Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Як роҳбалади сайёҳон дар ноҳияи Шуғнон ғарқ шудааст


Акс аз бойгонӣ
Акс аз бойгонӣ

Як роҳбалади сайёҳон дар ноҳияи Шуғнони ВМКБ ба дарё афтида, ғарқ шудааст. Манобеи Радиои Озодӣ гуфтанд, ҷасади Файзуло Амонбоевро 28-уми август аз дарёи Шуғнон пайдо карда, ба Душанбе фиристоданд.

Наздиконаш гуфтанд, Амонбоев савори асп аз болои пул мегузашт, ки асп рамида, ӯ ба дарё афтид.

Файзулло Амонбоеви 35-сола зодаи ноҳияи Панҷакент будааст. Аз ӯ 2 фарзанд монд.

Марҳум хамткардаи Донишгоҳи тиҷоратии Тоҷикистон буда, даҳ соли ахир дар ширкатҳои сайёҳӣ дар ВМКБ тарҷумонӣ ва роҳбаладӣ мекард.

Ба иттилои Кумитаи ҳолатҳои фавқуллода, дар нимаи аввали соли равон 86 кас дар дарё ва кӯлҳо ғарқ шудаанд.

XS
SM
MD
LG