Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Чаро мақомот даъват доранд, ки тоҷикистониҳо ба Русия нараванд?


Муҳоҷирони бандмонда дар яке аз фурудгоҳҳои Русия. Акс аз соли 2020
Муҳоҷирони бандмонда дар яке аз фурудгоҳҳои Русия. Акс аз соли 2020

Сафорати Тоҷикистон дар Маскав рӯзи 10-уми сентябр ба шаҳрвандони ҷумҳурӣ тавсия дод, ки аз сафар ба Русия худдорӣ кунанд. Ин изҳорот дар ҳоле нашр мешавад, ки ҳафтаҳои охир роҳ надодани муҳоҷирони тоҷик ба Русия ва ихроҷи онҳо аз ин кишвар шиддат гирифтааст.

Як муҳоҷири тоҷик, ки ба гуфтааш рӯзи 6-уми сентябр бо чанд нафари дигар аз фурудгоҳи “Шереметово” дар Маскав “депорт” карда шудаанд, дар наворе ба муҳоҷирон паём дод, ки ба Русия наоянд, чун беасос аз даромадан ба ин кишвар маҳрум мешаванд: Кадоме омаданӣ аст, наояд ба Худо. Ана, мо омадем аз соати нуҳи саҳар, ҳоло соат яки шаб шудааст ва дар ҳамин ҷо манъ кардаанд. 12 соат зиёд гузашт, сар намедиҳанд.”

Ӯ дар суҳбат бо бахши “Мигрант Медиа” гуфт, рӯзи 3-юми сентябр бо ҳавопаймо аз Алмаато ба Маскав парвоз кард, вале дар фурудгоҳи “Шереметово” ӯ ва тоҷикони дигарро, ки аз Бохтар ва Душанбе омада буданд, нагузоштаанд ба пойтахти Русия ворид шаванд.

“Мо 23 шаҳрванди Тоҷикистон будем. Наздик ба 15 нафар аз шаҳри Бохтар. Якум бор ба Маскав омада, ягон қоидаро вайрон накарда буданд. Ҳамонҳоро ҳам гардонданд. Бе сабаб моро ба шаҳри Маскав роҳ надоданд. Ҳуҷҷатҳои мо сад фоиз дуруст буд, патент, ҳамаи чиз қонунӣ буд, вале роҳ надоданд. Мо сабабашро пурсидем, ҳамин хел гап ба мо гуфтанд, ки “ваше литсо не подходит нашей стране” ва чизи дигаре нагуфтанд,” – нақл кард ин муҳоҷири тоҷик.

Ба қавли ҳамсуҳбати “Мигрант Медиа”, ки нахост номаш фош шавад, онҳоро се шабонарӯз дар фурудгоҳ нигоҳ дошта, баъд ба ҳамон шаҳрҳое баргардонданд, ки аз он ҷо парвоз карда буданд. Мегӯяд, шароити хӯрду хоб дар фурудгоҳ бад буд.

Муҳоҷирон дар интизори парвоз ба Маскав
Муҳоҷирон дар интизори парвоз ба Маскав

“Аз ҳисоби хӯрданӣ ба мо ҳеч чиз надоданд. Як милиса дар дасташ варақ омад. Аз ҳамон варақ номи кадоме барояд, хӯрок медиҳанд ва агар номи касе набарояд аз ҳисоби худаш хӯрок мехарад. Хӯрокҳо бениҳоят қимматанд дар дарун. Ҳамин қадар медонам, ки номи ягон тоҷик дар ҳамон варақ набуд. Ҷойи хоб нест. Дар курсие, ки мешинӣ дар ҳамон ҷо хоб мекунӣ. Дарун бениҳоят хунук аст. 24 соат, шабонарӯзӣ, кондитсионер кор мекунад. Бениҳоят хунук,” – афзуд ӯ.

Дар миёни муҳоҷироне, ки ба Русия роҳ надодаанд, шаҳрвандон аз кишварҳои дигари Осиёи Марказӣ низ будаанд. Ҳамсуҳбати “Мигрант Медиа” гуфт: “Дар ин ҷо узбекҳо ва қирғизҳо ҳам буданд, бисёртар узбекҳоро ҳамроҳи мо тоҷикон, депорт карданд. Дар байни мо занон бо кӯдакон буданд.”

