Мақомоти Тоҷикистон Саидмаҳдихон Сатторов, маъруф бо номи “Шайх Темур”, сокини 65-солаи Турсунзодаро дар бисёрзанӣ, ғасби замини давлат ва нақзи қонуни танзими расму оинҳо гумонбар мендонад. Аммо гуфта мешавад, “Шайх Темур” бо табобати мардум бо ояҳои Қуръон соҳиби обрӯ шуда, дар ниҳоят худро “Имом Маҳдӣ” ва ҳатто “паёмбари охируззамон” эълон мекунад.
Ба гуфтаи мақомот, ӯ бо сӯистифода аз маҳбубияти худ қисме аз замини мактаби деҳи Сангмелаи Мӯсоро ғасб карда, барои як ҳамсараш манзили зист бунёд мекунад. Дар як маврид, ба гуфтаи мақомот, ӯ бо 8 зан зиндагӣ мекардааст, аксари онҳоро дар ҷараёни "табобат" бо ризоияти падару модари онҳо ба занӣ гирифтааст. Ҳоло бархе хусуру хушдомашҳои "Шайх" мегӯянд, ки ӯ онҳоро тарсондааст, ки агар духтарашонро надиҳанд, дар ҳаққи онҳо дуои бад мекунад.
Абдулазиз Ҳафизов, мудири шӯъбаи Кумитаи дин ва танзими расму оини ноҳияи Шаҳринав рӯзи 5-уми феврал ба Радиои Озодӣ гуфт, дар ҳар маросиме, ки “Шайх Темур” ширкат мекард, қонуни танзими расму оинҳо нақз мешуд.
Ӯ мегӯяд, ҳоло мақомот дар ҳамкорӣ бо сокинон қонуншиканиҳои “Шайх Темур”-ро таҳқиқ мекунанд: “Ӯ дар ду деҳаи ноҳияи мо, Сангмелаи Мӯсо ва Гулистон ҳамсару манзили зист дошт. Аммо бештар дар Ҳисору Турсунзода рафтуомад мекард. Ҳоло мо бо таъсиси як гурӯҳи корӣ миёни мардуми ноҳия тарғиботро шурӯъ кардем, то дар ҳолати дидани чунин афрод зуд ба мақомот хабар диҳанд. Дигар замони аз бовариҳои мазҳабии мардум сӯиистифода карда, қонунро нақз кардан гузаштааст.”
Ба гуфтаи мақомот, замоне дар нисбат ба “Шайх Темур” парванда боз шуд, ки сокинони деҳаи Сангмелаи Мӯсо аз ӯ ба далели ғасби замин шикоят бурданд.
"Шайх Темур" кист?
Саидмаҳдихон Сатторов, маъруф ба “Шайх Темур”, расман дар деҳаи Асбоби ҷамоати Работи ноҳияи Турсунзода зиндагӣ мекунад. Ӯ соли 1950 дар ноҳияи Ваҳдат ба дунё омада, гуфта мешавад, дар замони ҷавонӣ ду сол зиндонӣ ҳам шудааст. Ин нафар дар чанд деҳаи Шаҳринав ва Ҳисор манзили зист ва зан доштааст.
“Шайх Темур” асосан дар водии Ҳисор маъруф буда, ба гуфтаи сокинон, миёни мардум ҳатто андешае вуҷуд дошт, ки ҳар нафаре ба ҳарфи “Шайх” гӯш намедиҳад ва ё ӯро беэҳтиромӣ кунад, ба ҷазои Худованд гирифтор мешавад.
Рустам Сулаймонов, сархатиби масҷиди марказии ноҳияи Шаҳринав ба Радиои Озодӣ гуфт, аз эътибору нуфузи “Шайх Темур” хабар дошт, вале боре бо ӯ аз наздик сӯҳбат накардааст. Ӯ гуфт, дар бораи ӯ танҳо аз забони мардум ҳарф шунидааст ва бо чашми худ рафторҳои ӯро надидааст: “Дар деҳоти атроф хеле нуфуз дошт. Ман бо чашми худ надидам, вале агар гапҳое, ки дар бораи ӯ мегӯянд, ҳақиқат дошта бошад, хатои бузурге кардааст. Ман мунтазирам, ки барномаи телевизионро бубинам, ки чӣ кор кардааст? Худам чизе намедонам. Фақат мардум дар борааш сӯҳбат мекарданд ва як шахси шинохта буд.”
Аммо бархе аз мардуме, ки ин нафарро мешиносанд, мегӯянд, дар бораи “Шайх Темур” ҳарфи баде нашунидаанд ва ӯро ҳамчун нафаре, ки ҳатто гирифторони бемориҳои рӯҳиро бо хондани дуо шифо мебахшад, мешиносанд. Аҳтам Намозов, сокини ноҳияи Ҳисор мегӯяд, дар бораи шифо ёфтани даҳҳо бемор аз дуои ӯ зиёд шунидааст: “Бемориҳои рӯҳиро дуо мехонд ва зуд шифо меёфт. Аз ҳамин сабаб мардум эҳтиромаш мекард. Мегуфтанд, ки дуояш зуд мустаҷоб мешавад ва ҳама кӯшиш мекард, эҳтироми ӯро ба ҷо биорад.”
