Додситони ноҳияи Восеъ парвандаи ҷиноии ба худкушӣ расонидани Раҷаббӣ Хуршедро анҷом дода онро ба додгоҳ ирсол намуд. Рӯзи 20 июл дар як нишасти матбуотӣ Шаҳбоз Ниёзӣ, додситони ноҳияи Восеъ гуфт, ки тафтишот баъди омӯзиши қазия ва шунидани назари ҳама ҷонибҳо парвандаро анҷом дода, ба баррасии додгоҳ фиристод.
Додситон гуфт, ки ин парванда вуҷуди нишонаҳои моддаи 109, яъне "ба худкушӣ расонидани шахс"-ро собит кард ва аз рӯи ҳамин иттиҳом қазияро ба баррсии додгоҳ ирсол кард. Ин модда муҷозотро аз 5 то 8 соли зиндон пешбинӣ мекунад.
Раҷаббӣ Хуршеди 18-сола рӯзи 22 июн баъди истеъмоли сирко дар бемористон ҷон дод. Худи ӯ пеш аз марг ва наздиконаш гуфтанд, ки арӯси 40-рӯзи иттиҳоми шавҳараш Зафар Пировро, ки ҳамсарро дар нодухтарӣ пеш аз издивоҷ муттаҳам кардааст, ба худкушӣ водор кард. Қазияи бакорат ва фоҷеаи Раҷаббӣ дар як моҳи охир яке аз пурбаҳстарин матолиб дар матбуоти дохилӣ ва хориҷӣ шуд.
Шаҳбоз Ниёзӣ гуфт, ки парвандаи мазкурро додситонии ноҳияи Восеъ баррасӣ мекунад. Зафар Пиров дар як сӯҳбаташ бо Радиои Озодӣ гуфта буд, ки худро дар ин қазия гунаҳкор намедонад ва ба тафтиши мунсифона умед дорад.
Зафар Пиров бо шарти берун нарафтан аз маҳалли иқомат дар озодӣ ба сар мебарад. Рӯзи 20 июл дар як сӯҳбати телефонӣ бо Радиои Озодӣ Пиров гуфт, ки дар бораи ба баррасии додгоҳ рафтани қазия хабар дорад ва мунтазир аст, ки кай мурофиа шурӯъ мешавад: "Зуд-зуд ба прокуратура даъват мешудам, вале баъд гуфтанд, ки кор дигар дар додгоҳ аст".
Дар ҳамин ҳол, хешовандони Раҷаббӣ Хуршед, ки ба гунаҳгор будани домоди собиқашон бовар доранд, мехоҳанд, ки додгоҳ қарори мунсифона содир кунад.
Гузориши видеоиро дар инҷо тамошо кунед:
Раҷаббӣ забонхат навишта буд?
Танҳо талаб карда будам, ки ҳақиқатро гӯяд. Яъне, ин корро бо ӯ кардааст?
Номи Зафар Пиров, сокини 24-солаи ноҳияи Восеъ, баъд аз марги Раҷаббӣ Хуршед расонаӣ гардид. Мақомоти тафтишотӣ гуфтанд, ки Раҷаббӣ Хуршед гӯё баъд аз чиҳил рӯзи баҳс дар бораи покдомании ӯ сирко хӯрда, 22-юми июн дар бемористони ноҳияи Восеъ ҷон дод. Дар як навори видеоӣ, ки бародари Раҷаббӣ дар шабакаи Ютуб нашр кардааст, худи бо онки ба сахтӣ гап мезад, гуфт, “дигар тоби бардоштани ин таънаҳоро надошт ва тасмим гирифт, ки бо хӯрдани сирко худкушӣ кунад”.
Зафар Пиров рӯзи 6-уми июл дар сӯҳбат бо Радиои Озодӣ гуфт, ки дар ин қазия худро гунаҳкор намедонад ва ба тафтиши мунсифона умед бастааст. “Танҳо талаб карда будам, ки ҳақиқатро гӯяд. Яъне, кӣ ин корро бо ӯ кардааст? Як забонхат навишта буд, ки розӣ ҳаст, ба болояш зани дигар гирам. Дар баёноташ гуфта буд, ки нодухтар аст. Баъд аз инки гуфтам, либосатро пӯш ба хонаатон мебарам, сирко хӯрда ва дар бемористон даргузашт”, - гуфт Пиров.
