Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Фоҷиа дар Офтоблиқо. Ҷузъиёти як садамаи пурқурбонӣ дар Кӯлоб


Фоҷиа дар Офтоблиқо ва марги 7 нафар
лутфан мунтазир бошед
Embed

Феълан кор намекунад

0:00 0:02:17 0:00

Дар садамаи мудҳише дар деҳаи Офтоблиқои канори шаҳри Кӯлоб  ҳафт нафар ба ҳалокат расида чор нафар маҷруҳ шудаанд.

Дар Раёсати бозрасии давлатии автомабилии минтақаи Кӯлоб гуфтанд, ки ҳодиса шоми 27 июн рух додааст. Ба гуфтаи манбаъ, Бобоҷон Зоирови 27-сола бо суръати баланд ҳангоми ҳаракат аз самти Кӯлоб ба сӯи ноҳияи Муъминобод, аз уҳдаи идораи нақлёт набаромада, ба мошини самти муқобилаш бармехӯрад ва дар ҷои ҳодиса шаш нафар ба ҳалокат мерасад.

“Шаш нафар дар ҳамон ҷои ҳодиса ба ҳалокат мерасад ва боқимонда ҷароҳатбардоштагонро ба беморхона интиқол медиҳанд, нафари ҳафтум дар беморхона ба ҳалокат мерасад ва ҳоло чаҳор нафари дигар бистарианд”, - гуфт ҳамсуҳбати Радиои Озодӣ.

Нафарони ба ҳалокатрасида аз аз 5 то 38-сола буданд. Дар ин ҳодисаи пурқурбонӣ як модар бо се фарзандаш ба ҳалокат расидааст.

Мақомот номи нафарони ҳалокшудаву ҷароҳатбардоштаро эълон карданд. Инҳо:

1. Шарифова Бунафша Муъминова, соли таваллудаш 1986

2. Сабринаи Раҳмоналӣ, соли таваллудаш 2011

3. Алиҷони Раҳмоналӣ, соли таваллудаш 2014

4. Аминҷони Раҳмоналӣ, соли таваллудаш 2019

5. Алиев Рамазон Рашидович, соли таваллудаш 1999

6. Рамазони Насимҷон, соли таваллудаш 2006

7. Латифов Умарҷон Назарович, соли таваллудаш 2000 (ронанда)

Ҷароҳатбардоштаҳо:

1. Зоиров Бобоҷон Ҳомидович, соли таваллудаш 1997 (ронанда)

2. Нуралишои Қурбон, соли таваллудаш 2006

3. Гулова Мадина, соли таваллудаш 2009

4. Панҷшери Муҳаммадзод, соли таваллудаш 2005

Ҳоло Раёсати корҳои дохилии минтақаи Кӯлоб сабаби рух додани ҳодисаи бархурди ду мошинро тафтиш дорад. Мақомот гуфтанд, интизори хулосаи ташхисҳои судиву тиббӣ ҳастанд.

Дар бемористони вилоятии Кӯлоб гуфтанд, ки вазъи сиҳҳатии се захмии сонеҳаи шоми 27-ми июн хеле бад буда, онҳо дар шуъбаи эҳё бистариянд.

“Маҷрӯҳонро ҳамон шаб оварданд, ҷароҳаташон бисёр вазнин буд. Осебҳои майнаи сар, шикастагиҳо, даридани шуш ҳаст. Яке аз онҳо баъди як соат фавтид ва чаҳор нафари дигар бистарӣ ҳастанд. Шаб саломатии яке аз онҳо беҳтар шуд ва ба шуъбаи шикастабандӣ интиқол додем ва ҳоло вазъи се нафари дигар вазнин ва дар Шуъбаи эҳё бистарианд”, - гуфтанд дар бемористони вилоятии Кӯлоб.

Ин бори аввал нест, ки тасодуфҳои маргбори нақлиётӣ дар кучаҳо ва минақаҳои сераҳолии шаҳри Кӯлоб рӯй медиҳанд. Аввали моҳи январ дар пайи бархурди як мошин ба идораи хонасозии “Корез” дар маҳаллаи Ҳофизи Шерозии шаҳри Кӯлоб се нафар ба ҳалокат расида буд. Як сол пеш дар ин шаҳр дар садамаи маргбори як мошини борбарди «Дулан» 12 кас ҷон дода, чанд тани дигар захмӣ шуданд.

Фоҷеаи ахир дар Кӯлоб баҳси гармеро дар шабакаҳои иҷтимоӣ ба бор овард ва бисёриҳо ба ёди садамаи пурқурбонии соли гузашта афтоданд.

Аҳмади Иброҳим, сардабири рӯзномаи “Пайк” иллати садамаҳоро ҷуё шуда гуфтааст, ҳар сол дар чунин садамаҳо садҳо ҷавон ҷони худро аз даст медиҳанд ва чунин «ҳатто дар ҷангҳо чунин қурбонӣ надоштаанд».

Раёсати корҳои дохилии вилояти Хатлон ҳисоб кардааст, ки то нимаи моҳи июн 122 садамаи нақлётӣ ба қайд гирифта шудааст. Ба гуфтаи манбаъ, дар пайи ин садамаҳо 67 нафар ҷони худро аз даст дода, 134 нафари дигар ҷароҳат бардоштаанд.

Гуфтугӯ

XS
SM
MD
LG