Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Узбекистон истеҳсоли мошинҳои барқии "BYD"-ро оғоз кард


Президенти Узбекистон Шавкат Мирзиёев 27 июн дар ҷараёни сафараш ба вилояти Ҷизах бо фаъолияти корхонаи муштараки мошинсозии "BYD Uzbekistan Factory" низ шинос шудааст.

Хадамоти матбуотии президенти Узбекистон хабар додааст, ки дар "BYD Uzbekistan Factory" мошинҳои барқии навъи "Chazor" ва "Song Plus Champion" истеҳсол мешавад.

Вазорати сармоягузорӣ, саноат ва савдои Узбекистон 26 сентябри соли гузашта бо ширкати чинии "BYD" созишномаеро дар бораи истеҳсоли мошинҳои барқӣ ба имзо расонда буд.

Дар доираи марҳилаи аввали лоиҳа истеҳсоли 50 ҳазор мошин дар назар аст ва бо анҷоми марҳилаи дувум ҳаҷми истеҳсол дар як сол ба 200 ҳазор адад расонида хоҳад шуд.

"BYD Uzbekistan Factory" нахустин корхонаи муштараки ширкати чинӣ дар истеҳсоли мошинҳои барқӣ дар хориҷ аз он кишвар хоҳад шуд.

XS
SM
MD
LG