Мақомоти низомии Чин дар ин авохир тарҳи як эътилофи амниятиеро ташвиқ мекунанд, ки бояд Чину Тоҷикистон ва Афғонистону Покистонро дар роҳи мубориза бо терроризм муттаҳид кунад. Яъне кишварҳоеро, ки дар марз бо вилояти як бахши аъзами аҳолиаш мусалмони Шинҷон-Уйғур дар ғарби Чин - як мояи умдаи нигарониҳои амниятии Пекин - ҷойгир шудаанд.
Бино ба гузоришҳо, пешниҳоди таъсиси чунин эътилоф дар ибтидои моҳи март дар ҷараёни сафари фармондеҳи ситоди артиши Чин Фан Фэнҳуй ба Душанбеву Кобул матраҳ шудааст. Фан Фэнҳуй рӯзи 29 феврал дар Душанбе бо раисиҷумҳури Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон ва рӯзи 1 март дар Кобул бо раисиҷумҳури Афғонистон Ашраф Ғанӣ мулоқот дошт.
Дар гузориши дафтари матбуоти президенти Тоҷикистон дар робита ба тарҳи эътилофи амниятии Чину Тоҷикистон ва Афғонистону Покистон ишорае нашудааст. Дар ин гузориш танҳо гуфта мешавад, ки дар мулоқот бо фармондеҳи артиши Чин масоили ҳамкориҳои Душанбеву Пекин баррасӣ шудааст: “Дар мулоқот оид ба ҳамкории ҳарбӣ ва ҳарбӣ-техникии Тоҷикистону Чин дар самти тайёр кардани кадрҳои баландихтисоси низомии тоҷик, иҷрои созишномаҳои қаблан қабулшуда табодули андеша сурат гирифта, саҳми кишвари ҳамсоя баҳри таъмини амният дар сарҳади давлати мо бо Афғонистон, муборизаи дастаҷамъона бо се хатари мудҳиш - терроризм, экстремизм ва сепаратизмро муҳимму назаррас маънидод карданд.”
Аммо мақомоти Кобул роҷеъ ба мақсади сафари Фан Фэнхоэй ҷузъиёти бештар додаанд. Аз ҷумла Саид Зафар Ҳошимӣ, муовини сухангӯи президенти Афғонистон тасдиқ кардааст, ки фармондеҳи артиши Чин ба Ашраф Ғанӣ пайвастани Афғонистон ба эътилофи зиддитеррор ҳамроҳ бо Чину Тоҷикистон ва Покистонро пешниҳод кардааст. Ба гуфтаи Ҳошимӣ, Ашраф Ғанӣ ин пешниҳоди Пекинро пазируфта, ба меҳмони чиноияш гуфтааст, ки набояд террористҳоро ба “хуб”-у “бад” ҷудо кард.
Ин ишораи раҳбари Афғонистон пеш аз ҳама ба Покистони ҳамсоя аст, ки Кобул дер боз ба пуштибонӣ аз гурӯҳҳои чирикие, чун Толибон айбдораш мекунад. Исломобод инро рад мекунад ва мегӯяд, гурӯҳҳои ситезаҷӯ аз худи дохили Афғонистон қад баланд мекунанд, на аз хоки Покистон, ки дар Кобул мегуморанд.
Таҳлилгарон, дар ҳар сурат, иқдоми Пекин барои таъсиси эътилофи зиддитеррор бо Тоҷикистону Афғонистон ва Покистонро аз лиҳози амниятӣ ба сӯди ин кишварҳо ва бахусус ба манфиати Пекин мешуморанд.
Як бахши аъзами гурӯҳҳои мусаллаҳи ҷудоиталабони уйғур дар қаламрави Афғонистон ва сарзаминҳои қабиланишини шимоли Покистон паноҳ бурда, дар ҳаминҷо тамрин ва таъмин мешаванд. Ташкили эътилоф бо Афғонистону Покистон ва бо Тоҷикистон, ки қаламраваш низ метавонад ҳамчун масири интиқоли ҷангиёни ҷудоиталаб ба вилояти Шинҷон-Уйғур истифода шавад, ба Пекин имкони бештари фароҳам меорад, то ин гурӯҳҳоро дар ҳамин пойгоҳҳои хориҷиашон саркӯб кунад.
