Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Вазири дифои Узбакистон: "Нигарониҳои амниятии Тоҷикистонро дарк мекунем". ВИДЕО


Дар Душанбе дар ҷаласаи Шӯрои вазирони дифои кишварҳои узви Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил вазири Узбакистон аз таҳдидҳои амниятӣ ба кишвараш изҳори нигаронӣ кард. Дар суханронии генерал-майор Абдусалом Азизов ба зарурати тақвияти марзҳои ҷанубии ИДМ таъкид шуд.

Абдусалом Азизов гуфтааст, ки Узбакистон омода аст дар ҳолати зарурӣ дар таъмини амнияти ин марзҳо саҳмгузор шавад. "Интерфакс" ба нақл аз Азизов менависад, ки "нигарониҳои амниятии президенти Тоҷикистонро дар Узбакистон ҳам дарк мекунанд. Мо ҳам бо Афғонистон марзи муштарак дорем. Ҳар чизе, ки дар Тоҷикистон ва Қирғизистон мегузарад, барои Узбакистон беасар намемонад. Ба ҳамин хотир ҳам ҳамкориву ҳамоҳангии ҷонибҳо хеле муҳим аст".

Абдусалом Азизов, вазири дифои Узбакистон
Абдусалом Азизов, вазири дифои Узбакистон

Бархе нозирон гуфтанд, ки баъди даргузашти президент Ислом Каримов, ҳукумати таҳти раҳбарии Шавкат Мирзиёв бештар талош мекунад, ки ба унвони як шарику ҳамкори комилҳуқуқ худро дар тарҳҳову ҳамоишҳои минтақавӣ намоиш диҳад. Як журналисти узбак гуфт, ҳузур, суханронии ошкоро ва намоиши омодагии Узбакистон барои ҳамкорӣ бо ҳамсояҳову шарикон дар таъмини амнияти минтақа, қадами наве дар сиёсати Тошканд мебошад. Узбакистон аз соли 2001 узви кишварҳои ИДМ аст, вале бахсус дар солҳои охир ҳузури мақомоти ин кишвар, бахусус дар бахши дифову марзбонӣ дар нишастҳо барои матбуот нонамо гузаштааст.

Нишасти вазирони дифои ИДМ дар Душанбе
лутфан мунтазир бошед

Феълан кор намекунад

0:00 0:02:06 0:00

Рӯзи 12-уми октябр вазири дифои Узбакистон дар ҳошияи нишасти сарони вазирони дифои ИДМ дар Душанбе инчунин бо вазирони дифои Русия ва Тоҷикистон - Сергей Шойгу ва Шералӣ Мирзо ҳам дидору гуфтугӯ кард. Дар мулоқоти вазирони Тоҷикистону Узбакистон робитаҳои низомии ду кишвар баррасӣ шудааст.

Фаридун Маҳмадализода, сухангӯи Вазорати дифои Тоҷикистон.
Фаридун Маҳмадализода, сухангӯи Вазорати дифои Тоҷикистон.

Фаридун Маҳмадализода, сухангӯи Вазорати дифои Тоҷикистон, ки дар ин нишаст ҳузур дошт, баъди анҷоми он ба Радиои Озодӣ чунин гуфт: “Дар ин мулоқот гузоштани қадамҳои нахустини ҳамкории ҳарбӣ ва ҳарбию фановарии низомӣ баррасӣ шуд ва вобаста ба вазъи минтақа минбаъд ҳамкориҳо дар бахши мубориза терроризм ва баргузор кардани машқҳои низомии муштарак дар назар дошта шудааст."

Фаридун Маҳмадализода мегӯяд, дар ин мулоқот таъкид шуд, ки фурсати ҳамкориҳои амалӣ дар байни ҳамсояҳои наздиктарин фароҳам омадааст ва дар баробари таҳдидҳои терористӣ аз марзи Афғонистон ба манотиқи сарҳадии ҳарду кишвар, ин ду ҷумҳурӣ бояд ҳамкории наздик барпо кунанд. Зимнан, ба таъкиди Фаридун Маҳмадализода, ин нахустин сафари вазири дифои Узбакистон ба Тоҷикистон дар ду даҳсолаи ахир аст.

