Додситонии низомии Тоҷикистон ба таҳқиқи қазияи Наҷмиддин Қаюмов – як сарбози Вазорати дифоъ оғоз кард, ки ҳафтаи гузашта бо истифода аз автомати “Калашников” қасд ба ҷони худ намудааст.
Ин сарбози Вазорати дифоъ дар ҳолати вазнин дар Қарияи Боло бистарист ва ба гуфтаи табибон ҳанӯз ба ҳуш наомадааст. Ва ин аст, ки то ҳол омили қасд ба ҷони худ кардани Наҷмиддин Қаюмов норӯшан боқӣ монда, ҳамагӣ интизори ба худ омадану ҳарф задани ӯ нишастаанд.
Фаридун Маҳмадалиев -- сухангӯи Вазорати дифои Тоҷикистон рӯзи 10 феврал дар сӯҳбат бо хабарнигори Радиои Озодӣ гуфт, Додситонии низомӣ якҷоя бо муфаттишони ҳайатҳои ҳарбии Вазорати дифоъ ба тафтиши ҳодисаи кӯшиши худкушии сарбози қисми ҳарбии 17651 шурӯъ кардаанд. Вай афзуд, муфаттишон ҷои ҳодисаро мавриди санҷиш қарор дода, талош доранд, омилҳои аслии қасди худкушии Наҷмиддин Қаюмовро маълум кунанд.
“Бояд маълум карда шавад, ки ӯ автоматро аз куҷо гирифта ва дар чӣ вазъияте ба худ тир холӣ кардааст”,-таъкид кард Фаридун Маҳмадалиев.
Сухангӯи Вазорати дифои Тоҷикистон илова кард, баробари анҷоми марҳилаи тафтишотӣ ниҳоди онҳо изҳороти расмӣ пахш ва қазияро барои омма маълум хоҳад кард. Аммо як манбаи наздик ба Вазорати дифоъ гуфт, шаби 5 феврали соли ҷорӣ Наҷмиддин Қаюмов қуфли дари “Оружейник” ё ҷои нигоҳдории силоҳро кушода, бо автомат худро парондааст.
Дар ҳамин ҳол, созмони “Ампаро” изҳори омодагӣ кард, барои ҳимоят аз ҳуқуқи Наҷмиддин Қаюмов ва наздикони ӯ ба онҳо вакили мудофеъ бидиҳад. Хуршеда Раҳимова, раҳбари ин созмон, гуфт, “аз Наҷмиддин Қаюмов пуштибонии ҳуқуқӣ хоҳем кард.”
Наҷмиддин Қаюмов, ки шаш моҳи пеш ба саффи нерӯҳои мусаллаҳи Тоҷикистон пайваста ва дар қисми ҳарбии 17651-и Вазорати дифоъ хидмат мекард, бо истифода аз автомати “Калашников” қасд ба ҷони худ намудааст. Як манбаъ аз Вазорати дифои Тоҷикистон бидуни бурдани номаш қасди худкушӣ кардани Наҷмиддин Қаюмовро тасдиқ кард ва гуфт, ин ҳодиса рӯзи панҷшанбеи ҳафтаи гузашта рух додааст: “Ибтидо ӯро ба беморхонаи низомии Вазорати дифоъ дар маҳаллаи 46-уми шаҳри Душанбе бурданд. Сипас, рӯзи шанбе ба беморхонаи Қарияи Боло оварда шуд.”
Тавре наздикони Наҷмиддин Қаюмов мегӯянд, аз рух додани ин ҳодиса беш аз як ҳафта гузаштааст ва то имрӯз Наҷмиддин ба худ наомадаву гап зада ҳам наметавонад. Падари Наҷмиддин Қаюмов дар як сӯҳбати телефонӣ бо Радиои Озодӣ гуфт, аз зарби тир даҳони писараш тамоман маҷруҳ шудааст ва онҳо низ мехоҳанд асли қазияро зудтар аз забони худи ӯ бифаҳманд.
Қасди худкушӣ ва марги мармузи сарбозон дар қисмҳои низомии Тоҷикистон ҳодисаи нав нест ва ин ҳодисаҳо дар баъзе маворид расонаӣ мешаванд, вале умудатан пӯшида мемонад.
Моҳи апрели соли гузашта расонаҳо аз марги Акмал Давлатов, сокини ноҳияи Ҳамадонӣ, сарбози нерӯҳои марзбонии Тоҷикистон дар ноҳияи Мастчоҳ хабар доданд, ки гӯиё дар пайи банд мондани нон дар гулӯяш фавтидааст. Мақсуд Носирови 21-сола 27 январи соли 2014 дар қисми низомии 2758, воқеъ дар ноҳияи Спитамен, бар асари латту кӯби куҳнасарбозон ба ҳалокат расид. 4 гунаҳкори ин фоҷиа аз 5 то 7,5 -солӣ ҳукми зиндон гирифтанд.
Аз ҳама ҳодисаи пурсарусадо қазияи Шаҳбол Мирзоев, сарбози нерӯҳои марзбонии Тоҷикистон аст, ки бар асари латту кӯб саломатиашро аз даст дода, то ҳол мавриди ташхису табобати табибон қарор дорад.