Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Вазирони қудратӣ: Кӣ меравад ва кӣ мемонад?


Бархе аз таҳлилгарон эҳтимоли тағйироти кадрӣ дар ниҳодҳои низомӣ ва қудратии кишварро дар ҷаласаи солонаи ҳукумат истисно намедонанд.

Бо оғози соли нав дар ҷомеаи Тоҷикистон ин интизориҳо вуҷуд дорад, ки мумкин аст, раисиҷумҳур Эмомалӣ Раҳмон дар ҷаласаи солонаи ҳукумат баъзе тағйироти кадрӣ анҷом диҳад. Агар ин нуктаро дар назар гирем, ки моҳи сентябри соли 2015 ошӯби генерал Абдуҳалим Назарзода амнияти дохилиро ба чолиш рӯ ба рӯ карда буд, оё чунин тағйироти кадрӣ ниҳодҳои қудратӣ ё интизомии кишварро низ фаро хоҳад гирифт?

Парвиз Муллоҷонов, таҳлилгари умури амниятӣ, бо вуҷуди он ки аз ном бурдани чунин вазоратҳо ё ниҳодҳои қудративу амниятӣ худдорӣ мекунад, чунин тағйиротро истисно намедонад. Ӯ гуфт, “ба фикри ман, чанд нафар шояд раванд ва чанд нафари дигар биоянд, чунки худи марҳилаи кунунӣ хеле марҳилаи мураккаб аст. Масъалаҳои нав пеш омадаанд. Ин масъалаҳо дар назар гирифта мешаванд. Кадрҳои наве, ки меоянд, бо назардошти чолишҳои нави вазъи кунунӣ дар минтақа, таҳдидҳои нав аз он сӯи марз ва садоқат ба раҳбари давлат интихоб хоҳанд шуд, агарчӣ раҳбарони кунунии ниҳодҳои қудратӣ низ ба раиси ҷумҳур вафодоранд.”

Парвиз Муллоҷонов
Парвиз Муллоҷонов

Бо вуҷуди ин, Муллоҷонов бовар надорад, ки “бо рафтани як генерал ва омадани генерали дигар дар фаъолияти ниҳодҳои қудратӣ тағйироти ҷиддӣ пеш ояд.” Вай мегӯяд, ки дар ин система бояд ислоҳоти густарда анҷом бигирад ва дастмузди кормандони ниҳодҳои амниятӣ ва интизомӣ боло бурда шавад, то онҳо ба фасод даст назананд.

Аркадий Дубнов, шореҳи маъруфи рус низ бар ин ақида аст, ки дар сохторҳои интизомии Тоҷикистон бояд тағйироти ҷиддӣ анҷом бигирад. Вай мегӯяд, ҳукумате, ки бо садоқаташ ба як нафар, яъне ба президент Раҳмон, сохта шудааст, наметавонад бо тағйири ин ё он кадр ислоҳот анҷом диҳад. “Ҳар шахс ва ё насли ҷавоне, ки ба кор гирифта мешавад, дар чунин шароит садоқаташ на ба ормонҳои давлатӣ, балки ба як нафар дар назар гирифта мешавад,” – гуфт ӯ.

Аркадий Дубнов мегӯяд, ҳангоми таъини кадрҳо дар мақомҳои амниятӣ раиси ҷумҳури Тоҷикистон наметавонад, аз машваратҳои атрофиёнаш, ба хусус хешовандонаш, сарфи назар кунад ва то ҷое ба машваратҳои онҳо пойбанд ҳам ҳаст. Дубнов ин равандро ба Узбакистону Қазоқистон ҳам нисбат медиҳад.

Аркадий Дубнов
Аркадий Дубнов

Таҳлилгарон аз дақиқ ном бурдани вазирон ё раҳбарони ниҳодҳои қудратӣ, ки шояд дар ҷаласаи солонаи ҳукумат аз мақом барканор шаванд, худдорӣ мекунанд ва мегӯянд, ки пешгӯии тағйироти кадрӣ дар кишваре чун Тоҷикистон гоҳо нодуруст ҳам мебарояд.

