Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Русия гуфт, чанд ҷангҷӯи тоҷикро дар марзи Сурия бо Ироқ куштааст


Вазорати дифои Русия эълон кард, ки нирӯҳои ҳавоии ин кишвар дар минтақаи Абу Камол дар марзи Сурия бо Ироқ тақрибан чиҳил ҷангҷӯи гурӯҳи “Давлати исломӣ”, аз ҷумла зодагони Тоҷикистонро куштаанд. Генерал Игор Конашенков, намояндаи расмии Вазорати дифои Русия, рӯзи 7-уми октябр ба расонаҳои кишвараш гуфтааст, ки ин ҳамлаҳо дар пайи ба даст омадани маълумоти дақиқ сурат гирифт.

  • Мақомоти Тоҷикистон гуфтанд, ҳанӯз дар ин замина хабари расмӣ дарёфт накардаанд ва маълум нест, дар ҳамлаҳои нирӯҳои Русия дар Сурия чӣ қадар аз ҷангҷӯёни тоҷик кушта шудаанд.
Дар миёни кушташудаҳо Абу Умар аш-Шишонӣ, Аллоуддин аш-Шишонӣ ва Салоҳуддин аш-Шишонӣ ҳастанд.

Генерал Игор Конашенков мегӯяд, дар рӯзҳои охир дар шаҳри Маёдин ва ҷануби Дайр-уз-Зори Сурия низ 140 ҷангҷӯи ДИИШ, аз ҷумла фармондеҳони ин гурӯҳ ба ҳалокат расиданд. “Дар наздикии шаҳри Маёдин 80 ҷангҷӯ, ки 9 нафарашон аз Қафқози Шимолӣ ҳастанд, нобуд шуданд. Дар ин ноҳия 18 мошини зиреҳпӯши ҷангӣ бо силоҳҳои гулӯлаафкан ва се махфигоҳи аслиҳа тарконда шуд”, - гуфт Канашенков.

Ба ҷуз ин, ба қавли ӯ, ба нерӯҳои ҳавоии Русия муяссар шудааст, ки гурӯҳи 60-нафарии ҷангҷӯёни кирояшудаи хориҷӣ аз кишварҳои ИДМ, Тунис ва Мисрро мавҳ намоянд. Ӯ гуфт, “дар минтақа низ 12 мошини зиреҳпӯш бо аслиҳаи гулӯлаафкан хароб карда шуд.”

Игор Конашенков
Игор Конашенков

Ин намояндаи расмии Вазорати дифои Русия гуфтааст, “дар миёни кушташудаҳо Абу Умар аш-Шишонӣ, Аллоуддин аш-Шишонӣ ва Салоҳуддин аш-Шишонӣ ҳастанд.” Ӯ афзудааст, ки маҳви террористон идома хоҳад кард. Хабари кушта шудани Абу Умар аш-Шишонӣ аз тарафи нирӯҳои Русия дар ҳолест, ки дар оғози моҳи марти имсол Пентагон ё Вазорати дифои Амрико аз ҳалокати ӯ дар минтақаи Хасеке гузориш дода буд.

Қаблан, дар оғози моҳи сентябр низ расонаҳои Русия бо такя ба мақомоти Вазорати дифои Русия аз кушта шудани 40 ҷангҷӯ ва фармондеҳони калидии гурӯҳи “Давлати исломӣ”, аз ҷумла Гулмурод Ҳалимов – сардори пешини ОМОН-и Тоҷикистон – дар минтақаи Дайр-уз-Зори Сурия хабар доданд.

Оҷонсии “Интерфакс” рӯзи 8-уми сентябр навишт, Гулмурод Ҳалимов “аз захмҳои бардоштааш” ба ҳалокат расидааст. Аммо дертар Вазорати дифои Русия дар баёнияи расмӣ гуфт, Гулмурод Ҳалимов шадидан захмӣ шуда, аз ҷойи ҳодиса берун бурда шудааст. Мақомоти Вазорати дифои Русия гуфтанд, ки Ҳалимов ба минтақаи Му Ҳасан, бист километр дуртар аз Дайр-уз-Зор интиқол ёфтааст.

Гулмурод Ҳалимов
Гулмурод Ҳалимов

Тасдиқи чунин иддаои Вазорати дифои Русия аз тарафи манобеи мустақил ғайриимкон аст.

Мақомоти Тоҷикистон мегӯянд, ки дар маҷмуъ беш аз 1100 шаҳрванди кишвар барои иштирок дар ҷангҳои Сурияву Ироқ рафтаанд. Тобистони имсол мақомот ҳалокати беш аз сесад нафари онҳоро таъйид карда буданд. Аммо баъди хабарҳои Русия дар бораи ҳалокати чандин ҷангҷӯи дигари тоҷик омори ниҳоӣ эълон нашудааст.

XS
SM
MD
LG