Як падари тоҷик, ки дар нопадид ва ба рӯйхати ҷиҳодиён ворид шудани писари 26-солааш худро муқассир медонад, ҳоло аз ӯ узр пурсида хоҳиши бозгашти фарзандашро дорад. Ин падар мегӯяд, се сол боз дар деҳа ӯ ангуштнамои мардум шудааст ва мақомот пайваста барои дарёфти маълумот дар бораи писараш дари ӯро мекубанд.
Абдумалик Ҳусейнов, сокини 70-солаи деҳаи Узуни ноҳияи Шаҳринав мегӯяд, дар асл писараш се сол пеш нопадид шуд ва дигар ӯ ҳеҷ хабаре
Вақте рафтам, дидам, дар мадраса не, дар як масҷид, ба гуфтаи худаш “илми ислом меомузад”, гуфтам, “ин хел намешавад, биё меравем”. Худам омадам ва ду рӯз пас аз он Ҳасан ҳам ба Тоҷикистон омад
дар бораи ӯ надорад. Вай мегӯяд, дар тамоми ин муддате, ки ӯро ҳамчун “падари ҷиҳодӣ” ангуштнамои мардум кардаанд, писар ҳеҷ гоҳ на телефонӣ ва на аз роҳҳои дигар бо ӯ дар тамос нашудааст.
Абдумалик Ҳусейнов мегӯяд, эҳтимолан баҳси охири ӯ бо писари 26-сола сабаби аз хона рафтани вай шудааст. Даъво сари риши ӯ бархост. Падар мегӯяд, ба хотири амнияти ҷигарбандаш дар як рӯзе се соли пеш аз ӯ хост ришашро тарошад, аммо писар саркашӣ кардаву дар ниҳоят ин баҳс бо рафтани Ҳасан Ҳусейнов аз хона анҷом ёфт. Падар мегӯяд, он вақт аз қаҳр пеши роҳи писари хурдияшро нагирифт:
“Вақте гуфт, ки касе риши маро гирифта наметавонад, қаҳрам омад. Гуфтам, ин хел бошад, ман сояатро дар ин хона набинам. Дигар бо ҳамин ҳеҷ хату хабар нашуд. Ҳатто як бор ҳам телефон накард. Агар аз ман хафа шуда бошад, аққалан ба модараш занг назад”.
Ҳасан дар феҳрасти "зархаридҳо"
Зимнан, исми Ҳусейнов Ҳасан Абдумаликович, соли таваллудаш 1991 вориди «Рӯйхати шахсони дар кофтукоби байналмилалӣ (Интерпол) қарордошта» буда, ӯ барои нақзи моддаи 401, прим. 1, яъне «зархаридӣ» муттаҳам мешавад. Мақомот бовар доранд, ки нопадидшавии ин ҷавон беҳуда нест ва ӯ эҳтимолан ба қаламравҳои таҳти назорати гурӯҳи ифротии «Давлати исломӣ» фирор кардааст.
Мақомот моҳи маи соли 2016 исми ӯро ба рӯйхати афроди мавриди ҷустуҷӯ ворид кардаанд. Падар, ки ба самимияти ҳарфҳояш таъкид мекунад, мегӯяд, писараш таҳсилро баъди хатми синфи 9 идома надод ва барои хизмати аскарӣ ба сафи артиш пайваст. Баъд аз он як муддат барои аз худ кардани дониши динӣ ба Қирғизистон рафт.
Ба нақли Абдумалик Ҳусейнов, вақте ӯ аз ҷои таҳсили писараш, ки ягон мадрасаи расмӣ набудааст, огоҳ шуд, ӯро ба ватан баргардонд. “Вақте рафтам, дидам, дар мадраса не, дар як масҷид, ба гуфтаи худаш “илми ислом меомузад”, гуфтам, “ин хел намешавад, биё меравем”. Худам омадам ва ду рӯз пас аз он Ҳасан ҳам ба Тоҷикистон омад”.
