Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Ширкати чинӣ дар роҳҳои Хуҷанд камераҳои назоратӣ мегузорад


Мақомот бо кумаки як ширкати чинӣ мехоҳанд дар Хуҷанд, дуюмин шаҳри калонтарини Тоҷикистон дурбинҳои назоратӣ мегузоранд. Шаҳрдори Хуҷанд мегӯяд, аксари корҳои санҷишӣ ба анҷом расидааст ва дар остонаи насби камераҳои мушоҳидавӣ ҳастанд.

Аз ин пеш дар шаҳри Душанбе ва шаҳри Хоруғ низ чунин дурбинҳоро часпонда буданд. Дар ҳоле, ки мақомот ин камераҳоро як василаи ба тартиб овардани ҳаракат дар роҳҳо мегӯянд, ронандаҳо аз ҷаримаҳои ҳангуфт шикоят доранд.

Соли равон дар хиёбони Рифъат Хоҷиеви шаҳри Хуҷанд дурбини назоратӣ насб карданд. Мақомот гуфтанд, ин камераи мушоҳидавӣ танҳо санҷишӣ аст ва ҷаримаҳоро ҳисоб намекунад.

Фирдавс Шарифзода, раиси шаҳри Хуҷанд моҳи август дар нишасти хабарӣ гуфт, дурбинҳои назоратӣ ҳамроҳ бо ширкати “Ҳуайвей” насб карда мешаванд. Ин ширкати чинӣ қаблан дар Душанбе ҳам дурбинҳои “Шаҳри бехатар”-ро гузошта буд.

“Муайян кардем, ки агар камераро насб кунем дар як шабонарӯз чӣ қадар ҷарима мешавад. 80 фоизи ҷаримаҳо аз ҳисоби набастани тасмаи бехатарӣ аст. Агар ҳоло ба ҳамин шакл монем, аз нигоҳи хароҷот ба мардум мушкил мешавад,”-афзуд раиси шаҳри Хуҷанд.

Видеоро инҷо тамошо кунед:

Ширкати чинӣ дар Хуҷанд дурбинҳои назоратӣ мегузорад
лутфан мунтазир бошед

Феълан кор намекунад

0:00 0:03:41 0:00

Ба гуфтаи шаҳрдорӣ, ба зудӣ дар 62 чорроҳаву роҳҳои маркази вилояти Суғд чунин камераҳои назоратӣ ҳаракати мошинҳоро сабт хоҳанд кард. Ин тарҳ бо қариб 12 миллион сомонӣ аз ҷониби ширкати чинии «Ҳуавей» сохта мешавад.

Бархе аз ронандагони шаҳри Хуҷанд ин навгониро як ташаббуси хуб арзёбӣ мекунанд, вале талаб доранд, ки нархи ҷаримаҳо мувофиқ ба ҷайби ронандагон бошад.

Ҷумъабой Узоқов баъди ба синни нафақа расидан мусофиркашӣ мекунад ва рӯзии хонаводаашро аз ин ҳисоб меёбад. Ин ронанда мегӯяд, ҷаримаҳо ҳар қадар камтар бошад хуб аст.

«Агар ҷаримаҳо зиёд шаванд дар кори мо он қадар фоида намемонад. Чунки ба ғайр аз ин санҷиши техникӣ (техосмотр) ва нобудкунии мошин (утилизатсия) дорем,»-мегӯяд ин ронанда.

Яке аз хиёбонҳои марказии шаҳри Хуҷанд
Яке аз хиёбонҳои марказии шаҳри Хуҷанд

Ҳарчанд нархномаи барномаи “Шаҳри бехатар” дар Хуҷанд маълум нест, вале аксари сокинон мегӯянд, ки ин тарҳ бояд ҳаракат дар роҳҳоро ба тартиб орад. Ба гуфтаи онҳо, насби камераҳо кори маъмурони пулиси роҳро осон мекунад ва ҳам пеши роҳи фасодкориро мегирад.

Сӯҳроб Мизробзода, донишҷӯи тоҷик тарафдори он аст, ки дар Хуҷанд ҳам дурбинҳои назоратӣ насб шаванд. «Барои одамони пиёдагард гузаштан аз роҳҳо душвор аст. Азбаски камера нест, ронандаҳо чихел, ки хоҳанд мошинашонро рондан мегиранд. Агар боз камераҳо мешуд, беҳтар буд».

Масъулони барномаи «Шаҳри бехатар» ҳам мегӯянд, ронандаҳо аз тарси он, ки камераҳо қонуншикании онҳоро сабт мекунад, қоидаҳои ҳаракат дар роҳро ҷиддитар риоя мекунанд ва кӯшиш мекунанд, хурдтарин қоидавайронкунӣ аз ҷониби онҳо сар назанад. Зеро ба гуфтаи масъулон, ҳадафи онҳо низ ҷаримабандӣ набуда, балки ҷорӣ намудани низом дар ҷодаҳои шаҳр аст.

Тарҳи “Шаҳри бехатар” бори аввал дар Тоҷикистон соли 2013 дар шаҳри Душанбе фаъол шуда буд. Камераҳои назоратиро ширкати “Ҳуавей” -и Чин бар асоси созишнома бо ВКД-и Тоҷикистон дар Душанбе насб кард ва ҳоло тасмим аст, ки дар дигар минтақаҳо низ амалӣ гардад.

XS
SM
MD
LG