Муҳоҷирони меҳнатии синни даъват, ки тобистон барои издивоҷ ба Тоҷикистон омада буданд, пайи ҳам кишварро тарк мекунанд. Бархе аз онҳо нав арӯсӣ кардаанд.
Ин домодҳои ҷавон баъди анҷоми даъвати тирамоҳӣ ё ҳатто тобистони дигар ба хонаҳояшон бармегарданд. Ҳомиёни ҳуқуқ мегӯянд, бадрафторӣ дар артиш ва ҳам эҳтиёҷи оилаҳо ба пул бисёр ҷавонҳоро водор мекунад, ки аз артиш ба муҳоҷират фирор кунанд, ҳарчанд муҳоҷирати корӣ ҳам вақтҳои охир як кори пурмушкил ва ҳатто хатарнок шудааст.
Гуфтугӯ