Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Чаро Мавҷуда раги дастҳои худро дар кабинети судя бурид?


Пайи буридан шудани шоҳраги дасти Мавҷуда Ғоибова
Пайи буридан шудани шоҳраги дасти Мавҷуда Ғоибова

Мавҷуда Ғоибова пас аз эълон шудани ҳалномаи додгоҳ ба нишони эътироз аз хулосаи, ба қавли ӯ, ғайриқонунӣ дар кабинети додрас раги дастонашро бурид ва танҳо мадади пизишкон ӯро аз марг наҷот дод.

Мавҷуда Ғоибова, сокини 30-солаи шаҳри Душанбе, панҷшанбеи 18 декабр ба радиои Озодӣ гуфт, рӯзи ҷумъаи гузашта баъди он ки додраси додгоҳи ноҳияи Сино Сулаймон Қосимов баҳси як манзили сеҳуҷараро ба “фоидаи як хоҳари угайаш ғайриқонунӣ анҷом дод, дар дохили кабинети судя шоҳрагҳои дастони худро ба нишони эътироз чок кард. Вай мегӯяд: “Вақте ки ман аз судя Қосимов пурсидам, ки чаро якҷониба ҳукми худро содир кардед, вай ҳеҷ чиз гуфта натавонист. Аз дастони ман хун мерехт, дард азобам медод, судя ба кабинети дигар рафт ва ёрии таъҷилӣ даъват карданд, маро ба беморхона расонданд.”

Мавҷуда Ғоибова
Мавҷуда Ғоибова

Ба нақли Мавҷуда, ин манзили зистро 16 сол пеш падараш харида, ба номи бародараш сабт кардааст ва ин муддат онҳо дар ин хона зиндагӣ доштанд. Баъд аз марги падараш вай ин манзилро фурӯхт, аммо апааш Зебониссо, ки аз модари дигар мебошад, даъво кард, ки хона ба вай ройгон дода шавад.

Зебониссо Ғоибова, апаи угайи Мавҷуда бо далели он, ки гӯё 16 сол пеш ҳангоми харидани хона ҳамроҳи шавҳараш Мирзонаим Каримов, бо худ шиноснома надоштанд ва хонаро ба номи падараш карда бошанд, ба додгоҳ муроҷиат кардааст.

Ҳангоме мо бо ин парванда ошно шудем, маълум гардид, ки Сулаймон Қосимов, додраси додгоҳи Синои Душанбе бо далели гузаштани мӯҳлати даъво 8-уми апрели соли ҷорӣ ҳалнома содир кардааст, ки ин парванда бе баррасӣ монда шавад. Аммо бо сабабҳои номаълум пас аз 7 моҳи дигар дубора парвандаро баррасӣ ва ҳалнома содир шудааст, ки бояд хона ба Зебониссо Ғоибова дода шавад.

Тибқи қонунгузориҳои Тоҷикистон мӯҳлати даъво барои бозпас гардонидани манзил то се сол эътибор дорад.

Муовини раиси додгоҳи ноҳияи Синои шаҳри Душанбе Сулаймон Қосимов, панҷшанбеи 18-уми декабр дар утоқи корияш дар сӯҳбати бидуни микрофон ба Радиои Озодӣ гуфт, ин баҳс миёни ду хоҳар аст ва ӯ намехоҳад онро шарҳ диҳад. Аммо ба суоли мо, ки “чаро Мавҷуда Ғоибова бо нишони эътироз дар утоқи кории шумо венаҳои дасташро бурид?”- посух дод, ки “Одами солимақл ин корро намекунад. Вай бояд ин хел намекард. Ман чӣ гуфта метавонам? Ҳеҷ чиз. Агар аз ҳалномаи баровардаи ман розӣ набуд, метавонист дубора муроҷиат кунад ё ба суди зинаи болои шикоят барад. Вале ин хел намекард. Ҳарчӣ буд, мо дар доираи қонун дида баромадем.”

Ҳарчанд додрас Сулаймон Қосимов мегӯяд, ҳалнома дар доираи қонун содир шудааст, Мавҷуда Ғоибова иддао дорад, ки чаро додрас дар аввал аризаи даъвогии ӯро бидуни баррасӣ гузошт ва танҳо пас аз 7 моҳ боз дубора чунин ҳалнома содир кард? Танҳо бо гуфтани он, ки гӯё 16 сол пеш апаи ман бо худ шиноснома надоштааст ва хонаро ба номи падарам кардааст оё метавон хонаро ба вай дод? Чаро вақти зинда будани падарам даъво накарданд? Вақти харидани хона, падари ман аз куҷо пайдо шуд, ки бо худаш шиноснома доштаасту апааму шавҳараш барои хонахарӣ рафтанд, вале бе шиноснома?

Мавҷуда мегӯяд, ҳалномаи додгоҳи ба ақли одами солим рост намеояд: “Вақте рӯзи ҷумъаи гузашта Сулаймон Қосимов ҳалномаи ғайриқонунӣ содир кард, дигар тоб оварда натавонистам. Мехостам, худкушӣ кунам. Барои ҳамин рӯзи душанбеи 15-уми декабр бо нишони эътироз рагҳои дастамро бо “лезва” буридам. Аз прокуратура ҳам омада баёнотамро гирифтанд. Ташхиси тиббӣ-судӣ низ карданд.”

Мавҷуда ба ин бовар аст, ки Зебониссо Ғоибова хоҳарбузургаш бо истифода аз “шинос”-ҳояш баҳсро ба фоидаи худ анҷом додааст. Биноан, вай тасмим гирифтааст, бо ҷамъоварии ҳамаи санаду далел ба Додгоҳи шаҳри Душанбе аз болои ҳалномаи суди Сино шикоят барад.

XS
SM
MD
LG