Онҳо ин ақидаро низ матраҳ мекунанд, ки ниҳодҳои қудратии Тоҷикистон супоришҳои раҳбари давлатро мунтазам иҷро мекунанд ва амнияту субот дар кишвар низ зоҳиран таъмин аст. Дар ин маврид Саидмӯъмин Ятимов -- раиси Кумитаи давлатии амнияти миллӣ ва Рамазон Раҳимзода -- вазири корҳои дохилии Тоҷикистон дар назар аст, ки онҳо “аз хатти кашида”-и раиси ҷумҳур берун нарафтаанд.

Бо назардошти ин, як коршиноси наздик ба доираҳои ҳукуматӣ, ки нахост аз худ ном бибарад, гуфт, шояд раисиҷумҳур дар як-ду соли оянда раҳбарони ниҳодҳои қудратиро иваз накунад. Вале он чӣ ба ошӯби генерал Абдуҳалим Назарзода -- муовини пешини вазири дифоъ дар моҳи сентябри соли 2015 иртибот дорад, раисиҷумҳур 24 ноябри соли гузашта тасмими худро гирифт ва муовинони вазири дифоъ, раисони баъзе аз раёсатҳоро барканор ва одамони навро дар ин мақомҳо ҷойгузин кард.

Ин таҳлилгар иддао мекунад, ки дар ду-се соли охир дар муҳити сиёсӣ ташаббус дар ихтиёри ниҳодҳои қудратӣ гузошта шудааст ва қадами аввалро онҳо мебардоранд. Чунин равиш аз мушкили интиқоли қудрат сарчашма мегирад, зеро масъалаи ҳифзи қудрат ва интиқоли он дар умури амниятӣ нақши таъинкунанда дорад. Ниҳодҳои қудратӣ на танҳо дар масъалаҳои амниятӣ, балки дар масъалаҳои сиёсӣ, иқтисодӣ ва ҳатто фарҳангӣ ҳарфи аввалро мезананд ва аз онҳо гоҳо дар ҷомеа "генералҳои хусусӣ" ном мебаранд.

Эмомалӣ Раҳмон бо писараш Рустами Эмомалӣ
Эмомалӣ Раҳмон бо писараш Рустами Эмомалӣ

Коршиносон ошкор намегӯянд, ки интиқоли қудрат чӣ гуна ва ба кӣ бояд сурат бигирад. Вале дар ду-се соли охир баъд аз омадани Рустами Эмомалӣ, писари раиси ҷумҳур ба мақомҳои баланди ҳукуматӣ номи вай дар ин маврид дар зинаи аввал қарор дорад. Бо овардан ба зинаҳои болотари сохторҳои қудратӣ вай бо ин сохторҳо аз як сӯ ошноии бештар пайдо мекунад ва аз сӯи дигар, баъзе поккориҳоеро, ки дар Хадамоти гумруки Тоҷикистон ва дар Оҷонсии давлатии назорати молӣ ва мубориза бо фасод анҷом дода буд, дар сохторҳои интизомӣ низ бо ёрии падараш анҷом медиҳад.

Барои чунин кор мақоми муовини нахуствазири кишвар дар бахши амният ҷойи муносибест. Парвиз Муллоҷонов мегӯяд, “бо додани ин мақом ба писари худ, раҳбари давлат вайро барои корҳои раҳбарӣ омода мекунад. Чунин кор имконпазир аст. Агар мо таҷрибаи Озарбойҷон ва Сурияро дар назар бигирем, ин яке аз роҳҳои тайёр кардани фарзандон ва интиқоли тадриҷии раҳбарӣ дар оянда аст.”

Вай мегӯяд, Ҳайдар Алиев низ дар солҳои охири раҳбариаш писари худ Илҳом Алиевро ба мақомҳои гуногун таъин мекард, то таҷриба бигирад ва дар ҷомеа барои худ мавқеъ дуруст кунад.

Сарфи назар аз тағйироти кадрӣ дар ниҳодҳои қудратӣ, коршиносон мегӯянд, ки дар соли 2016 бо дарназардошти чолишҳои амниятӣ таваҷҷӯҳ ба сохторҳои низомиву амниятӣ дар Тоҷикистон бештар мешавад ва сармоягузорӣ низ дар ин бахшҳо афзоиш хоҳанд ёфт.

XS
SM
MD
LG