Таҳдиди гурӯҳҳои ситазаҷӯву террористӣ, назири Толибон ва гурӯҳи “Давлати исломӣ”, таъмини амнияти марзҳо ва ҳамкориҳо дар самти тавсеаи иртибототи дифоии байни кишварҳои узви ИДМ, аз масоили умдаи мавриди баррасӣ дар ҷаласаи шӯрои вазирони кишварҳои узви ин созмон буд.

Сергей Шойгу, вазири дифои Русия.
Сергей Шойгу, вазири дифои Русия.

Сергей Шойгу, вазири дифои Русия бо назардошти ба таври мудовим тағйир хӯрдани вазъ дар Афғонистон, аз афзоиши таҳдидҳо ба марзи Тоҷикистон ҳамчун сарҳади ҷанубии кишварҳои ИДМ, таъкид кард. Вай гуфт: "Вазъият дар марз бо Афғонистон ҳар лаҳза дар ҳолати тағйирёбист ва ин бесуботӣ хатари ҷиддӣ барои кишварҳои ИДМ мебошад. Ва ин ба он маъноест, ки ба Тоҷикистон ҳамчун кишвари ҳаммарз бо Афғонистон таҳдид вуҷуд дорад."

Вазири дифои Тоҷикистон ба зарурати ташкили машқҳои муштараки нерӯҳо, аз ҷумла дар чаҳорчӯби ҳамкориҳои дуҷонибаи Тоҷикистону Русия ба хотири баланд бардоштани тавонмандиҳои низомии нерӯҳо, таъкид кард. Вай гуфт, ҳадафи ниҳоӣ ҳифзи субот дар минтақа, аз ҷумла марзи Тоҷикистон аст.

"Ман пеш аз ҳама Афғонистон ва боди таҳдидҳоеро, ки аз он сӯи Ому мевазад, дар назар дорам. Ҳоло ҳамкориҳои дуҷониба бо Тоҷикистон аз баргузории машқҳои низомӣ густариш меёбад ва албатта бо назардошти вазъи дар марзи Афғонистон мебошад. Ҳоло сухан дар бораи кӯмаки ҳарбӣ ба Тоҷикистон ва модернсозии нерӯи мусаллаҳи ин кишвар мебошад.

Аз дидгоҳи нозирони ин нишаст – рӯзноманигорони хориҷӣ, ки аз долонҳои “Кохи афсарон” ҷараёни нишастро пайгирӣ мекарданд, таҳдиди афзояндаи ҷангиёни “Давлати исломӣ” (ДИИШ) ва фаъол шудани гурӯҳи Толибону созмонҳои дигар тундрав дар марзҳои Афғонистон як мояи ҷиддии нигаронӣ будааст.

Латофат Саидзода, як коршиноси тоҷик мегӯяд, мавзӯи калидӣ дар ин ҳамоиш, баррасии вазъи ҳарбию сиёсӣ кишвари ҳамсоя Афғонистон буд: "Тавре дар ин нишаст зикр шуд, шумораи зиёди размандаҳои ДИИШ баъди амалиёти эътилофи зиддитерористии Русия, Сурия ва Ироқ ба Афғонистон фирор кардаанд. Ин масъала онҳоро ба ташвиш гузоштааст ва ҳамчунин кишварҳои ИДМ-ро фаъолтар шудани Толибон ва ДИИШ нигарон кардааст."

Дар доираи нишасти вазирони дифои ИДМ як нақшаи ҳамкорӣ миёни вазоратҳои дифои кишварҳои ИДМ барои соли 2018 ба имзо расид ва бо ҳамин нишасти 73-уми Шурои вазирони мудофиаи ИДМ дар Душанбе ба поён расид.

XS
SM
MD
LG