Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Blockchain – “Инқилоб” дар интиқоли пул аз хориҷа ба Тоҷикистон?


Як ширкати ҳонконгӣ ва Барномаи рушди Созмони Милали Муттаҳид дар Тоҷикистон тарҳеро рӯи даст гирифтаанд, ки ба иддаои онҳо дар бозори интиқоли пул ба Тоҷикистон як "инқилоб"-еро ба по хоҳад кард. Bitspark – ширкати ҳонконгӣ – ва як созмони рушди бозори молия AltFinLab усули комилан нави интиқоли пулро дар Тоҷикистон ба кор меандозанд.

  • Мақомоти Бонки миллии Тоҷикистон мегӯянд, ки аз чунин иқдом хабар надоранд. Ба қавли онҳо, Барномаи рушди СММ ҳақ надорад, бидуни муҷаввизи махсуси Бонки Миллӣ интиқоли пулро дар Тоҷикистон ба роҳ монад.
Ба ҳисоби миёна муҳоҷирони корӣ барои интиқоли 250 доллар 5 доллар “ҳақ” месупурдаанд. Аммо дар сурати ба кор даромадани низоми нав мизони фоизҳо аз як дарсад ҳам камтар хоҳад шуд.

Марина Петрович, як масъули ин тарҳ дар маркази Барномаҳои рушди СММ дар шаҳри Истанбул, рӯзи 9-уми ноябр дар суҳбат бо Радиои Озодӣ гуфт, ин тарҳ cоли ҷорӣ ба миён омад ва иҷрояш аз соли нави 2018 бояд шурӯъ шавад. Ӯ дар шарҳи ин тарҳи нав дар як тамоси телефонӣ гуфт, низоми нави интиқол ба таври мустақим (пул)фиристанда ва (пул)гирандаро тариқи усули нави “Блокчейн” (Blockchain) пайваст мекунад. “Ин тарҳи пилотӣ аст ва бар асоси технологияи Блокчейн кор хоҳад кард”, - гуфт Мариана Петрович.

"Беш аз 20 дарсад гуфтаанд, ки аз ин шароит норизоянд"

Масъулони Барномаи рушди Созмони Милали Муттаҳид пас аз як таҳили вазъи бозори молиявӣ ва муҳим будани интиқоли пули муҳоҷирони корӣ барои шарҳрвандони Тоҷикистон чунин тасмим гирифтаанд. Дар пайи таҳлилу баррасии вазъи бозори молии Тоҷикистон таҳлилгарони Барномаи рушди Созмони Милал барои роҳандозӣ кардани ин усули нави интиқоли пул иқдом кардаанд. Чун, ба гуфтаи ин созмони байналмилалӣ, айни замон низоми интиқоли пул ба Тоҷикистон душворӣ дошта, фоиз ё комиссияи интиқоли пул баланд аст.

Таҳлилгарони Барномаи рушди Созмони Милали Муттаҳид навиштаанд, ба ҳисоби миёна як нафар барои гирифтани пули интиқолшуда дар бонкҳои Тоҷикистон ба ҳисоби миёна 39 дақиқаашро зоеъ мекунад, дар ҳоле ки технологияҳои нав зарурати омадан ба бонкро комилан аз байн мебарад. Беш аз 20 дарсади муштариён гуфтаанд, ки аз ин шароит норизоянд ва хостори беҳтар шудани хадамоти интиқоли пуланд.

Бинобар мушоҳидаи таҳлилгарони ин созмон, айни замон дарсад ё фоизи интиқоли пул тавассути системаҳои роиҷ, ба мисли “Золотая корона”, “Мони Грем” ва дигарон аз 1 то 3 дарсад аст. Ба ҳисоби миёна муҳоҷирони корӣ барои интиқоли 250 доллар 5 доллар “ҳақ” месупурдаанд. Аммо дар сурати ба кор даромадани низоми нав мизони фоизҳо аз як дарсад ҳам камтар хоҳад шуд.

Таҷрибаи Индонезия, Филиппин, Ветнам...

How tajik migrants send their money from Russia to Tajikistan - Graphic
How tajik migrants send their money from Russia to Tajikistan - Graphic

Хонум Петрович мегӯяд, тибқи низоми кунунӣ муҳоҷир ба бонк рафта, мунтазир мешавад ва баъдан наздиконаш ҳам ки аксаран дар куҳистон ба сар мебаранд, пул харҷ карда ба маркази ноҳия ба идораи бонк меоянд. Аммо дар сурати ба кор даромадани низоми нав зарурати ба бонк рафтан аз байн мервад ва пулгирандаву пулинтиқолдиҳанда тавассути телефони ҳушманд метавонанд, ин амалро анҷом диҳанд. Ба гуфтаи масъулони Барномаи рушди Созмони Милал дар Тоҷикистон, ҳарчанд дастрасии мардум ба интернет дар сатҳи 30 дарсад маҳдуд аст, аммо аксарият ба интернети мобилӣ дастрасӣ доранд.

