Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Қарори истифодаи Украина аз мушакҳои дурпарвоз ҳалношуда монд


Дар Вашингтон мулоқоти президенти ИМА Ҷо Байден ва нахуствазири Бритониё Кир Стармер баргузор шуд.

Яке аз масъалаҳои калидии ин нишаст – додани иҷоза ба Украина барои истифодаи мушакҳои дурпарвоз барои ҳамла ба Русия ҳалношуда монд. Радио Свобода менависад, ҷонибҳо ба қарори ниҳоӣ нарасиданд.

Дар изҳороте, ки дар поёни ин нишаст Кохи Сафед нашр кард, ҳеҷ ишорае ба мавзӯи силоҳҳои дурпарвоз карда намешавад. Дар матни баёния фақат омадааст, ки ИМА ва Бритониё пуштибонии худро аз Украина дар дифоъ аз таҳоҷуми Русия тасдиқ карданд.

Стармер баъди анҷоми мулоқот гуфт, ки “ин нишаст дар бораи имконияти мушаххас набуд” ва ишора кард, ки идомаи мавзӯъро баъди ҷаласаи Маҷмаи кулли СММ дар моҳи сентябр баррасӣ мекунанд. Politico навишт, Стармер гуфтааст, ки “мо ба як мавқеи қавӣ расидем”. Ҷузъиёти аз ин беш дода намешавад.

Вале дар вокуниши президенти Украина Владимир Зеленский нороҳатӣ эҳсос шуд. Ӯ дар вокунишаш дар саҳифаи Х навишт: “Ҳамеша шунидани ин гап, ки “мо сараш кор мекунем”, бисёр сахт аст, чун ин дар ҳолест, ки Путин ба оташ задани шаҳру деҳоти мо идома медиҳад”. Зеленский муддати дароз аст, ки аз ҳампаймонҳои ғарбиаш тақозо дорад барои зарба задан ба ҳадафҳои низомии Русия ба Украина иҷозаи истифода аз силоҳҳои дурпарвози ғарбӣ дода шавад.

Пеш аз ҳама манзур мушакҳои амрикоии ATACMS бо қудрати расидан ба ҳадафҳои воқеъ дар масофаи 300 км ва ҳам мушакҳои англисию фаронсавии Storm Shadow аст, ки мавқеъҳои 560-километриро ҳадаф қарор дода метавонанд.

Ду манбаъ дар ҳукумати Бритониё ба Politico гуфтанд, ки ИМА ва Бритониё дар талоши ин ҳастанд, ки вуҷуди ихтилофи назар ба истифодаи Украина аз силоҳҳои дурпарвозро алайҳи ҳадафҳо дар дарунтари қаламрави Русия нишон надиҳанд. Пеш аз ҷаласа нашрияи The Times навишт, ки Бритониё ва Фаронса омода ҳастанд ба Киев иҷоза диҳанд, ки аз мушакҳо истифода шавад.

Рӯзи 12 сентябр президенти Русия Владимир Путин гуфт, ки чунин иҷозат маънои онро хоҳад дошт, ки кишварҳои узви НАТО ба таври мустақим вориди ҷанги Украина шуданд. Дар бораи чунин изҳороти Путин назари Байденро дар Вашингтон пурсиданд. Байден гуфт, “ман дар бораи Владимир Путин бисёр фикр намекунам”.

Стармер, дар навбати худ дар роҳ ба ИМА гуфт: “Ин ҷангро Русия сар кард. Русия ғайриқонунӣ ба хоки Украина ворид шуд. Русия метавонад ин ҷангро ҳар лаҳза ҳамин ҳозир ҳам анҷом диҳад”.

Гуфтугӯ

XS
SM
MD
LG