Ин ҳамсӯҳбати мо мегӯяд, писараш риш мегузошт ва аз хурдӣ ба дину мазҳаб таваҷҷӯҳ дошт. Аммо то замони ғайб задан, ба гуфтаи аҳли хонаводааш, аз забони писарашон дар бораи ҷиҳоду Сурия чизе нашунидаанд. Ҳасан Ҳусейнов дар ҳоле аз хона ғайб задааст, ки ба гуфтаи падар ягон ҳуҷҷат, ҳатто шиносномаи дохиливу хориҷиашро бо худ нагирифтааст.
Шиносномаҳояш дар хона монданд
Ин падар мегӯяд, ҳоло барои ҳамин вақте исми ӯро дар рӯйхати ҷиҳодиёни Сурия дид, ҳайрон шуд, ки чӣ тавр ӯ бидуни ягон санад аз кишвар берун рафтааст? Як манбаи Радиои Озодӣ дар сохторҳои ҳифзи қонун гуфт, ки агар падар дар бораи писари худ хабар надошта бошад ҳам, мақомот ӯро ҳамчун як ифротгарои фаъол дар шабакаҳои иҷтимоӣ мешиносанд.
Ин мақом, ки салоҳияти сӯҳбат бо матбуотро надорад, ба шарти ифшо нашудани номаш гуфт, Ҳасан Ҳусейнов тариқи шабакаҳои иҷтимоӣ бо ҷавонони дар Сурия қарордошта тамос дошта ва баъд аз бозгашт аз Қирғизистон бо бархе гуруҳҳои ифротӣ робита доштааст. Мақомоти маҳаллӣ дар ноҳияи Шаҳринав мегӯянд, исми ин ҷавон дар асоси маълумотҳои дарёфтии кормандони ҳифзи ҳуқуқ ба “руихати афроди дар Сурия қарор дошта” ворид шудааст.
Бозпурсии пайвастаи волидони Ҳасан Ҳусейнов ҳам аз суи мақомоти ҳифзи ҳуқуқ барои дарёфти маълумоти бештар будааст. Ба таъкиди мақомот, эҳтимолан барои сафари ӯ ба Сурия писарамакаш сабаб шудааст, ки ҳамроҳ бо ҳамсару фарзадон ба гуруҳи тундрави “Давлати Исломӣ” пайваст.
Деҳаи "осебпазир"
Шаҳобиддин Салимов, раиси ҷамоати Чусти ноҳияи Шаҳринав дар сӯҳбат бо Радиои Озодӣ гуфт, мақомоти ҳифзи ҳуқуқ ду соли пеш дар асоси маълумотҳои дар даст доштаашон ин ҷавонро ба рӯйхати сиёҳ ворид карданд. Вай гуфт “агар ин ҷавон дар Русия ё кишвари дигар мебуд, шояд аз худ хабаре медод ва ё худое накарда дар ҳодисае захмӣ мешуд, ба Тоҷикистон хабар меомад”.
Ҳоло деҳаи Узун дар ҷамоати Чуст як деҳаи осебпазир гуфта мешавад, ки то имруз 10 сокини он ба сафи ДИИШ пайваста ва дар миёни онҳо занону кӯдакон низ ҳастанд. Имомиддин Солиев, имомхатиби ҷамоати деҳаи Чусти ноҳияи Шаҳринав дар суҳбат бо Радиои Озодӣ гуфт, ӯ низ ҳамроҳ бо мақомот ҳамеша бо хонаводаҳое, ки пайвандонашон ба ДИИШ пайвастаанд суҳбатҳо анҷом медиҳанд. Мақомот мегӯянд, аз беш аз 1100 шаҳрванде, ки ба сафи ДИИШ пайвастааст, беш аз 40 нафарашон сокини ноҳияи Шаҳринав мебошанд ва дар миёни онҳо занону кӯдакон низ ҳастанд.