Панҷараи қабристони масеҳиёни Фархор аз ҷониби афроди номаълум шикаста ва рабуда шудааст. Калонтарин қабристони масеҳиён дар минтақаи Кӯлоб дар ноҳияи Фархор ҷойгир буда, беш аз 3000 қабр дорад ва гирду атрофи он бо панҷараи фулузӣ ва салибҳои хоси ин мазҳаб оро ёфта буд. Аммо ахиран афроди ношинос панҷара ва салибҳои фулузии рӯи гӯрҳоро дуздида, ба бовари мардуми маҳаллӣ, онҳоро ё ба онҳанпора табдил додаанд ва ё дар сохтмон истифода кардаанд.
Оромгоҳи масеҳиҳо дар паҳлӯи гӯристони мусалмонҳо ҷойгир буда, нигаҳбон надорад. Аз ҳазорҳо нафар русу рустабор, ки дар замони Шӯравӣ дар Фархор ба сар мебурданд, имрӯз, бино ба ҳисобҳо, ҳамагӣ панҷ нафар боқӣ мондааст, ки онҳо ҳам аксар солхӯрдаанд. Валентина Набиеваи 55-сола яке аз онҳост, ки хабари дуздии панҷараҳои гӯрҳоро ба Озодӣ нақл кард. Ӯ гуфт, ки дуздии маҳсулоти фулузии қабристон ҳанӯз ду соли пеш оғоз шуда, бо боло рафтани қиммати арматура дуздӣ дар оромгоҳи масеҳиён низ бештар шуд. Ин зан аз он изҳори ҳайрат мекунад, ки чӣ тавр баъзе одамҳо метавонанд хонаи худро аз оҳани гӯр бунёд кунанад, бо вуҷуди он ки медонанд, инҳо моли гӯристони масеҳиён ҳастанд? Хонум Набиева рӯзи 5 январ ба Озодӣ гуфт: «Ин кори харобкориро ҳеҷвақт қамбағал намекунад. Ҳолате шуд, ки худамон бо ду чашми сар дидем, ки нафарони бой барои оҳан шуда, омада аз қабристон панҷараҳоро канда бурданд. Зеро онҳо арматураҳои замони СССР буда, хеле боқувватанд ва пайдо кардани онҳо дар бозор кори мушкил аст.»
Ба гуфтаи ин хонуми рустабор, ҳоло дар бозор як метр арматураи чинӣ аз 4 то 6 сомонӣ арзиш дорад, аммо нархи як кило оҳанпора аз як то ду сомонӣ муқаррар шудааст.
Намояндагони ҷамъияти русҳо дар Фархор, ки ҳамагӣ 5 узв дорад, нашъамандонро харобкорони аслии гӯристони масеҳиён медонанд.
Дар ҳамин ҳол, пулиси ноҳияи Фархор ғорат шудани гӯристони масеҳиёнро рад мекунад. Як масъули шӯъбаи корҳои дохилаи ноҳияи Фархор гуфт, то кунун ҳеҷ шикояти расмӣ аз ҷамъияти рустаборон нагирифтаанд.
Аммо Раъно Раҳимзода, раиси ноҳияи Фархор дар як вохӯрӣ аз мардум даъват кардааст, то аз харобкорӣ дар қабристони масеҳиён даст бардоранд.
Панҷ фаъоли ҷамъияти рустаборон дар Фархор бо иншои як нома ба раиси ноҳия хабар додаанд, ки даъвати ӯ барои даст кашидан аз харобкорӣ дар қабристони масеҳиён таъсир надоштааст ва дуздии оҳанҳои он ҳанӯз ҳам идома дорад.
Лиза Тиглова, як рустабори 62-сола дар сӯҳбат бо Радиои Озодӣ нақл кард, ки салибҳои болои гӯри фарзандашро тоб додаанд, аммо канда натавонистаанд. Хонуми Лиза мегӯяд: «Раиси ноҳияи Фархор дар иди Қурбон дар масҷид аз сокинон даъват кард, ки пеши роҳи ин амалро гиранд ва арматураҳои қабрҳои русҳоро канда набаранд, аммо ин ҳолат бартараф нашуд. Ҳоло кандани ин арматураҳо бештар дида мешавад. Арматураҳое, ки мо дар болои қабрҳо насб кардаем, хело боқувватанд, ҳатто баъзеи онро канда натавонистанд ва монанди спирал тоб дода, партофта рафтанд. Мо низ ҳайронем, ки ин ҳолат кай бартараф мешавад?»
Қабл аз ҷанги шаҳрвандӣ дар ноҳияи Фархор ба ғайри аз мардуми бумӣ ду ҷамъияти бузурги рустаборон ва кореягиҳо. Ҳам ба сар мебурданд. Сокинони рустабор бештар мансабҳои давлатиро дар даст дошта, аммо кореягиҳо дар марзи Тоҷикистон бо Афғонистон шолӣ мекориданд ва ҳосили хубе низ ба даст оварда, минтақаи Кӯлобро аз биринҷ таъмин мекарданд. Вале баъди сар задани ҷанги шаҳрвандӣ онҳо Тоҷикистонро тарк гуфтанд ва баъди он оромгоҳи мардуми рустабор дар ин минтақа бенигоҳубин монд.
Қабристони масеҳиён дар Фархор бузургтарин қабристони ғайриисломӣ дар минтақаи Кӯлоб дониста мешавад ки акнун рӯ ба нобудӣ овардааст.
Ноҳияи Фархор дар ҷануби Тоҷикистон ҷойгир буда, аз пойтахт, шаҳри Душанбе дар масофаи 200 километр дурӣ қарор дорад. Ин ноҳия беш аз 150 ҳазор аҳолӣ дорад.