Мақомоти Исфара худкушии Гулҷаҳон Ашӯрова ва Шоҳзодаи Шӯҳратзода – хонандагони мактаб ва литсейи рақами 1 дар ин шаҳрро, ки дар давоми ҳафта ба дунболи якдигар иттифоқ уфтодааст, на ҳалқаи як занҷир, балки ду мавриди алоҳида хонданд.
Абдулафиз Азизов, мудири литсейи рақами 1-и шаҳри Исфара, низ ба Радиои Озодӣ гуфт, Гулҷаҳону Шоҳзода дар мактабҳои гуногун мехонданд ва бо якдигар муносибату дӯстӣ надоштаанд.
“Дар ин бора бо падару модари Гулҷаҳон сӯҳбат кардам. Гуфтанд, духтари онҳо талабаи дигар – Шоҳзодаи Шуҳратзодаро намедонист, бо вай ягон иртибот надошт ва дугона ҳам набуд. Онҳо дар мактабҳои дигар таҳсил мекарданд ва дар синфҳои дигар,”-таъкид кард Азизов.
Худкушии Гулҷаҳон Ашӯрова -- хонандаи синфи нуҳуми литсейи рақами 1-и Исфара рӯзи 28 январ ва худкушии Шоҳзодаи Шӯҳратзода, хонандаи синфи ёздаҳуми мактаби рақами 1 рӯзи 6 феврали соли ҷорӣ иттифоқ уфтодааст. Наздикони Шоҳзода мегӯянд, рӯзи 1 феврал ӯро аз ҳалқаи ресмон халос карда, дар ҳоли беҳушиву беёдӣ ба бемористон бурданд ва ӯ рӯзи 6-ум дар бемористон ба худ наомада, ҷон дод. То ҳол иллатҳои худкушии ин хонандагон, ки яке бо нӯшидани заҳру дигаре бо “ёрӣ”-и ресмон аз дунёи фонӣ рафтааст, маълум нест.
Таҳқиқи ин қазияҳоро додситонии шаҳри Исфара бар дӯш дорад ва як масъулаш ар сӯҳбати кӯтоҳ бо хабарнигори Радиои Озодӣ гуфт, “ҳоло санҷиш тамом нашудааст. Тамом шуд, хулосаашро мегӯем.”
Масъулони Идораи маорифи шаҳри Исфара низ бо баргузории ҷаласаи Шӯрои раёсат ин ҳодисаҳоро муҳокима кардаанд. Қаноатхон Абророва -- муовини мудири маорифи ин шаҳр дар суҳбат бо Радиои Озодӣ гуфт, ҳоло ба таҳқиқи худкушии ин талабаҳо машғуланд: “Ҳама муаллимони ҳардуи ин духтарак мегӯянд, онҳо хислатҳои бисёр хуб доштанд, бо баҳоҳои хубу аъло таҳсил мекарданд. Шоҳзода дар олимпиадаи шаҳрӣ ҳам иштирок кардааст.”
Мусоҳиби мо афзуд, аммо баъд аз марги фарзандонашон ҳолати равонии волидайни Гулҷаҳону Шоҳзода бисёр вазнин аст ва ҳанӯз барои сӯҳбат назди онҳо нарафтаанд. Ба гуфтаи ӯ, бо роҳи худкушӣ аз дунё рафтани ин талабаҳо ҳама муаллимонро андуҳгин карда, онҳо то ҳанӯз ба саволи асосии худ, ки чаро ин шогирдони хуби мактабҳо қасд ба ҷони ҷавонашон кардаанд, посух наёфтаанд.
Сокинони одие, ки бо хонаводаҳои Гулҷаҳон ва Шоҳзода ошноӣ доштаанд, мегӯянд, онҳо хонаводаҳои муътабар буда, падари аввалӣ корманди бонк ва дуюмӣ табиб будааст.
Дилором Мадшоева, мудири мактаби рақами 1, ки он ҷо Шоҳзода Шуҳратзода таҳсил мекард, нахост дар бораи худкушии шогирдаш ҳарфе бигӯяд. Аммо Абдулафиз Азизов, раҳбари литсейи рақами 1-и Исфара дар суҳбати телефонӣ бо Радиои Озодӣ гуфт, вай барои таъзия ба хонаи шогирди ин мактаб - Гулҷаҳон Раҳимова рафта, аз онҳо пурсидааст, агар духтарашон пеш аз худкушӣ аз мактаб ё муаллимони алоҳидаи худ шикояте доштанд, ба ӯ бигӯянд. Азизов афзуд, “бояд падару модарон, муаллимон, ҳамаи ҷомеа, аҳли ҷамоат, маҳалла, ҳамсояҳо, ҳукумат, бояд баробар ҷавоб диҳем. Агар насли ҷавонро тарбият кардан мехоҳем, ҳама баробар тарбият кунем.”
Муҳаррам Раҳимова, равоншинос аз Донишкадаи такмили ихтисоси муаллимон дар Хуҷанд, мегӯяд, дар байни мардуми тоҷик муроҷиат ба равоншиносон дар ҳолатҳои буҳронӣ ба ҳукми одат надаромадааст. Хусусан талабаҳои мактабахон дар рӯҳияе тарбият мешаванд, ки аз ошкор кардани вазъи равонии худ ва ёрӣ хостан ҳатто аз табибон ва муаллимони худ худдорӣ мекунанд. Ба гуфтаи вай, як таҳқиқоти Донишкадаи онҳо муайян кардааст, ки муаллимон аз ҷиҳати боэътимодӣ барои шунидан ва ҳифзи розу дардҳои талабагон дар ҷои шашум қарор доштаанд.
Бо ин ҳол, дар мавриди худкушии ду талаби мактабхон дар Исфара мақомоти ин шаҳр мегӯянд, онро то охир таҳқиқ ва сабабҳои худкушии онҳоро маълум хоҳанд кард. Солҳои охир қасд ба ҷони худ кардани ноболиғону наврасон ва ҷавонон дар кишвар, бахусус минтақаи шимол афзудааст. Бисёриҳо мегӯянд, эҳтимол мушкили хонаводагӣ ва дасткӯтоҳӣ онҳоро ба худкушӣ тела медиҳад.