Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Як намояндаи “Ҳамос” гуфт, “ҳеч пешрафте ҳосил нашуд”


Навори Ғазза
Навори Ғазза

Усома Ҳамдон, як мақоми баландпояи гурӯҳи “Ҳамос” (аз сӯйи Амрико ва Иттиҳоди Аврупо “террористӣ” шинохта шудааст) рӯзи 29-уми июн гуфт, ки дар мавриди оташбас бо Исроил дар Ғазза ҳеч пешрафте ҳосил нашудааст.

Ҳамдон дар як нишасти хабарӣ дар Бейрут, маркази Лубнон, гуфт, гурӯҳи фаластинӣ то ҳол омода аст бо ҳама гуна пешниҳоди оташбас, ки ба ҷанг поён бидиҳад, “ба таври мусбат бархӯрд кунад”.

Кӯшиши миёнравон ба пуштибонии Амрико то ҳол ба созиши хатми ҷанг дар Навори Ғазза комёб нашудааст.

Гурӯҳи “Ҳамос” мегӯяд, ҳама гуна созиш бояд ба ҷанг хотима бахшад ва сабаби хуруҷи комили нерӯҳои Исроил аз Ғазза гардад

Исроил мегӯяд, танҳо ба оташбаси муваққатӣ розӣ аст, вале аз нақшаи аз байн бурдани “Ҳамос” даст намекашад.

Даргирӣ дар Навори Ғазза аз моҳи октябри соли 2023 ба ин сӯ идома дорад.

Ҷанг пас аз он сар шуд, ки нерӯҳои "Ҳамос"* рӯзи 7-уми октябри соли 2023 ба ҷануби Исроил ҳуҷум карда, 1200 нафарро куштанд ва 240 касро гаравгон гирифтанд. Ба гуфтаи мақомоти тандурустии Ғазза, дар ҳашт моҳи ҳамлаҳои Исроил зиёда аз 37 ҳазор фаластинӣ кушта шудаанд.

XS
SM
MD
LG