Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Сухангӯи Хадамот: “Кӣ гуфт, ки Вайберу ИМО баста мешавад? Имконашро надорем” САДО


Бино ба гузоришҳо, Хадамоти алоқа – масъули танзими кори соҳаи мухобирот дар Тоҷикистон – қасд дорад, фаъолияти NGN ва мессенҷерҳоро дар кишвар қатъ кунад. Ин паёмрасонҳо, ба мисли Вайберу Вотсап ва Имо, бо ёрии интернет кор карда, солҳои ахир ба роҳи осону муносиби гуфтугӯ миёни сокинони Тоҷикистон табдил ёфтаанд. Бахусус, онҳое ки дар муҳоҷират қарор доранд, барои тамос бо хонаводаҳои худ аз ин барномаҳо зиёд истифода мекунанд.

Дар Тоҷикистон NGN ва Вайберу ИМО дастнорас хоҳад шуд?
лутфан мунтазир бошед

Феълан кор намекунад

0:00 0:04:26 0:00
Линки мустақим

Тоҷикистон аз лиҳози фаннӣ имкони қатъи фаъолияти мессенҷерҳоро надорад. Махзани мессенҷерҳо дар хориҷи Тоҷикистон ҷойгир аст.

Мақомоти Хадамоти алоқаи Тоҷикистон ба таври расмӣ вуҷуди чунин тасмимро рад мекунанд. Аммо баъзе аз масъулони ширкатҳои мухобиротӣ гуфтанд, ки Хадамоти алоқа ин мавзӯъро бо онҳо дар миён гузошт ва ширкатҳо ваъда доданд, сари масъала андеша хоҳанд кард. Ширкатҳои мобилӣ ҳарчанд хусусӣ ва ғайридавлатӣ ҳастанд, фаъолияти худро бояд бо Хадамоти алоқа ҳамоҳанг кунанд.

Аввал NGN, баъд Вотсапу Имо?

Бег Сабурӣ, раиси Хадамоти алоқаи Тоҷикистон бо раиси ҷумҳур Эмомалӣ Раҳмон
Бег Сабурӣ, раиси Хадамоти алоқаи Тоҷикистон бо раиси ҷумҳур Эмомалӣ Раҳмон

Масдуд шудани иртиботи телефонии интернетӣ, пеш аз ҳама ба муоширати як миллион муҳоҷири тоҷик аз хориҷа таъсиргузор мешавад, ки бо технологияҳои навини иртиботӣ бо хешовандонашон дар Тоҷикистон тамос мегиранд. Рӯзи 11-уми декабр вебсайти Азия-Плюс бо такя ба ҷузъиёти ҷаласаи мақомоти Хадамоти алоқа бо ширкатҳои мобилӣ дар таърихи 27-уми ноябр навишт, тасмими аввалия марбут ба системаи телефонҳои мавсум ба NGN мешавад, ки барои харидани шумораи телефони он ва истифодаи он як миқдор маблағ ҷамъ мешавад.

"Аз лиҳози фаннӣ имконнопазир аст"

Вале Алихон Бекназаров, сухангӯи Хадамоти алоқа, рӯзи 12-уми декабр дар сӯҳбати телефонӣ бо Радиои Озодӣ гуфт, “ин хабарҳо ҳақиқат надорад”. Бекназаров дар бораи дастури баста шудани NGN чизе нагуфт, аммо таъкид кард, дастури масдуд шудани кори мессенҷерҳо дар Тоҷикистон ҳақиқат надорад.

Ӯ гуфт, “ин хабар ба он далел бепоя аст, ки Тоҷикистон аз лиҳози фаннӣ имкони қатъи фаъолияти мессенҷерҳоро надорад. Махзани мессенҷерҳо дар хориҷи Тоҷикистон воқеъ аст. Ҳеч ширкат дар кишвари мо имкони маҳрум сохтани сокинон аз истифодаи хадамоти ин навъи алоқаро дар ихтиёр надорад.”

