Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Вазирони "дарозумр"-и Тоҷикистон. Сирри дар мансаб мондани онҳо дар чист?


Акси Рамазон Раҳимзода, Шералӣ Мирзо ва Саймуъмин Ятимов
Акси Рамазон Раҳимзода, Шералӣ Мирзо ва Саймуъмин Ятимов

Мансабдорони аршади ҳукуматӣ дар Тоҷикистон ҳамеша аз як курсӣ ба курсии дигар гузаронида мешаванд. Аммо чандин мансабдоре аст, ки бештар аз даҳ сол ҷойи худро ҳифз кардаанд. Чаро бархе вазирон ва сардорони ниҳодҳои давлатӣ дар Тоҷикистон метавонанд солҳои дароз дар як вазифа бимонанд?

Дар миёни ин мансабдорони куҳнакори дастгоҳи давлатӣ Саймумин Ятимови 69-сола дар ҷойи якум қарор дорад. Ӯ аз соли 2010 дар курсии раиси Кумитаи давлатии амнияти миллӣ аст.

Баъд аз ӯ Рамазон Раҳимзода соли 2012 вазири корҳои дохилии Тоҷикистон таъйин шуд ва 12 сол боз вазифаашро ҳифз кардааст.

Вазири дифоъ, Шералӣ Мирзо, вазири корҳои хориҷӣ Сироҷиддин Муҳриддин ва Қоҳир Расулзода, нахуствазири Тоҷикистон тӯли 11 сол дар вазифаҳои худ кор кардаанд.

Дар ин муддат Тоҷикистон бо чандин душвориҳои иҷтимоӣ-иқтисодӣ рӯ ба рӯ шуд:

  • воқеаҳои солҳои 2012-2014 дар Хоруғ;
  • "ошӯб" -и Абдуҳалим Назарзода, муовини вазири дифоъ дар соли 2015;
  • ошӯби солҳои 2018-2019 дар зиндонҳои Хуҷанд ва Ваҳдат;
  • бемории ҳамагири COVID-19 дар соли 2020;
  • муноқишаи маргбор бо марзбонони Қирғизистон дар солҳои 2021-2022;
  • воқеаҳои соли 2022 дар шаҳри Хоруғ;
  • фишори давомдор бар муҳоҷирони корӣ дар Русия дар солҳои 2022-2023.

Ҳамаи ин воқеаҳо ба навъе боис ба хашм миёни мардум дар дохилу берун шуданд ва бар чеҳраи мақомот ва давлат таъсир гузошт. Аммо, ҳеч яке аз мансабдорони зикршуда аз вазифаи худ сабукдӯш нашуданд ва аз сӯи раиси ҷумҳур интиқод ҳам нашуниданд. Сабаби дарозумрии сиёсии онҳо чист?

"Ҳарчи бештар, тарси бештар"

Алим Шерзамонов
Алим Шерзамонов

Алим Шерзамонов, муовини раиси Паймони миллӣ, ки фаъолияташ дар Тоҷикистон мамнъст, дарозумрии мансабдоронро ба тақвияти истибдод дар кишвар рабт дод.

"Аз соли 1999 то 2010 ҳамаи вазирон метавонистанд вазифаи худро аз даст бидиҳанд. Он замон машрӯият ва маҳбубияти раиси ҷумҳури феълӣ дар сатҳи нисбатан болое буд. Ӯ ба худ эътимод дошт. Бо мурури замон ин машрӯият коҳиш ёфт. Низом иқтидоргаро шуд ва ба ҳамин тартиб боварӣ ба атрофиён кам шуд, вале арзиши дараҷаи аввал дорад,"-- мегӯяд Шерзамонов. Ба гуфтаи вай, таҷрибаи мушобеҳро метавон дар кишварҳои дигари худкома дид, ки раиси ҷумҳурон он ҷо барои муддати тӯлони дар қудратанд ва аз зердастони худ эҳсоси хатар мекунанд.

