Раиси кумитаи дини ҳукумати Тоҷикистон Абдураҳим Холиқзода дар рисолае бо номи “Бунёдгузори давлати миллӣ”, ки “Ҷумҳурият” – нашрияи расмии ҳукумат – рӯзи 6 феврал нашр кардааст, раисиҷумҳур Эмомалӣ Раҳмонро бо сифатҳое, чун “офтоб”, “ситораи бахт”, “фарзанди фарзонаи миллати тоҷик”, “абармарди халқ”, “нобиға” ва “бунёдгузори давлати муосири тоҷикон” тавсиф карда, навиштааст, тасвири корнамоиҳои чунин шахсиятҳо берун аз тавони қалами як шахсу ва ҳатто як даврон аст.
Абдураҳим Холиқзода дар рисолааш аз ҷумла менависад: “Дуруст аст, ки инъикоси симои шахсе, ки халқи беш аз ҳазор сол аз саҳнаи таърих дурафтодаро аз сари нав ҳамчун миллати соҳибдавлат ба арсаи сиёсати ҷаҳонӣ ворид кардааст, халқи гирифтори гирдоби нобудиро наҷот додааст, миллатро дар кӯтоҳтарин замон аз вартаи ҷанги шаҳрвандӣ раҳондааст, тасвири корнамоии фарзанди миллат, ки ҷон дар кафи даст душманонро ба оғӯш кашида, ҷинояткоронро авф карда, гурезаҳоро ба Ватан баргардонда, ба миллати мотамзада Ваҳдат, Субот, Амният оварда, ҳама дороӣ, қудрат ва сиёсатро дар хизмати инсон вогузор сохта, пояи давлатдориро аз сирф, низоми молияро аз хазинаи холии бағоратрафта, лашкарро бо сарфармондеҳони кироя, ҳуқуқро бо ғояҳои анъанавию миллӣ тарҳрезӣ намуда, оби наҷотбахши озодиву соҳибдавлатиро барои ташнагони беш аз ҳазорсола эҳдо, садои модари тоҷикро ҳамчун модари миллати соҳибдавлат то ба созмонҳои байналмилалӣ расонда, мардуми парешонро атрофи дастархони миллат муттаҳид карда, дар харитаи сиёсии ҷаҳон давлатеро бо номи Тоҷикистон сабт намудааст, кори саҳл нест.”
Муаллиф дар идома ба «сайри таърихӣ» пардохта, суқути Шӯравӣ дар ибтидои солҳои 90-ро натиҷаи пирӯзии капитализм бар сотсиализм меномад, аз фурӯ рафтани Тоҷикистон ба коми ҷанги шаҳрвандӣ ёд мекунад ва менависад, вакилони порлумони вақт бо ин ки 23 сол пеш Эмомалӣ Раҳмонро раҳбари давлат интихоб карданд, «иштибоҳ накарданд.»
Оқои Холиқзода дар зимн бо бори дигар баршумурдани хидматҳои Эмомалӣ Раҳмон нақши “эҳтироми рамзҳои давлатӣ ва қаҳрамонони миллат”-ро дар баробари “нақши қадршиносию шукргузории неъматҳо” як василаи муассири рушд ва низоми давлат “дар ҳама давру замонҳо” унвон мекунад: “Роҷеъ ба он, ки Эмомалӣ Раҳмон барои давлати муосири тоҷикон нақши бунёдгузориро дорад, хизматҳои наҷотдиҳанда ва созандаи ӯ дар соҳаи сиёсати давлатӣ, тарҳрезии низоми ҳуқуқӣ, шаклгирии иқтисодиёти миллӣ, таҳияи низоми адолати иҷтимоӣ, ҳифз ва рушди фарҳанги пурғановат ва дигар ҷанбаҳо барои гӯши шунавою чашми бино шарҳи иловаро талаб надорад.”
Абдураҳим Холиқзода ҳамчунон бо шарҳи муфассали банд ба банд “5 амали таърихии сарвари давлат”-ро бамешуморад:
1.Таъсиси ҳокимияти давлатӣ
2. Ваҳдати миллӣ
3. Роҳ ба сӯи давлати демократӣ, ҳуқуқбунёд, дунявӣ ва ягона
4. Таҳияи низоми ҳуқуқи миллӣ
5. Ҳифзи истиқлолияти давлатӣ
Муаллиф ба ҳайси раиси Кумитаи дин ва танзими расму ойин ба хусус ба нақши Эмомалӣ Раҳмон дар таҳияи қонуни танзим таъкид мекунад. Ӯ ин қонуни соли 2007 қабулшударо бо муҳимтарин ислоҳоту инқилобҳои мазҳабӣ дар таърихи дунё, аз ҷумла бо Ян Гусу Мартин Лютер барин ислоҳталабони ҷаҳони масеҳӣ монанд карда, менависад, ҳамин гуна, “инқилобу ислоҳоти баъдии соҳибони қудрат ва пешвоёни миллатҳо Кромвел дар Англия, Мейдзи дар Ҷопон, Ф. Рузвелт дар Амрико, Гарибалди дар Итолиё, Де Голл дар Фаронса, Маҳатма Ганди дар Ҳиндустон, Пётри 1 дар Русия ҳар як дар доираи муайян расму ойинҳо ва доираи анъаноти миллатҳоро дар асоси манфиати мардум зери таъсири қонуну санадҳои меъёрӣ қарор додаанд.”