Навор дар Инстаграм:

Чанде пеш низ дар фурудгоҳи “Шереметово” даҳҳо муҳоҷир аз Осиёи Марказӣ дармонда буданд. Дар фурудгоҳи “Внуково” ҳам вазъ чунин аст. Муҳоҷирон мегӯянд, онҳоро намегузоранд ба Русия дароянд. Бисёрии онҳо шаҳрвандони Тоҷикистон мебошанд.

Боздошту депортҳо дар фурудгоҳҳои минтақавии Русия ҳам дида мешавад. Дар фурудгоҳи Сочи 12 муҳоҷири тоҷик дармонда буданд ва дар миёни онҳо варзишгари тоҷик Рамазон Ҷумъаев буд, ки мақомоти Русия пас аз санҷидани ҳуҷҷатҳояш ба ин кишвар роҳ надодаанд.

Муҳаммадҷон Кабиров
Муҳаммадҷон Кабиров

Аз Муҳаммадҷон Кабиров, коршиноси масъалаи муҳоҷират дар Аврупо, пурсидем, ки чаро мавҷи рейду тафтишу депортҳо дар Русия сахттар гаштааст. Ӯ гуфт, “мутаассифона, на танҳо ҳамлаи “Крокус”, балки сабаби дигараш нотавонии ҳукумати Тоҷикистон аст. Инҳо аз аввал аз ҳуқуқи шаҳрвандони Тоҷикистон ҳимоят накарданд ва Русия ба худ иҷозат медиҳад, ҳаргунае, ки хоҳад бо шаҳрвандони Тоҷикистон бархӯрд бикунад.”

Ба андешаи Кабиров, сабаби дигар ин ҷанги Украина аст, ки иқтисоди Русияро суст кардааст ва дар кишвар ниёз ба ҷои кории бештару муҳоҷири камтар эҳсос мешавад. Аз ин рӯ, мегӯяд ӯ, “бо фишор овардан мехоҳанд, ки мавҷи муҳоҷирон кам шавад, шояд ҷои кори бештар барои мардуми маҳаллӣ пайдо гардад”.

“Масъалаи дигарро низ бояд ба назар гирифт ва ин масъалаи камбуди сарбозон барои ҷанг аст. Русия мехоҳад аз тариқи фишорҳо шароити алтернативӣ пешниҳод кунад. Яъне, агар мехоҳед дар Русия кору зиндагӣ дошта бошед, пас, масалан қарордоди сарбозӣ имзо кунед ва ба ҷанг дар Украина биравед. Ва ниҳоятан як навъ интиқоми Русия аз кишварҳои собиқ Шӯравӣ, чун интизор дорад, ки ба ҳамин дар ҷанги Русия алайҳи Украина онҳо ҳам саҳме дошта бошанд ва кумак кунанд. Ҳарчанд ин кишварҳо дар давр задани таҳримҳо ба Русия кумак карданд, Русия таваққӯи бештаре аз ин кишварҳои собиқ Шӯравӣ ва махсусан Тоҷикистону Узбекистон дорад,” – шарҳ дод Муҳаммадҷон Кабиров.

Чаро даъват доранд, ки тоҷикон ба Русия нараванд?
лутфан мунтазир бошед

Феълан кор намекунад

0:00 0:05:22 0:00

Тибқи омори расмӣ, дар Русия наздик ба як миллион шаҳрванди Тоҷикистон кору зиндагӣ мекунанд. Онҳо аз афзудани тафтишу депорту ҳамлаҳо ва сахттар шудани қонунҳои муҳоҷиратӣ дар Русия шикоят мекунанд.

Вазорати кор ва муҳоҷирати Тоҷикистон мегӯяд, дар нимаи аввали соли равон 17 ҳазор шаҳрванди Тоҷикистон аз Русия берун карда шудаанд. Пуштибонони ҳуқуқи инсон мегӯянд, Русия бо доман задан ба масъалаи муҳоҷирон кӯшиш дорад, ки афкори мардумро аз мушкилоти дохилӣ ва ҷанг дар Украина дуртар барад.

XS
SM
MD
LG