Дар тӯли даҳ соли охир раиси ҷумҳури Тоҷикистон ҳамеша аз ҷалби мутахассисони ҷавон, аз ҷумла занон ба кори давлат мегӯяд. Мунтақидони раиси ҷумҳурӣ ҳадафи ин иқдомро ба гумоштани аъзои хонаводаи ӯ ба вазифаҳои баланди давлатӣ рабт медиҳанд. Ба ҳар ҳол, тайи 10 соли гузашта ҳеч каси ҷавоне барои 5 курсии вазирӣ пайдо нашуд.

Қасри Миллат дар Душанбе
Қасри Миллат дар Душанбе

"Вафодорони бе қайду шарт"

“Таваҷҷуҳи зиёд ба фишангҳои идорӣ бар зердастон, пойбандии бе қайду шарт ба силсиламаротиб ва ҳамчунин тасмимгириҳои зуд ва беасар аз хусусиятҳои шеваи ҳукмронии истибдодӣ мебошанд. Барои мутобиқ будан ба ин низом, лозим нест ҳирфаӣ бошӣ, балки кофист садоқат ва вафодории бе қайду шарт ба раиси ҷумҳур дошта бошӣ. Намехоҳам ном гирам, вале шахсан роҳбаронеро медонам, ки як умр дар вазифаҳои баланд буданд ва дар тамоми ин муддат боре ҳам “на” нагуфтанд ва ё талош накарданд бигӯянд, ки ин ё он тарҳи ҳукумат оянда ва зарфият надорад. Бино бар ин, вафодории тамомайёр сабаби дарозумрии мансабдорони баландмақом, аз ҷумла роҳбарони бахши қудратӣ мебошад," -- мегӯяд Каримҷон Аҳмадов, муовини пешини вазири иқтисоди Тоҷикистон.

Каримҷон Аҳмадов
Каримҷон Аҳмадов

Ба гуфтаи вай, маҷлиси ҳукумат, ки аз телевизион намоиш дода мешавад, нишонгари набуди баҳс, тавзеҳот ва беибтикорист: “Аммо, мушкили мудирияти истибдодӣ бо ин ба охир намерасад, балки вусъат меёбад. Агар мо ба сатҳи поин нигоҳ мекунем, мебинем, ки садҳо роҳбари мустабид ҳаммаҳаллҳои худро афроди ҳирфаӣ ва вафодор ҳисоб мекунанд. Натиҷааш ин аст, ки Тоҷикистон дар миёни кишварҳои ИДМ фақиртарин ва фосидтарин давлат аст,"-- таъкид мекунад Аҳмадов.

Бо гузашти замон, саҳнаи сиёсии дохилӣ дар Тоҷикистон амалан аз баҳс дар ҳама сатҳҳо холӣ ба назар мерасад. Ворид шудан ба баҳс ва дифоъ аз дидгоҳи худ ва ё назари ҷойгузин имконнопазир аст. Нақли қавлҳо аз раиси ҷумҳур, тавзеҳи суханрониҳо ва паёмҳои вай роиҷ шудааст. Ба назар мерасад, панҷ вазири зикршуда дар ин замина аз ҳама муваффақанд.

Пойбандӣ ба масъулият

Шореҳи сиёсӣ дар Душанбе мегӯяд на танҳо вафодорӣ омили аслии дарозумрии сиёсӣ дар Тоҷикистон аст.

"Вазирони ёдшуда дар хеле аз иқдомҳои пайдову пинҳони солҳои ахир дахиланд. Инҳо роҳбароне ҳастанд, ки аъзои Шӯрои амният ҳам мебошанд. Ниҳоде, ки таҷриба нишон медиҳад, барномаҳоеро барои ҳифзи низоми феълӣ ва коҳиш додани хатарҳо рӯи даст мегирад. Ин барномаҳо аксаран бо нақзи ҳуқуқ ва қонун ҳамроҳ аст. Ба ҳамин далел аст, ки чунин афродро наздик нигоҳ медоранд. Онҳо ё ба оромӣ бознишаста мешаванд ва ё ҳам дар шароити мармуз ҷон медиҳанд ё тамоман аз саҳнаи иттилоотӣ канор мераванд," -- мегӯяд ҳамсуҳбати Радиои Озодӣ.

Бархе аз коршиносон мегӯянд, майли шарикони байнулмилалии кишвар низ дар сарнавишти баъзе аз мансабдорони калидӣ нақши муайян дошта метавонад.

XS
SM
MD
LG