Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Вазорати дифои Русия гуфт, дар як шаб 36 дронро аз байн бурд


Белгород, Русия. Моҳи майи соли 2024
Белгород, Русия. Моҳи майи соли 2024

Вазорати дифои Русия хабар дод, ки шаби 29 ба 30-юми июн дар шаш минтақаи ин кишвар 36 ҳавопаймои бесарнишинро сарнагун кардаанд.

Ба иттилои манбаъ, нерӯҳои дифои ҳавоии Русия дар Курск 15, дар Липетск 9, дар Воронеж ва Брянск 8 ва дар вилоятҳои Орёл ва Белгород 4 ҳавопаймои бидуни сарнишинро заданд.

Раиси вилояти Курск Алексей Смирнов гуфт, ҳавопаймоҳои бесарнишин деҳаи Гнилоеро дар ноҳияи Тимский нишон гирифта буданд. Ба иттилои ӯ, ба сабаби афтодани боқимондаи дронҳо чанд бому тиреза осеб дид.

Вячеслав Гладков, раиси вилояти Белгород, иддао дорад, ки ду ҳавопаймои бесарнишини “камикадзе” ба як бинои баландошёна дар шаҳри Грайворон ҳамла кардаанд.

Волии Липетск Игор Артамонов хабар дод, ки дар ин минтақаи саноатии Русия касе осеб надид. Раҳбарони Брянск ва Воронеж низ гуфтаанд, ки талафот ва вайронӣ сабт нашуд.

Он минтақаҳои Русия, ки дар наздикии марз бо Украина ҳастанд, ҳар рӯз мавриди тирандозӣ ва ҳамлаи ҳавопаймоҳои бесарнишин қарор мегиранд. Маскав чун ҳамеша нерӯҳои мусаллаҳи Украинаро гунаҳкор медонад. Фармондеҳии Украина дар бораи ҳамла изҳори назар накардааст.

XS
SM
MD
LG