Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

WP: ИМА дар фикри пешгирӣ аз ҷанги Исроил ва "Ҳизбуллоҳ" аст


Ҷануби Лубнон, 26-уми июни 2024
Ҷануби Лубнон, 26-уми июни 2024

Иёлоти Муттаҳида талош дорад, ки аз ҷанги васеъмиқёс миёни Исроил ва гурӯҳи “Ҳизбуллоҳ” (зери ҳимояти Эрон) дар Лубнон пешгирӣ кунад.

“Ҳизбуллоҳ” дар Амрико, Иттиҳоди Аврупо ва баъзе аз кишварҳои дигар созмони террористӣ шинохта шудааст.

Нашрияи “The Washington Post” бо такя ба манобеаш хабар дод, ки мансабдорони Амрико бар сари тарҳи созиши қатъи низоъ кор мекунанд ва барои ҳалли мушкил аз Қатар мадад хостаанд.

Қатар дар ҳоли ҳозир дар музокироти байни Исроил ва гурӯҳи фаластинии “Ҳамос” (аз сӯйи Амрико ва Иттиҳоди Аврупо террористӣ шинохта шудааст) нақши миёнравро мебозад.

Гурӯҳи “Ҳизбуллоҳ” аз моҳи октябри соли 2023 ба нишони пуштибонӣ аз “Ҳамос” ба минтақаҳои шимоли Исроил пайваста зарба мезанад. Як намояндаи гурӯҳ ба “Вашингтон Пост” гуфтааст, дар сурати созиши сулҳи Исроил бо “Ҳамос”, онҳо низ ҳамларо бас хоҳанд кард.

Вазири мудофиаи Исроил Йоав Галант ҳафтаи гузашта ба Амрико рафта буд. Ӯ гуфт, Исроил хоҳони ҷанг бо Лубнон нест, аммо ба ҳар гуна сенария омода аст.

XS
SM
MD
LG