"Дуогирӣ"-и мансабдорон аз "Шайх Темур"
Аммо Муҳаммадӣ Абдуллоев, як сокини Шаҳринав ба Радиои Озодӣ гуфт, “Шайх Темур” чандон муллои донишманде набуд, ки муридонаш сифат мекунанд: “Ӯ дар Ваҳдат таваллуд шудааст. Падарашро мегӯянд, ки домуллои хуб буд. Вале “Шайх Темур” бо бародараш ҷанҷол карда, ба Турсунзода мекӯчад. Чанд сол дар корхонаи алюминий кор кард. Баъд мисли қаландарҳо деҳа ба деҳа мегашт дар кӯҳистони тарафи Алмосиву Ноҷию инҷоҳо. Ва ҳамин овоза, ки як муллои қаландармашраб ва ҳатто гӯё "авлиё" пайдо шудааст, ӯро шӯҳрат овард.”
Ин ҳамсӯҳбати мо мегӯяд, бештари муридони “Шайх Темур” сокинони ҳамин рустоҳои кӯҳистони водии Ҳисоранд, вале: “Ҳатто бархе мансабдорони хеле баландпоя аз Душанбе ҳам пешаш дуогирӣ меомаданд. Бовар мерафт, ки “Шайх” пули ҳалолу ҳаромро ҷудо карда метавонад. Ва ин мансабдорон барои ҳамин пули маошашонро меоварданд, ки мабодо луқмаи “Шайх”-ро бо ягон пули пора ҳаром накунанд. Албатта, мисли афсона менамояд, вале ҳақиқат аст ин.”
Муҳайё, як омӯзгор аз ноҳияи Шаҳринав мегӯяд, бори аввал “Шайх Темур”-ро дар як тӯй дида буд. Ба гуфтаи ӯ, вақте “Шайх Темур” вориди хонаи туйдор шуд, ҳама аз ҷо боло шуд ва ба пешвозу дастбӯсии ӯ шитофтанд: “Ҳайрон шудам ва пурсидам, ки ӯ кист? Гуфтанд, ки Шайх Темур аст. Баъдан дар борааш нақлҳои зиёд шунидам. Гӯё ҳар духтареро, ки наздаш барои табобат мерафтааст, бо ҳар роҳе ба занӣ мегирифтааст. Ҳар чизе, ки дилаш мехостааст, аз сокинон мегирифтааст ва касе шикоят ҳам намекард. Тамоми боигарӣ ва хонаҳояш аз ҳисоби муридонаш буданд, ки аз саросари кишвар ба зиёраташ меомаданд. Дар қатори муридонаш аз одамони оддӣ сар карда, то тоҷирону сарватмандон шомил буданд.”
Филми мустанади ТВ дар бораи "Шайх"
Телевизиони давлатии Тоҷикистон шоми 4 феврал эълон дод, ки шоми ҷумъа аз зиндагии “Шайх Темур” филми мустанадеро бо номи "Ривояти "Шайх Темур" пахш хоҳад кард. Дар ин эълони кӯтоҳ гуфта мешуд, ки “Шайх Темур” бо истифода аз боварии сокинон ба дин онҳоро дар ҳолати гумроҳӣ нигоҳ медоштааст. Ин нафар ҳатто духтарони ҷавони сокинонро бо тарсе, ки дуо бад мекунад, ба занӣ мегирифтааст.
Дар навори кӯтоҳи телевизиони давлатӣ сӯҳбати волидайни ҳамсарони "Шайх Темур" нишон дода шуд, ки шарҳ доданд, аз тарси “дуои бад” розӣ шудаанд, то духтарашонро ба ин “Шайх” бидиҳанд. Ҳамчунин, лаҳзаҳое нишон дода мешуд, ки ин “Шайх” бо мошини қимматбаҳо аз миёни сокинон мегузарад ва сокинон мошини ӯро мебӯсанд. Лаҳзаҳои дигар ҳам нишон медод, ки сокинон дасти ӯро мебусанд ва пуштнокӣ аз хона берун мешаванд.
Ин видеоро инҷо тамошо кунед (барои сифати сабт узр мехоҳем):
Мақомоти қудратии Тоҷикистон ҳар сол даҳҳо рӯҳониро бо иттиҳомоти гуногун, асосан бо ҷурми бадрафториҳои ҷинсӣ ваё таълими ғайриқонунии улуми динӣ, боздошт мекунанд, аммо ин бори аввал аст, ки як рӯҳонӣ аз тариқи телевизиони давлатӣ ба даъвои паёмбарӣ кардан муттаҳам мешавад.
Ҳанӯз маълум нест, ки даъвои паёмбарӣ кардани ӯ то куҷо воқеъият дорад. Дар мавридҳои қаблии боздошти ин ё он рӯҳонӣ бо иттиҳоми бадрафториҳои ҷинсӣ ва нашри наворҳои шаҳвонӣ бо ширкати рӯҳониён мунтақидони давлат ин ҳамаро ҷузъе аз маъракаи тарҳрезишудаи бадном кардани аҳли дин дар чашми ҷомиа меномиданд. Аммо "Шайх Темур” худаш ҳам дар ин навори кӯтоҳи таблиғии телевизиони давлатӣ зоҳир шуда, гуноҳи худро иқрор мекунад.
Бар пояи таълимоти дини Ислом, Ҳазрати Муҳаммад (саллалоҳу алайҳи васаллам) охирин фиристодаи Худо мебошад. Ҳадисе ҳам ҳаст ки мегӯяд, "ло набия баъдӣ", яъне баъди Муҳаммад(с) дигар паёмбар намеояд.
Дар гузаштаҳо низ дар нуқтаҳои гуногуни дунё, аз ҷумла дар нимҷазираи Араб, нимқораи Ҳинду Покистон ва дар Эрон афроде бо даъвои паёмбарӣ зуҳур карда буданд, вале ин даъватҳо аз сӯи мардум зиёд пуштибонӣ пайдо накарданд.