"Ба мо гуфтанд, ҳоло баррасӣ дорем"

Вале масъулини ширкатҳои мухобиротӣ мегӯянд, воқеан, ҳам мақомоти алоқаи Тоҷикистон ба онҳо гуфтанд, ки “бо андешаҳои амниятӣ” бояд дар фикри масдуд кардани барномаҳои интернетии телефонӣ бошанд. Беҳзод Файзуллоев, раиси ширкати “Бабилон”, рӯзи 12-уми декабр дар як сӯҳбати кӯтоҳи телефонӣ бо Радиои Озодӣ гуфт, воқеан, дар як ҷаласаи Хадамоти алоқаи Тоҷикистон бо ширкатҳои мобилӣ ба онҳо дастур шуд, ба хотири "таъмини амният дар Тоҷикистон" роҳҳои қатъи дастрасии сокинон ба ин навъи алоқаро баррасӣ намоянд. Файзуллоев афзуд, ҳоло машғули баррасии ин супориш ҳастанд.

“Мутахассисони мо роҳҳои ҳалли ин дастурро баррасӣ мекунанд. Аммо бояд иқрор шавам, ки аз лиҳози фаннӣ иҷрои ин дастур то ҷое ғайримумкин аст. Ба ҳар сурат, мо талош мекунем роҳҳои ин мушкилро пайдо кунем”, - афзуд ӯ.

Тасмими ғайриқонунӣ?

Дар ҳамин ҳол, навъи алоқаи мессенҷерӣ ва NGN дар Тоҷикистон муштарии зиёде дорад ва теъдоди онҳо беш аз як миллион нафар арзёбӣ мешавад. Бештаре аз ин афрод муҳоҷирони меҳнатии тоҷик дар Русия ва кишварҳои дигари хориҷӣ мебошанд. Ширкатҳои мобилӣ, назири Babilon-T, Tcell (Чӣ гап), Beeline (Salom), Estera ва Intercom машғули ироаи хадамоти алоқаи NGN дар Тоҷикистон мебошанд.

Рустам Гулов
Рустам Гулов

Ба эътиқоди соҳибназарон сабаби иқдоми мақомоти тоҷик барои қатъ ё маҳдуд кардани истифодаи мессенҷерҳо метавонад чанд сабаб дошта бошад. Ба гуфтаи Рустам Гулов, таҳлилгари тоҷик, нахуст мақомот аз паҳншавии ақидаҳои ифротгароӣ дар миёни ҷавонон нигарон ҳастанд ва бар ин назаранд, ки ин ҷавонон маъмулан аз тариқи хадамоти иртиботии мессенҷерҳо бо ақидаҳои “зарарнок” ошно мешаванд. Ӯ дар ин бора гуфт, “нахуст бояд бигӯям, ки тасмими қатъи дастрасӣ ба мессенҷерҳо як амали комилан ғайриқонунӣ аст ва гузашта аз ин имкони иҷрои фаннии ин амр ғайримумкин мебошад. Сабаби дувум метавонад ҷанбаи иқтисодӣ дошта бошад. Зеро Хадамоти алоқаи Тоҷикистон аз истифодаи хадамоти алоқаи байналмилалӣ маблағи камеро соҳиб мешавад ва акнун мехоҳад дар бозори алоқаи кишвар ҳукмфармо шавад.”

Зарба ба кисаи мардум ва ширкатҳо?

Рустам Гулов афзуд, агар чунин тасмим мавриди иҷро қарор бигирад, пас, ин зарбаи ҷиддии иқтисодӣ ба ҷайби сокинони кишвар ва даромади ширкатҳои мобилӣ мешавад. Мардум аз истифодаи иртиботи нисбатан арзони байналмилалӣ, ки тавассути шабакаи ҷаҳонии Интернет имконпазир аст, маҳрум мешаванд. Ширкатҳои мобилӣ низ, ки барои муштариёнаш хадамоти арзони интернетӣ фароҳам мекунад, аз фаъолияти худ фоидаи камтаре ба даст меоранд.