"Ҳамсарам бемории пӯст ҳам дошт"
Ин сокини ноҳияи Восеъ мегӯяд, худкушии ҳамсараш ӯро низ дар ҳолати ногувор гузоштааст ва ҳоло азоби виҷдон мекашад. Вай гуфт, “ҳамсарам бемории пӯст низ дошт, аммо ба касе шикоят накардам. Аз ин ҳолат, ки ба миён омад, азоби виҷдон дорам. Ман марги ӯро намехостам, балки талош доштам, харҷи тӯямро баргардонанд. Дар рӯзи марги ҳамсарам низ ба мақомот баёнот дода будам.”
Зафар Пиров мегӯяд, ки ӯ барои маросими хонадоршавиаш дар маҷмуъ 22 ҳазор сомонӣ харҷ карда буд ва мехост, 13 ҳазор сомониашро хонаводаи Раҷаббӣ баргардонад. Ӯ, инчунин, гуфт, барои рафъи шубҳааш ду дафъа Раҷаббиро дар ноҳияи Восеъ ва шаҳри Душанбе низ ташхис кард. Ба қавли Зафар Пиров, ҳардуи ташхис низ ба наъфи ҳамсараш тамом шуданд, вале натавонистанд гумони ӯро дар бораи нодухтариаш рафъ намоянд.
Модари Раҷаббӣ: Духтарам дар пайи туҳмату хушунат худкушӣ кардааст
Хонаводаи Раҷаббӣ Хуршед ба ин иддаои Зафар Пиров бовар надоранд ва аз раиси ҷумҳур ва мақомоти дигари Тоҷикистон талаб доранд, ки қазияро ҷиддан муҳокима ва омили марги духтарашонро муҷозот кунанд. Фазила Мирзоева, модари Раҷаббӣ, гуфт, “духтарам покдоман буд ва ташхиси пеш аз никоҳ низ ин нуктаро тасдиқ кардааст. Вай дар натиҷаи тӯҳмат ва хушунати равониву ҷисмӣ даст ба худкушӣ даст задааст. Ба ӯ таҳдид кардаанд, ки ба касе ҳам чизе нагӯяд. Ду бор ба хабаргириаш рафта будам, ба ман чизе нагуфт. Шояд бовар дошт, ки зиндагиаш хуб мешавад. Духтарам танҳо пеш аз маргаш гуфт, ки ба ӯ тӯҳмат кардаанд.”
Раҷаббӣ Хуршед моҳи майи имсол тӯйи арӯсӣ дошт ва ба сифати келин ба хонадони Зафар Пиров, сокини деҳаи Чорбоғи ноҳияи Восеъ, қадам гузошт. Арӯсу домод қабл аз издивоҷ бо ҳам ошно набуданд ва танҳо дар шаби арӯсӣ бо ҳам наздик шуданд. Баҳси бакорат низ аз ҳамин шаб маншаъ гирифтааст.
600 дархости ташхиси бакорат дар як сол
Дар ҳоле ки Раҷаббӣ Хуршед бар пояи қонунҳои Тоҷикистон қабл аз издивоҷ аз муоинаи пизишкон, бо шумули ташхиси бакорат, гузашта буд ва дар ин замина санад дошт, аммо домод ба покдомании арӯс шубҳа карда ва рӯзи дигар ӯро барои ташхис ба бемористони ноҳияи Восеъ ва сипас шаҳри Душанбе бурд.
Дар ҷомеаи суннатии Тоҷикистон ба мавзӯи бакорат ё покдомании духтарон ҷиддӣ бархӯрд мешавад. Чандин назарнависони вебсайти Радиои Озодӣ ва корбарони шабакаҳои иҷтимоӣ дар гузашта дар мавзӯи марбут ба бакорат навишта буданд, издивоҷ бо духтаронеро қабул доранд, ки касе ба ӯ даст нарасонда бошад. Бино ба омори расмӣ, дар соли 2014 ба Маркази ҷумҳуриявии экспертизаи тиббиву судӣ танҳо аз шаҳри Душанбе ва ноҳияҳои тобеи марказ барои ташхиси судӣ-тиббии бакорат 600 кас муроҷиат кардаанд. Омори се соли ахир дар даст нест.