарафи даъвогар ва ҷабрдида баргузор мешавад, ҷузъиёти бештари қазия рӯшан нест. Фирӯз, бародари Раҷаббӣ Хуршед, ҳам гуфт, интизор меравад, ба зудӣ қарори додгоҳ содир ва ба ин баҳс нуқта гузошта шавад. Ба қавли ӯ дар ин мурофиа танҳо модараш Фазила Мирзоева иштирок дорад.
Номи Зафар Пиров, сокини 24-солаи ноҳияи Восеъ, баъд аз марги Раҷаббӣ Хуршед расонаӣ гардид. Мақомоти тафтишотӣ гуфтанд, Раҷаббӣ Хуршед гӯё баъд аз чиҳил рӯзи баҳс дар бораи покдомании ӯ сирко хӯрда, рӯзи 22-юми июн дар бемористони ноҳияи Восеъ ҷон дод. Дар як навори видеоӣ, ки бародари Раҷаббӣ дар шабакаи Ютуб нашр кард, худи ӯ бо онки ба сахтӣ гап мезад, гуфт, “дигар тоби бардоштани ин таънаҳоро надошт ва тасмим гирифт, бо хӯрдани сирко худкушӣ кунад”.
Дар ҷомеаи суннатии Тоҷикистон ба мавзӯи бакорат ё покдомании духтарон ҷиддӣ бархӯрд мешавад.
Зафар Пиров рӯзи 6-уми июли имсол дар сӯҳбат бо Радиои Озодӣ гуфта буд, дар ин қазия худро гунаҳкор намедонад ва ба тафтиши мунсифона умед бастааст. “Танҳо талаб карда будам, ки ҳақиқатро гӯяд. Яъне, кӣ ин корро бо ӯ кардааст? Як забонхат навишта буд, ки розӣ ҳаст, ба болояш зани дигар гирам. Дар баёноташ гуфта буд, ки нодухтар аст. Баъд аз инки гуфтам, либосатро пӯш ба хонаатон мебарам, сирко хӯрда ва дар бемористон даргузашт”, - нақл карда буд Пиров.
Аммо хонаводаи Раҷаббӣ Хуршед ба ин иддаои Зафар Пиров бовар надоранд. Фазила Мирзоева, модари Раҷаббӣ, гуфт, “духтарам покдоман буд ва ташхиси пеш аз никоҳ низ ин нуктаро тасдиқ кардааст. Вай дар натиҷаи тӯҳмат ва хушунати равониву ҷисмӣ даст ба худкушӣ даст зад. Ба ӯ таҳдид кардаанд, ки ба касе ҳам чизе нагӯяд. Духтарам танҳо пеш аз маргаш гуфт, ки ба ӯ тӯҳмат кардаанд.”
Раҷаббӣ Хуршед моҳи майи имсол тӯйи арӯсӣ дошт ва ба сифати келин ба хонадони Зафар Пиров, сокини деҳаи Чорбоғи ноҳияи Восеъ, қадам гузошт. Арӯсу домод қабл аз издивоҷ бо ҳам ошно набуданд ва танҳо дар шаби арӯсӣ бо ҳам наздик шуданд. Баҳси бакорат низ аз ҳамин шаб маншаъ гирифтааст.
Дар ҳоле ки Раҷаббӣ Хуршед бар пояи қонунҳои Тоҷикистон қабл аз издивоҷ аз муоинаи пизишкон, бо шумули ташхиси бакорат, гузашта буд ва дар ин замина санад дошт, аммо домод ба покдомании арӯс шубҳа карда ва рӯзи дигар ӯро барои ташхис ба бемористони ноҳияи Восеъ ва сипас шаҳри Душанбе бурд.
Дар ҷомеаи суннатии Тоҷикистон ба мавзӯи бакорат ё покдомании духтарон ҷиддӣ бархӯрд мешавад. Бино ба омори расмӣ, дар соли 2014 ба Маркази ҷумҳуриявии экспертизаи тиббиву судӣ танҳо аз шаҳри Душанбе ва ноҳияҳои тобеи марказ барои ташхиси судӣ-тиббии бакорат 600 кас муроҷиат кардаанд. Омори се соли ахир дар даст нест.