Фурӯши симкортҳо дар Тоҷикистон таҳти назорати шадид аст
Фурӯши симкортҳо дар Тоҷикистон таҳти назорати шадид аст

Аз сӯи дигар, соли ҷорӣ дар Тоҷикистон арзиши сӯҳбатҳои телефонӣ бо хориҷа боло бурда шуд ва бархе коршиносон мегӯянд, агар ҳадаф маҳдуд кардани имкони телефонҳои ройгону камарзиш бошад, тасмимҳои маҳдудкунӣ ба кисаи муштариҳо зарба мезанад. Дар ҳамин ҳол як коршиноси арсаи мухобироти Тоҷикистон бо шарти зикр нашудани исмаш ба Радиои Озодӣ гуфт, ҳарчанд иҷрои ин тасмими Хадамоти алоқа феълан ғайриимкон аст, ҳадафи он ислоҳи иштибоҳи қаблии мақомоти кишвар будааст.

Зеро, ба гуфтаи вай, “мақомоти Тоҷикистон бо роҳандозии Махзани ягонаи иртиботии Тоҷикистон ё ба истилоҳ “ЕКС” қарор карданд, ки ҳамаи зангҳо ба хориҷи кишвар тавассути ин марказ анҷом дода шавад. Ширкатҳо водор шуданд барои истифода аз ин маҳзан 60-70 дарсади қимати зангҳоро ба Хадамоти алоқа пардохт кунанд. Дар натиҷа, миқдори зангҳо ба шиддат коҳиш ёфт. Ин амр ба кам шудани фоидаи ширкатҳои мобилӣ ва дар ниҳоят ба коҳиши пардохти андозҳо ба буҷети Тоҷикистон мунҷар шуд. Ҳоло мақомот мехоҳанд, аз роҳи манъи мессенҷерҳо ин тасмими иштибоҳии худро ислоҳ кунанд. Аммо арсаи мухобирот дар ҷаҳон ҳамеша дар ҳоли пешрафт аст ва барои содда кардани иртибототи мардум шаклҳои нав эҷод хоҳад шуд”.

Чанд қарори баҳсбарангези Хадамоти алоқаи Тоҷикистон

Хадамоти алоқаи Тоҷикистон моҳи июн ба дари чанд ширкат муҳр зад
Хадамоти алоқаи Тоҷикистон моҳи июн ба дари чанд ширкат муҳр зад

Хадамоти алоқаи Тоҷикистон дар соли ҷорӣ ба чанд иқдоми бесобиқае даст зад, ки нигарониҳоеро ба вуҷуд овард. Моҳи июни соли ҷорӣ фаъолияти почтаи байналмилалии DHL, TNT, UPS ва Pony Express-ро барои муддати номуайян дар ҳудуди кишвар мутаваққиф карда, нақши ширкати “Почтаи тоҷик”-ро боло бурд ва ҳоло масъулияти хатту боркашонии ин ширкатҳоро танҳо як корхонаи воҳиди миллӣ иҷро мекунад.

Баъдан Хадамоти алоқаи Тоҷикистон ба тамоми марказҳои дилерӣ дастур дод, ки фаъолияти нуқтаҳои фурӯши симкортҳоро муваққатан қатъ кунанд ва ин дастур, ки манъи фурӯши симкортҳоро дар назар мегирад, аз 1-уми декабр ба иҷро даромад. Ҳаққи фурӯши симкортҳоро фақат ширкатҳои ҷудогона пайдо карданд. Дар ниҳоят Хадамоти алоқаи Тоҷикистон дар ҳамкорӣ бо Вазорати корҳои дохилӣ ва сохторҳои дигари қудратӣ тасмим гирифтаанд “Маркази ягонаи мутамарказонидашудаи муштариёни операторони алоқаи барқӣ”-ро таъсис диҳанд. Ин марказ дар назди Хадамоти алоқа таъсис меёбад. Дар махзани ягонаи маълумоти ширкатҳои мобилӣ иттилои марбут ба корбарони телефонҳои мобил ва интернет дар Тоҷикистон ҷамъ оварда мешавад.

XS
SM
MD
LG