Таҳдиди афзояндаи гурӯҳҳои ҷангҷӯи исломӣ ва зуҳури гурӯҳҳои тундраве, чун “Давлати исломӣ” дар Афғонистон, кишварҳои дигари бозигар дар саҳнаи ин кишварро маҷбур мекунад, бо афзоиши ташаббусҳои амниятии Пекин дар ин қаламрав муросо кунанд.
Бино ба гузориши “Садои Амрико”, сухангӯи вазорати хориҷаи Амрико дар посух ба суоли хабарнигор дар робита ба пешниҳоди ташкили эътилофи амниятии Чин бо Афғонистону Покистон ва Тоҷикистон гуфтааст, ки Амрико аз ҳар навъ нақши Чин ваё ҳар кишвари дигар дар амри овардани субот ба Афғонистон пуштибонӣ мекунад. Ӯ гуфтааст, “Чин кишвари ҳамсоя аст ва онҳо манфиатдори Афғонистони қавӣ, босубот ва орӣ аз терроризм мебошанд.”
Доктор Алиаҳмад Ҷалолӣ, собиқ вазири дохилаи Афғонистон ва ҳоло устоди яке аз донишгоҳҳои низомии Вошингтон мегӯяд, чунин бархӯрди Амрико ба афзоиши фаъолиятҳои Чин дар арсаи амниятии Афғонистон далелҳои худро дорад: “На Чин ҷои кумакҳои Амрико ба Афғонистонро гирифта метавонад, на Русия ва на ҳеҷ кишвари дигар. Ягон кишвар дар мавқеияте нест, ки муодил ба он кӯмакҳое, ки Амрико ба Афғонистон мерасонад, кумак бикунад. Аммо ёриҳои кишварҳои дигар низ муассир воқеъ шуда метавонад. Ёриҳои Чин ё Русия асари сиёсӣ ҳам дорад, чунки ба мухолифони давлати кунунии Афғонистон нишон медиҳад, ки дар минтақа онҳо ҳомӣ надоранд.”
Дар ҷараёни сафари Фан Фэнҳуй ба Кобул, Чин барои тақвияти артиши Афғонистон 70 миллион доллар ваъдаи кумак кард. Ин дар муқоиса бо садҳо миллиард долларе, ки дар 15 соли охир Амрикову муттаҳидонаш ба Афғонистон рехтаанд, албатта, қобили қиёс нест.
Аммо ибтикори нави Чин бар иловаи маркази минтақавии зиддитеррорест, ки дар чорчӯби Созмони ҳамкориҳои Шанхай – як созмони дигари минтақавии таҳти нуфузи Пекин алакай амал мекунад. Ва чунин ба назар мерасад, ки азми Чин барои таъсиси боз як эътилофи амниятии минтақавӣ дар Русия ба вокунишҳои бештар манфӣ рӯбарӯ шудааст. Нашрияи Известия аз ҷумла матлабашро дар ин бора "Чин Русияро дар Осиёи Марказӣ танг мекунад" ном додааст.
Андрей Серенко, таҳлилгари Маркази мутолиоти Афғонистони муосир дар сӯҳбат бо “Известия” гуфтааст, “хатар”-и эътилофи пешниҳодии Пекин дар инҷост, ки дар баробари Афғонистону Покистон Тоҷикистонро ҳам дар бар мегирад, вале ин кишвар, ба гуфтаи Серенко, “то имрӯз бахше аз қаламрави таҳти нуфузи Русия маҳсуб мешуд.” Ба ақидаи Серенко, “масруфияти Русия бо масоили Украинаву Сурия боис шудааст, ки мавқеъҳояшро дар Осиёи Марказӣ бой диҳад ва ба ин далел, ин “НАТО-и Осиёи Марказӣ зери чатри Чин сохта мешавад ва Русия аз он берун ва танҳо мемонад.”
Аммо Замир Кобулов, фиристодаи вижаи президенти Русия дар умури Афғонистон ба “Известия” гуфтааст, ки ин эътилоф “бо ҳадафи назорати марзҳо ва гирифтани пеши роҳи террористҳост” ва ҷои ягон нигаронӣ барои Маскав надорад.