Тими футболбозони то 23-солаи Тоҷикистон (U-23) дар охирин лаҳзаҳои бозии ниҳоии мусобиқоти гурӯҳӣ дар Бозиҳои Осиё дар Кореяи ҷанубӣ тавонист як тӯбро вориди дарвозаи Умон кунад ва ба даври баъдии мусобиқот роҳхат бигирад. Голи ягонаро дар ин сабқат Ҷаҳонгир Эргашев дар дақиқаи 90+4 зад.
Дар бозии дуюми гурӯҳи «С» тими Фаластин, ки баъди ду даври аввал бо 6 имтиёз дар мақоми аввал буд, дар як сабқати барояш дигар беаҳамият аз Сингапур бо натиҷаи 1:2 шикаст хӯрд. Аммо бо ин вуҷуд тими Фаластин бо 6 имтиёз дар мақоми аввал монд. Тоҷикистон низ баъди пирӯзӣ бар Умон соҳиби 6 имтиёз шуд, вале футболбозони тоҷик аз нигоҳи таносуби тӯбҳо аз тими Фаластин ақиб мемонанд ва ҳам рақобати байни ин ду тим низ рӯзи 17 сентябр ба фоидаи фаластиниҳо анҷом ёфта буд.
Сингапур бо вуҷуди пирӯзӣ дар даври сеюм бо 4 имтиёз дар мақоми сеюм монд ва аз ҳаққи идомаи ширкат дар Бозиҳои Осиё маҳрум шуд. Тими Умон, ки дар 3 бозӣ ҳамагӣ 1 имтиёз ба даст овардааст, дар гурӯҳи «С» ҷои охиринро гирифт ва низ ба хона бармегардад.
Баъди анҷоми ҳарсе давр ҷадвали гурӯҳи «С» аз ин қарор шуд:
|
|
Б |
Г |
М |
Б |
Т |
И |
1 |
Фаластин |
3 |
2 |
0 |
1 |
5-3 |
6 |
2 |
Точикистон |
2 |
2 |
0 |
1 |
3-2 |
6 |
3 |
Сингапур |
3 |
1 |
1 |
1 |
5-5 |
1 |
4 |
Умон |
3 |
0 |
1 |
2 |
3-6 |
1 |
Ҷолиб ин аст, ки ду тӯби қаблии тими Тоҷикистонро ҳимоятгар Сиёвуш Асроров задааст.
Дар мусобиқаи футболи Бозиҳои XVII-и осиёӣ, ки то 2 октябр дар Инчони Кореяи Ҷанубӣ баргузор мешавад, 29 дастаи мунтахаби мардона (U-23) ширкат меварзад.
Тибқи регламент ё тартиби Бозиҳои осиёӣ дар мусобиқа футболбозони синнашон то 23-сола (соли таваллудашон 1991 ва аз он хурд) иштирок мекунанд. Инчунин ҳар як даста ҳуқуқ дорад, ки се футболбози синнашон аз 23-сола болоро ба ҳайат ворид намояд. Ин се футболбози бузургсол – дарвозабон АлишерТӯйчиев, нимҳимоятгар Фатҳулло Фатҳуллоев ва ҳамлагар Дилшод Восиев мебошанд.
Бар асоси қуръакашӣ дастаҳо ба 8 гурӯҳ тақсим шудаанд. Панҷ гурӯҳ аз чаҳордастаӣ ва се гурӯҳ аз седастаӣ иборатанд. Аз ҳар гурӯҳ ду дастаи беҳтарин ба 1/8 финал мебарояд. Тоҷикистон акнун дар даври ҳаштякниҳоӣ бо Ироқ - ғолиби гурӯҳи «D» рақобат хоҳад кард.