Ӯ дар идома бо тавсиф аз қонуни танзим меафзояд, ки бо шарофати он дар ин 8 сол мардуми тоҷик 11 миллиард сомонӣ, ё 2 миллиард доллар аз ҳисоби 3 маротиба (!) кам шудани харҷи маъракаҳо сарфа карданд, аз ҳисоби сарояндаҳову соҳибони тарабхонаҳо ба буҷаи давлат ба маблағи 15,8 миллион сомонӣ (қариб 3 миллион доллар) андоз ворид шуд, ба ҷои 1 миллиону 700 ҳазор дар маъракаҳои мардум танҳо 700 ҳазор чорво забҳ шуд ва шумораи издивоҷҳо низ қариб ду маротиба афзуд ва ба 100 000 дар сол наздик шудааст. Абдураҳим Холиқзода аз 81 фоизи соли 1999 то 35 дарсад пойин омадани сатҳи камбизоатӣ ва ҳатто ҳарсол 20-25 фоиз боло рафтани пасандози мардум дар бонкҳоро низ аз шарофатҳои қонуни танзим медонад.
Абдураҳим Холиқзода мӯътақид аст, ки Эмомалӣ Раҳмон “мисли як ситораи бахт, як рӯшноии фараҳбахш аз миёни мушкилию монеаҳо, торикию зулмот на танҳо солим гузашт, балки бо ғами халқ, фикри мардум ва умеди наҷоти миллат шарик ва ҳамдастон шуда... мисли офтоб зимистони қаҳратуни миллатро ба баҳори сарсабз табдил дод... Ба қадри ӯ расидан, номи ӯро гиромӣ доштан ва роҳи интихобкардаи ӯро ҳифз карда идома додан, эҳтиром аз роҳи таърихии муборизаи халқи тоҷик барои истиқлолият буда, қадршиносӣ аз Давлати миллӣ, демократӣ, ҳуқуқбунёд ва дунявии Тоҷикистон аст.»
Абдураҳим Холиқзода, ки то соли 2010 масъулияти риояи қонуни танзим дар дастгоҳи раёсатҷумҳурии Тоҷикистонро бар ӯҳда дошт, моҳи майи соли 2010 раиси Кумитаи дин таъин шуд. Дар моҳи декабри соли 2014 дар анҷумани ҳизби ҳокими халқии демократӣ аз номи ин ҳизб номзад ба вакилии порлумон пазируфта шуд ва ғолибан баъди интихоботи 1 март раҳбарии Кумитаи динро бо курсии вакилии Маҷлиси намояндагон иваз мекунад.
Эмомалӣ Раҳмон аз поёни соли 1992, инак соли 23-юм аст, ки раҳбарии Тоҷикистонро дар даст дорад. Мухолифони ҳукумати ӯ бар инанд, ки оқои Раҳмон бо чанд дафъа тағйир додани Қонуни асосӣ замони раҳбарии худро пайваста тамдид мекунад ва дар натиҷа ӯ дар ин 23 сорл қудратро дар дастони худашу хешовандони наздикаш мунсаҷим карда, дар Тоҷикистон як низоми худкома сохтааст. Мунтақидон ҳамин тавр, ба фарқ аз тарафдоронаш, дастовардҳои ҳукумати Эмомалӣ Раҳмонро зери суол мебаранд ва мегӯянд, ки ӯ ҳатто дар ин асри 21 натавонистааст мардумашро бо барқу газ ва бо ҷои кор пурра таъмин кунад ва аъзои ҳукуматаш дар иваз ин ҳамаро бо барномаҳои беҳудае, чун сохтани Милаи дар ҷаҳон бузургтарини Парчам ва маъракаи таърифу тавсифи беҳади шахси раисиҷумҳур "ҷуброн" мекунанд.
Аммо тарафдорони Раҳмон бештар бо таъкид ба нақши ӯ дар хатми ҷанги хунини шаҳрвандӣ, саркӯби ҷангсолорон ва дигаргуниҳое, чун дар солҳои охир зиёд шудани сохтмонҳо дар шаҳри Душанбе, мегӯянд, набояд хидматҳои президентро нодида ваё кам гирифт.