Коршарики ин тарҳи нави Барномаи рушди Созмони Милал ширкати Битспарк аз Ҳонконг аст. Ин ширкат пули интиқолиро тавассути усули нави Блокчейн ба роҳ мондааст, ки вобастаи бонкҳо нест ва пулинтиқолдиҳандаву пулгирро ба ҳам васл мекунад. Битспарк худро нахустин ширкати интиқоли пулӣ дар ҷаҳон бо усули Блокчейн муаррифӣ мекунад ва мегӯяд, пулро тавассути пулҳои электронии Bitcoin (криптовалюта) мефиристад, ки аз ширкатҳои маъмулии интиқоли пул камхарҷтар аст.

Бонки Миллии Тоҷикистон
Бонки Миллии Тоҷикистон

Ин ширкат пули интиқолиро тавассути апликейшн ваё намафзори телефонҳои ҳушманд аллакай дар Индонезия, Филиппин, Ветнам, Покистон, Нигерия ва Гана ба роҳ мондааст.

Бонки Миллӣ: Касе дар ин бора иҷозатнома нагирифтааст

Битспарк умедвор аст, ин низом дар Тоҷикистон низ, ки тақрибан 1 миллион шаҳрвандаш дар хориҷа муҳоҷири корианд, ҷо меафтад. Низоми сохтаи интиқоли пулии ин ширкат хеле мурракаб аст, аммо масъулонаш мегӯянд, барои истифодабарандагон он хеле осон хоҳад буд. Шарти муҳими истифода аз ин низом доштани телефони ҳушманд ва сабти апликейшни ин ширкат бо номи Sendi хоҳад буд. Масъулони ин ширкат мегӯянд, барои гирифтани пул тавассути ин низом зарурати рафтан ба бонк боқӣ намемонад, чунки як дӯкон ва ё мағозаи хурде низ дар куҳистон коршарики онҳо бошад, ки одамон аз он осону роҳат пули интиқолиии наздиконашонро аз хориҷа метавонанд, бигиранд.

Дар ҳоле ки Барномаи рушди СММ ба иҷрои ин тарҳ дар Тоҷикистон шурӯъ кардааст, масъулони Бонки миллии Тоҷикистон мегӯянд, дар ин бора ҳеҷ иттилое надоранд, чун масъулони ин тарҳ онҳоро дар ин бора огоҳ накардаанд. Дар Бонки миллӣ дар суҳбат бо Радиои Озодӣ гуфтанд, “интиқоли пул амалиёти бонкӣ ба шумор меравад ва ягон ташкилот, ширкат ва ё созмоне ҳақ надорад, бидуни гирифтани иҷозатномаи Бонки Миллӣ ба ин кор дар қаламарави кишвар машғул шавад”.

Маълум нест, чаро масъулони Барномаи рушди СММ дар Тоҷикистон ин масъаларо то кунун бо Бонки Миллӣ ҳамоҳанг накардаанд. То замони нашри ин матлаб масъулони Барномаи рушди СММ дар Тоҷикистон барои ҷузъиёти масъала ҳозир нашуданд.

Миллиардҳои муҳоҷирони тоҷик - аз Русия ба Тоҷикистон

Муҳоҷирони кории тоҷик то соли 2014 танҳо аз Русия ба Тоҷикистон наздик ба 4 миллиард доллар мефиристоданд ва даромади аксар хонаводаҳо аз ин ҳисоб буд. Аммо дар пайи буҳрони молӣ дар Русия ва ҳам ихроҷи қариб 300 ҳазор муҳоҷири кории тоҷик аз ин кишвар дар соли 2014 ҳаҷми интиқоли пули муҳоҷирон якбора поин рафт.

Пасттарин нишондоди пули фиристодаи муҳоҷирон ба соли 2016 рост омад. Дар ин сол муҳоҷирон ба Тоҷикистон 1 миллиарду 432 миллион доллари амрикоӣ фиристодаанд, ки ин рақам дар муқоиса ба як соли пеш 14,5 дарсад камтар буд. Имсол бо назардошти афзоиши 18-дарсадӣ, интиқоли пули муҳоҷирони корӣ аз хориҷа дар 9 моҳ ба 1 миллиарду 700 миллион доллар расид.

XS
SM
MD
LG