Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

6 соли зиндон – барои “Like” ва “Класс”-и Фирӯз дар интернет


Дар вилояти Хатлон ҷавони 21-солае барои таблиғи ақидаҳои гурӯҳи мамнӯи "Давлати исломӣ" тавассути шабакаҳои иҷтимоӣ ва интернет ба зиндон маҳкум шуд. Фирӯз Абдулазизов, сокини ҷамоати Ваҳдати ноҳияи Вахшро ҳафтаи гузашта бар асоси моддаи 307, қисми дуи Кодекси ҷиноии Тоҷикистон, яъне "даъвати оммавӣ барои фаъолияти экстремистӣ" шаш сол аз озодӣ маҳрум карданд. Фирӯз Абдулазизов рӯзи 15-уми август замони бозгашт аз Маскав боздошт шуд.

Ҳатто дар сурате, ки шахс зери паёмҳо шарҳ нанавишта, танҳо тугмаи "Класс" ё "Like"-ро ба нишони ризоият ё пуштибонӣ аз ин андеша пахш кунад, ин ба маънои ҳамфикрии ӯ бо ақидаи хатарнок арзёбӣ мешавад.

Як масъули Додгоҳи вилояти Хатлон рӯзи 22-юми ноябр ба Радиои Озодӣ гуфт, ки "айбдории Абдулазизов собит шуд, вале ҳукм ҳанӯз ба иҷро надаромадааст." Ӯ гуфт, наздикони Фирӯз то як ҳафтаи дигар фурсат доранд, ки барои бозбинии ҳукм ба зинаҳои болоии додгоҳ муроҷиат кунанд.

Ба қавли ин масъули додгоҳ, гуноҳи Абдулазизов пахши аксу навор ва "лайк"-гузорӣ зери матолиби дорои хусусияти экстремистӣ дар шабакаҳои иҷтимоӣ будааст. "Фирӯз Абдулазизов замони дар Маскав буданаш дар саҳифаи худ дар шабакаи иҷтимоии “Одноклассники” акси парчами ДИИШ-ро нашр карда, мухотабони худро ба пуштибонӣ аз ақидаҳои ин созмони мамнӯъ даъват кардааст", - афзуд мусоҳиби мо.

Бинои Додгоҳи вилояти Хатлон
Бинои Додгоҳи вилояти Хатлон

Нусратулло Мирзоев, вакили Фирӯз Абдулазизов, дар суҳбат бо Радиои Озодӣ гуфт, ки нафари таҳти ҳимояташ дар мурофиа бо иттиҳоми додгоҳ мувофиқат кардааст: "Худаш иқрор шуд. Аз аввали мурофиа ҳамин чизро тасдиқ кард. Аксҳои буридани сарро низ дар саҳифааш гузошта, аз ин кор ҷонибдорӣ кардааст."

Дар хулосаи Маркази исломшиносии Тоҷикистон аз моҳи сентябри имсол ба гурӯҳи “Давлати исломӣ” мансуб будани матнҳо, даъвати оммавӣ барои анҷоми фаъолияти экстремистӣ, барангехтани кинаву адовати динӣ ва нажодӣ доштани ин матолиб зикр шудааст.

Шабакаҳои иҷтимоӣ - далели шайъӣ дар додгоҳ

Баъзе аз гурӯҳҳои ҳуқуқи башар муҷозот барои шарҳнависӣ дар шабакаҳоро ғайри қобили қабул ва хилоф бо озодиҳои шаҳрвандӣ меноманд,

Мақомоти интизомӣ дар ҷануби Тоҷикистон мегӯянд, даҳҳо парвандаи ҷиноии афроди муттаҳам ба фаъолиятҳои экстремистию террористӣ дар моҳҳои охир бар асоси навиштаҷот, шарҳ ё пахши тугмачаҳои вижаи пуштибонӣ аз фикру ақидаҳои ифротӣ дар шабакаҳои иҷтимоӣ боз шудаанд. Масъулини додгоҳи Хатлон мегӯянд, омори дақиқи онҳое, ки маҳз тариқи шабакаҳои иҷтимоӣ ба ҳизбу ҳаракатҳои мамнӯи террористӣ пайвастаанд, дар ихтиёр нест, вале аз кулли парвандаҳое, ки ба баррасӣ ворид мешавад, тахминан 90 дар садашон бар асоси фаъолияти шахс дар интернет ва шабакаҳои иҷтимоӣ боз шудаанд.

Тобистони соли ҷорӣ порлумони Тоҷикистон ба қонун “Дар бораи фаъолияти оперативию ҷустуҷӯӣ” тағйирот ворид кард ва ба ходимони сохторҳои интизомӣ иҷозат дод, ки дар ҷараёни тафтиш матолиби нашркардаи шахс дар интернет ва шабакаҳои иҷтимоиро ҳам ҳамчун далел ба эътибор гиранд. Ин мавзӯъ дар матбуоти маҳаллӣ баҳс эҷод кард, вале мақомот гуфтанд, ки ҳамарӯза се миллион корбари интернет дар Тоҷикистон тавассути шабакаҳои иҷтимоӣ ё паёмҳои телефонӣ ҳазорҳо паёми хатарноки мазмуни экстремистидошта дарёфт мекунанд.

Ҳатто дар сурате, ки шахс зери паёмҳо шарҳ нанавишта, танҳо тугмаи "Класс" ё "Like"-ро ба нишони ризоият ё пуштибонӣ аз ин андеша пахш кунад, ин ба маънои ҳамфикрии ӯ бо ақидаи хатарнок арзёбӣ мешавад.

Даҳҳо хонавода дар Тоҷикистон мегӯянд, ки фарзандонашон аз муҳоҷират дар Русия ба майдонҳои ҷанг рафтаанд
Даҳҳо хонавода дар Тоҷикистон мегӯянд, ки фарзандонашон аз муҳоҷират дар Русия ба майдонҳои ҷанг рафтаанд

Бархе қонунгузорон ва муаллифони ташдиди назорат аз интернет мегӯянд, ки назорати ходимони полис аз навиштаҷоти корбарони шабакаҳои иҷтимоӣ интихобан сурат мегирад ва дар сурати аз ҳад зиёд тундраву фаъол будани андешаҳои шахс ӯ метавонад ба ҷавобгарии ҷиноӣ кашида шавад.

Дар ҳоле ки бархе гурӯҳҳои ҳуқуқи башар муҷозот барои шарҳнависӣ дар шабакаҳоро ғайри қобили қабул ва хилоф бо озодиҳои шаҳрвандӣ меноманд, мақомот мегӯянд, дар сурати адами ҷилавгирӣ аз пахши ин мазмун навиштаҷот дар олами маҷозӣ шахс метавонад даст ба амал занад.

Далели онҳо ҳам ин аст, ки танҳо ба сафи ДИИШ дар чаҳор соли ахир аз Тоҷикистон беш аз 1100 шаҳрванди Тоҷикистон пайвастанд ва аксари онҳо дар бораи ин ташаккули мамнӯъ ва хушунатзо тавассути интернет огаҳ шудаанд.

XS
SM
MD
LG