Тайи даҳ рӯзи охир ду хонандаи мактаби миёна дар шаҳри Исфара - Гулҷаҳон Раҳимова ва Шоҳзодаи Шӯҳратзода - бо истифода аз гарданбанду нӯшидани заҳр худкушӣ кардаанд.
Як манбаи Радиои Озодӣ дар Исфара гуфт, Раҳимоваю Шӯҳратзода бо ҳам дугона буда, аввалӣ дар синфи нуҳуми литсейи №1 ва дувумӣ дар мактаби №1 таҳсил мекардаанд. Ин ду муассисаи таҳсилотӣ дар маркази шаҳри Исфара ҷойгир буда, аз мактабҳои пешқадам гуфта мешаванд.
Ин хабарро рӯзи 7 феврал дар сӯҳбат бо Радиои Озодӣ мудири маорифи шаҳри Исфара -- Акрамхӯҷа Икромов ҳам тасдиқ кард. Ӯ гуфт, то ҳоло далели худкушии ду муҳассили мактаб ва литсейи рақами як маълум нест. Иқромов афзуд, “ман фақат дар бораи ҳардуи талаба гуфта метавонам. Ҳардуяшон хуб буданду хуб мехонданд. Аз хонаводаи зиёӣ буданд. Мушкиле надоштанд, аммо ин ҳодиса рух додааст”.
Мудири маорифи Исфара дар идома гуфт, онҳо то кунун бо роҳбарони синфу омӯзгорони мактаб ва литсейи рақами як дар бораи худкушии Гулҷаҳону Шоҳзода суҳбат карда, аз оғози ҳафтаи оянда ба суҳбати
волидони онҳо хоҳанд нишаст. Ӯ гуфт, дар ин муддат ҳарчанд аз аҳволи волидони муҳассилон хабардор буданд, вале дар ин рӯзҳои мушкил натавонистанд дар бораи фарзандонашон аз онҳо бипурсанд.
Акрамхӯҷа Икромов афзуд, Гулҷаҳон Раҳимова дар замони таътили зимистона дар Душанбе будааст ва худкушии ӯ ҳамагӣ баъди бозгашт ва пеш аз саршавии таҳсил иттифоқ уфтодааст.
Наздикони ин ду хонандаи мактаби миёна дар Исфара дар мавриди худкушӣ ва ангези чунин рафтори фарзандонашон ба Радиои Озодӣ ҳарфе гуфтан нахостанд. Аммо яке аз шарикдарсони Шоҳзода дар мактаби рақами як, ки худро Мӯниса муаррифӣ кард, дар тамоси телефонӣ бо Радиои Озодӣ гуфт, “онҳо ҳар рӯз баъди дарс бо ҳам вомехӯрданд." Ӯ афзуд, дар тӯли таҳсили якҷоя бо Шоҳзода дар рафтори ӯ ягон ҳолати ғайриодиро надидааст ва аслан намедонад, чӣ ӯро ба худкушӣ водор кардааст.
Талошҳои мо барои суҳбат кардан бо мудири мактаби рақами №1 --
Дилором Мадшоева бенатиҷа буд. Хонум Мадшоева баробари шунидани суоли Радиои Озодӣ дар мавриди худкушии шогирди мактаби зери роҳбариаш гӯшии телефонро гузошт.
Аммо Абдулафиз Азизов -- раҳбари литсейи рақами 1-и Исфара дар тамоси телефонӣ бо Озодӣ аз худкушии шогирдаш изҳори таассуф кард. Ӯ гуфт, "Гулҷаҳон ҳамагӣ чор моҳ боз дар литсейи мо таҳсил мекард. Хеле ботамкин ва хушмуомила буд. Дар рейтинги аввал ҳафт-то баҳои чор ва дар рейтинги дувум ҳамагӣ чор-то баҳои чор дошт. Боқимонда баҳояш аъло буданд. Хоҳарбузурги Гулҷаҳон барандаи стипендияи президентист."
Ҷаноби Азизов афзуд, худкушии ин хонандаи синфи нӯҳум дар рӯзи 28 январи соли ҷорӣ, пеш аз шурӯи дарсҳо, иттифоқ уфтодааст. Вай гуфт, Гулҷаҳон Раҳимова таътилашро дар Душанбе дар манзили бобояш гузаронда, ҳамагӣ як рӯз қабл аз худкушияш ба Исфара рафта будааст. Абдулафиз Азизов илова кард, "то ҳанӯз посухи ин суолро ки чаро Гулҷаҳон худкушӣ кардааст, пайдо накардем."
Дар ҳамин ҳол, равоншинсон мегӯянд, ҳодисаҳои қасд ба ҷони худ кардан маҳз дар синн аз 15−18 зиёд ба чашм мерсад. Юсуф Маюсуфов, донишманди тоҷик, ки дар мавриди омилҳои ба худкушӣ даст задани одамон китобе низ таълиф кардааст, мегӯяд, хонандагони синфҳои болоӣ ба истилоҳ “синни гузариш”−ро бо як зумра эҳсосҳои хоси равонӣ паси сар мекунанд.
“Наврасон дар ин синну сол бисёр орзу мекунанд ва пеши худ мақсадҳои зиёд мегузоранд. Масалан, яке мегуяд вай бояд духтури аз ҳама беҳтарин шавад, дигаре шавҳари аз ҳама хуб доштан мехоҳад. Ҳамин ки чизе ва ё омили садди роҳи амалишавии ин орзуҳои онҳо мешавад, зуд рӯҳафтода шуда қасди худкушӣ мекунанд,”-афзуд равоншинос.
Ҳодисаҳои худкушӣ тайи солҳои охир дар Тоҷикистон ва махсусан шимоли он зуд-зуд рух медиҳанд. Тайи соли гузашта дар кишвар 458 ҳодисаи худкушӣ ба қайд гирифта шудааст.