Мақомоти интизомӣ бар асоси банди "таҳқири мурдагон ва гӯри онҳо" парвандаи ҷиноӣ боз кардаанд.
Абдумуталиб Назаров, имом-хатиби масҷиди "Наддофон"-и ҷамоати Ёва ва гӯрбони "Ҷаннат-ул-бақия" мегӯяд, баркандани санги болои қабр ва тахриб кардани болопӯшу панҷараҳои атрофи он ҳодисаи нахустин дар ин минтақа аст. Ӯ дар сӯҳбат бо мо изофа кард, "субҳ ба хабаргирии гӯристон омадам, ки сангу сағонаҳои сари 16 гӯрро шикаставу ғалтондаанд. Ба соҳибони гӯр ва коргарони интизомӣ хабар додем. Ин ҳодисаи нангин дар маҳалла аст. Ҳар кас, ки ин кори бадро карда бошад, барои ихтилоф андохтан байни ҷамоат кардааст. Аз соли 1993, ки ин гӯристонро сохтем, як хасаш беҷо нашуда буд."
Субҳи 24-уми май, ки аз гӯристони "Ҷаннат-ул-бақия" боздид кардем, он бо гӯрҳои шикаставу харобаш як манзараи ғамангезеро пеши назар меовард. Абдуқодир Ашӯров, ҷавоне, ки сари қабри волидонаш дуову фотеҳа мехонд, чунин гуфт: "Дар ҳар ҳафта омада, дуо мехонам. Ин навбат, ду-се рӯз пештар омада, ин ҳоли хароби гӯрҳоро дидам. Шикастани санги болои гӯр ба шаъни инсонҳо намезебад ва бояд мақомот гунаҳкоронро ёфта ҷазо диҳанд."
Иддае аз ҳамсӯҳбатони мо дар ҷамоати Ёваи Бобоҷон Ғафуров аз ин ҳодиса изҳори ташвиш карда, онро кори дасти гурӯҳҳои навпайдои исломӣ донистанд, ки дар масҷидҳову маҳофил санг гузоштан, пӯшонидан ва панҷара гирифтани қабрҳоро қабул надоранд ва бидъат мешуморанд.
Анварҷон Мансуров, майори милиса ва масъули таҳқиқи ин парванда, дар суҳбат ба Радиои Озодӣ гуфт, шӯъбаи умури дохилии ноҳияи Бобоҷон Ғафуров барои муайян ва дастгир кардани касоне, ки гӯрҳоро хароб кардаанд, чораҳои фаврии ҷустуҷӯиву тафтишотӣ хоҳад андешид.
Чанд соли пеш дар баъзе аз мазорҳои Хуҷанду Бобоҷон Ғафуров дуздии дандонҳои тилои мурдагон ба мушоҳида расида буд. Он вақт Идораи умури дохилӣ дар бораи ин ҳодиса аз рӯи банди 243-и Кодекси ҷиноии Тоҷикистон, яъне “таҳқири ҷасади фавткардагон ва гӯри онҳо” парванда боз кард. Ва баъди ҷустуҷӯҳои зиёд билохира гӯрдуздон дастгир ва зиндонӣ шуданд.
Худсарона хароб кардани қабрҳо ва бар илова рабудани моли мурдагон, ба истилоҳ “кафандуздӣ”, дар кишварҳои мусалмонӣ, аз ҷумла Тоҷикистон аз қадим як мавзӯи басо ҳассос маҳсуб меёбад. Рӯҳониёни тоҷик дар мавриди тахриби қабрҳо ба иттифоқи назаранд, ки худсарона шикастану хароб кардани қабрҳо ба чорчӯби одоб ва ахлоқи мусалмонӣ рост намеояд.