Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Захмӣ шудани як сарбози тоҷик аз тири "Калашников"


​Як сарбози Вазорати дифои Тоҷикистон бо автомати “Калашников” чанд тир ба худ холӣ карда, ҳоло дар Қарияи Болои Душанбе бистарист. Наздиконаш мегӯянд, то худи ӯ ҳарфе нагӯяд, ҷузъиёти қазия барояшон номаълум боқӣ хоҳад монд.

Наҷмиддин Қаюмов, ки шаш моҳи пеш ба саффи нерӯҳои мусаллаҳи Тоҷикистон пайваста ва дар қисми ҳарбии 17651-и Вазорати дифоъ хидмат мекард, бо истифода аз автомати “Калашников” қасд ба ҷони худ намудааст. Наздикони Қаюмов рӯзи 9 феврал дар сӯҳбат бо Радиои Озодӣ гуфтанд, то замоне худи ӯ ба гап надарояд, ин қазия барояшон бештар аз муаммо хоҳад буд. Ба қавли онҳо, вазъи Наҷмиддин Қаюмов вазнин асту табибон талош доранд, то барои зинда мондани ӯ ҳар кори мумкинро бикунанд.

Як манбаъ аз Вазорати дифои Тоҷикистон бидуни бурдани номаш қасди худкушӣ кардани Наҷмиддин Қаюмовро тасдиқ кард. Мусоҳиби мо аз Вазорати дифоъ гуфт, ин ҳодиса рӯзи панҷшанбеи ҳафтаи гузашта рух додааст: “Ибтидо ӯро ба беморхонаи низомии Вазорати дифоъ дар маҳаллаи 46-уми шаҳри Душнабе бурданд. Сипас, рӯзи шанбе ба беморхонаи Қарияи Боло оварда шуд.”

Наҷмиддин Қаюмов сокини кӯчаи Озодии шаҳри Хуҷанд буда, шаш моҳ пеш ба хизмати аскарӣ ба қисми низомии 17651, воқеъ дар паҳлӯи бинои Вазорати дифоъ, оварда шудааст. Як пизишки Қарияи Боло, ки ҳоло аз Наҷмиддин муроқибат мекунад, дар сӯҳбат бо хабарнигори Радиои Озодӣ гуфт, “тири автомати Калашников ба ноҳияи сараш осеб расонда, ӯ бо нафаси сунъӣ хобидааст.”

Вай афзуд, тамоми кӯшишҳо ба харҷ дода мешавад, то сарбоз сиҳат шавад: “Ҳоло Наҷмиддин Қаюмов чашмонашро мекушояд, аммо ҳанӯз гап зада наметавонад.”

Вале сабаби аслии кӯшиши худкушии сарбози Вазорати дифоъ ҳам барои масъулон ва ҳам барои хонаводааш ҳанӯз номаълум аст. Наздиконаш мегӯянд, то замоне Наҷмиддин ба ҳарф задан надарояд, барояшон номаълум хоҳад монд, ки чаро ӯ қасд ба ҷони ҷавонаш кардааст. Тавре ҳамхизматони Наҷмиддин ба наздиконаш гуфтаанд, вай пинҳонӣ автомати “Калашников”-ро гирифта, мили онро зери манаҳаш гузоштаву ба худ тир холӣ кардааст.

Намояндаи Вазорати дифои Тоҷикистон, ки дар даромадгоҳи “корпус”-и 5-и Қарияи Боло меистод гуфт, ҳамаи харҷи табобати Наҷмиддин Қаюмов, шуруъ аз таъмини доруҳо то ҷарроҳиҳо, ба дӯши Вазорати дифоъ аст.

Дилафрӯз Самадова, роҳбари Шӯъбаи ёриҳои ҳуқуқӣ дар Дафтари озодиҳои шаҳрвандӣ, як созмони мустақили Тоҷикистон, ки аз ҷумла ба омӯзиши вазъи сарбозон ва ҳифзи ҳуқуқи онҳо машғул аст, дар шарҳи ин воқеа ба Радиои Озодӣ гуфт:

“Зиёд ё кам будани чунин мавридҳоро дақиқ гуфтан мушкил аст, зеро бисёре аз чунин ҳодисаҳо аз ҷомеа пинҳон мемонанд, то ба ниҳодҳои ҳифзи ҳуқуқ ва қонун намерасанд ё расонаӣ намешаванд. Мо танҳо аз рӯйи муроҷиати падару модарон метавонем, қазоват кунем, ки чунин мавридҳо ҷой доранд. Барои намуна, дар соли 2014 созмони мо 8 парвандаи марг ё осеби ҷисмонии сарбозонро ҳангоми хидмат ба қайд гирифт, ки яке аз онҳо талоши худмаъюбкунии сарбоз буд. Аммо ин парванда чӣ гуна баррасӣ шуд, мо хабар надорем, зеро волидайни сарбоз аз хидмати вакили ҷаъмиятӣ даст кашиданд. Вале парвандаҳои дигарро додситониҳои низомӣ то охир таҳқиқ карданд ва додгоҳ низ нисбати онҳо ҳукм баровард.”

Озодӣ: Вале оё дар чунин мавридҳо кӣ гунаҳкор дониста мешавад?

Дилафрӯз Самадова: “Он ягона парванда, рӯшан нест, то додгоҳ расид ё на, вале мушкили асосӣ дар чунин ҳолатҳо ин аст, ки бо назардошти амалкарди сарбоз волидайн аз даъво даст мекашанд ва ё масъаларо сулҳомез ҳал мекунанд. Бисёре аз онҳо назди мо меоянд, машварати ибтидоии ҳуқуқӣ мегиранд, аммо баъдаш аз хидмати вакилони мо даст мекашанд. Ба ин сабаб фарҷоми парванда барои мо номаълум мемонад. Аммо аз рӯйи қонун дар чунин мавридҳо пеш аз ҳама фармондеҳи қисми ҳарбӣ масъул бояд дониста шавад, зеро ҳаёти сарбоз ва саломатию таъминоти ӯ ба салоҳият ва масъулияти фармондеҳи қисми ҳарбӣ вобастааст.”

Озодӣ: Фазо ва шароит дар нерӯҳои мусаллаҳи Тоҷикистон то куҷо ба гунаест, ки аз чунин рӯйдодҳо пешгирӣ кунад?

Дилафрӯз Самадова: “Ин ҷо ҳам чизи умумие гуфтан душвор аст, зеро мумкин кас ба хато роҳ диҳад. Зеро дар Ҷумҳурии Тоҷикистон қисмҳои ҳарбие ҳастанд, ки дар онҳо вазъ ва фазо бисёр хуб аст. Мо инро дар рафти як тафтиши муштарак бо Вазорати дифои Тоҷикистон дидем. Ба бисёре аз қисмҳои ҳарбӣ рафтем, вазъиятро дидем, бо сарбозон ва афсарон гуфтугӯҳо ва пурсишҳо доштем. Чунин қисмҳои ҳарбӣ воқеан намунавиянд. Аммо қисмҳои ҳарбие низ ҳастанд, ки дар онҳо фазо солим нест, либос ва ғизо намерасад, муносибатҳои ғайриоинномавӣ мавҷуданд. Гузориши умумии мо дар ин бора ба зудӣ нашр хоҳад шуд. Аммо аз рӯйи парвандаҳое, ки дар соли 2014 баррасӣ кардем, шикоятҳо асосан ба қисмҳои ҳарбии нерӯҳои марзбонӣ рабт доштанд.”

XS
SM
MD
LG